Парандаи бебол. “Тоҷик-Эйр” мунтазири хусусисозӣ

 

Сарнавишти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз чандин соли пеш муаллақ мондааст ва дар ин муддат се раиси он ба далели “нотавонӣ” дар ислоҳи вазъи буҳронии ин ширкат барканор шуданд, аммо мушкил ҳанӯз боқист. 

Дилшод Исматуллоҳзода, мудири кулли ширкати “Тоҷик-Эйр” соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ширкат бинобар сабаби надоштани ҳавопаймои коршоям, дар соли равон ба мусофирон хадамот ироа накардааст.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар соли ҷории 2022 эълом кард, ки ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик-Эйр” аз тавони пардохти қарзи худ бархӯрдор нест ва дар остонаи варшикаст шудан қарор дорад. Сомонаи “Тоҷ Вик” дар хабаре дар ин бора навишт: Қарзи ин ширкат 40 миллион доллар мебошад, ки 20 миллион доллари он мутааллиқ ба ширкати “Skyroad Leasing” –и кишвари Литва аст. Қарзи ширкати ҳавопаймои тоҷикистонӣ бобати иҷораи 2 ҳавопаймо ва адами пардохти суди он ки дар моҳ ба 149 ҳазор доллар мерасад, акнун 20 миллион долларро ташкил мекунад ва Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ ин мавзуъро таъйид кард.

Коршиносон мегӯянд, ки қарзи 40 миллиондолларии ин ширкат шомили пардохт нашудани маоши кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳаққи истифода аз Фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳо мегардад.

Ҳушдори раисҷумҳур ҳам вазъро тағйир надод

Ба навиштаи сомонаи “Порс тудей”, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 дар суҳбат бо ҳайати ҳукуматӣ аз фаъолияти молии ғайришаффофи ширкати “Тоҷик Эйр” интиқоди тунд кард. Баррасии қимати воқеии санади хариди ҳавопаймои “Боинг 767 -332”, соли истеҳсолаш 1987, ки қаблан дар ихтиёри ширкати амрикоӣ ва сипас нигерияӣ қарор дошт, мавзуи аслии интиқоди раисҷумҳур буд. Ҳамчунин таъхири семоҳа дар пардохти маоши коргарони “Тоҷик Эйр”, қарздорӣ аз ҳаққи истифодаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва напардохтани ҳаққи ширкати сӯхтрасон аз мушкилоти дигари “Тоҷик Эйр” ном бурда мешавад. Ин дар ҳолест, ки пас аз хариди ҳавопаймои "Боинг767 -332" дар соли 2016, баҳси кормандони “Тоҷик Эйр” бо Хайруллоҳ Раҳимов, раиси вақти ширкат рӯ зад. Кормандон дар номаи шикоятӣ гуфтанд, ки ҳавопаймои мазкур пас аз харидорӣ шудан аз кор уфтод ва барои таъмири он 3 миллион доллар харҷ шуд, ки раис барои хориҷ шудан аз буҳрони мавҷуд ва сарфаҷӯӣ, маоши кормандонро мехост кам кунад. Ин боиси нороҳатии онон шуд ва ба раисҷумҳур шикоят бурданд. 

Хайруллоҳ Раҳимов, раиси ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” соли 2018 дар ҷаласаи вакилони Маҷлиси намояндагон ба мушкилоти молии он эътироф карда гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир ин ширкат танҳо се ҳавопаймои солим дар ихтиёр дорад ва мекӯшад, ки дар оянда теъдоде ҳавопаймои нав харидорӣ кунад. Вай сабаби асосии нобасомонӣ дар фаъолияти ин ширкатро гарон будани қимати сӯхт, набуди тахфиф дар хадамоти фурудгоҳӣ ва вуҷуд надоштани рақобати солим дар ироаи хадамоти ҳавоӣ унвон карда буд. 

Дар зимн, соли 2019 Хайруллоҳ Раҳимов аз симати мудири кулли ширкати “Тоҷик-Эйр” барканор шуд ва Дилшод Исматуллоҳзода ӯро дар ин мақом иваз кард. 

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2013 низ хостори ислоҳи вазъи буҳронии “Тоҷик Эйр” шуда буд.

Бенатиҷа будани афви қарзҳо, имтиёзи давлатӣ ва ивазшавии раисони ширкат 

Вазорати молияи Тоҷикистон дар соли 2021 аз эҳтимоли муфлисшавии ширкати давлатии “Тоҷик-Эйр” хабар дода гуфт, ки ин ширкат аз соли 2016 ба ин сӯ болотарин мизони коҳиши даромадро доштааст ва ин нишондиҳанда ба 1118% пойин омадааст. 

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2015 гузашт кард ва 370 ҳазор доллар қарзи ширкатро бахшид. Дар соли 2019 ҳукумат ҳамаи қарзҳои ширкат дар назди Кумитаи андоз ва идораҳои давлатӣ ба мизони 2.6 миллион долларро афв кард. Дар июли соли 2020 боз 2 миллион доллар қарзи “Тоҷик-Эйр” бахшида шуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин афву гузаштҳо вазъи ширкат беҳбуд наёфт ва имрӯз қарзи ширкат ба 40 миллион доллар расидааст. 

Сомонаи “Озодӣ” дар моҳи сентябри соли 2021 тайи гузорише хабар дод, ки аз соли 2015 то кунан роҳҳои мухталифи хориҷ кардани ширкат аз вазъи буҳронӣ рӯи даст гирифта шуд, аммо таҳқиқоти “Озодӣ” нишон дод, ки мудирони ин ширкат яке пайи дигаре бар ивази он ки  “Тоҷик-Эйр”-ро аз буҳрон наҷот диҳанд, талош карданд ширкат барҳам хурад. Се раҳбари ширкат зери интиқодҳои тунд ба далели ноуҳдабароӣ дар ислоҳи вазъ аз кор барканор карда шуданд, зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ ташкил шуд, баъзе ҳам боздошт шуданд, вале ҳеч кадом аз онҳо муҷозоти сахт нашуданд ва акнун тақрибан ҳамаи онҳо бизнесмен ва соҳиби ширкатҳое бо даромади миллионӣ ҳастанд. 

Мушкили №-1 “Тоҷик-Эйр” – тақсим кардан ва рақобати носолим

Бар асоси таҳқиқи радиои “Озодӣ” мушкили аслӣ барои ширкати “Тоҷик-Эйр” пас аз арзи ҳастӣ кардани ширкати хусусии "Сомон-Эйр" дар соли 2008, ихтисоси хатсайрҳои муҳиму пурдаромад ба ин ширкат ва иттифоқоти пас аз он пеш омадааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки “Тоҷик-Эйр” дар он замон тамоми фурудгоҳҳои кишвар, истгоҳҳои сӯхтгирӣ, хадамоти пазироии парвоз, эеронавигатсия ва ширкатҳои фурӯши билетро дар ихтиёр дошт ва аз имкони рақобат бо ширкати хусусии “Сомон-Эйр” бархурдор буд. Қарзи “Тоҷик-Эйр” он замон 1.3 миллион долларро ташкил медод ва аз ҳисоби даромади сохторҳои зертобеи худ метавонист пардохт кунад. 

Ин гузориш меафзояд, аммо баъд аз таъсиси “Сомон-Эйр”ҳукумат дар соли 2008 ширкати “Тоҷик-Эйр”-ро ба 8 сохтори ҷудо тақсим кард. Фурудгоҳи Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қурғонтеппа (Бохтар) мустақил ва мақоми байналмилалӣ касб карданд ва фурудгоҳи Хоруғу минтақаҳои дигар ба мақомоти маҳҳалӣ вогузор шуд. Созмони ҳавопаймоии кишварӣ ва дигар сохторҳо мустқил ва қисман хусусӣ шуданд. Барои мисол, бахши сӯхтрасонӣ комилан монополия шуд, ки дар минтақаи оффшории Британия мавсум ба “Menford Holding LTD” сабти ном шудааст ва хадамоти сӯхти ҳавопаймоии Тоҷикистонро 40 дарсад гаронтар нисбат ба қимати Қирғизистони ҳамсоя анҷом медиҳад.  

Азиз Набизода, муовини раиси Ожонси ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дар соли 2018 дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар шароити кунунӣ рақобат хеле сахт шудааст ва ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ теъдоди зиёде аз мусофирони худро ба далели гаронии қимати билет аз даст додаанд. Зеро сокинони водии Зарафшон бо боз шудани роҳи Узбакистон, акнун аз шаҳри Самарқанд ба Русия парвоз мекунанд, ки қимати он нисфи қимати билети ҳавопаймо дар Душанбе аст. Ҳамчунин сокинони навоҳии ҳаммарзи вилояти Суғд тарҷеҳ медиҳанд, ки аз шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Ботканди кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба Русия парвоз кунанд, ки ба маротиб арзонтар аст. 

Оқои Набизода сабаби гарон шудани қимати билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон дар он замонро нархи сӯхт эълом кард, ки дар Тоҷикистон дар муқоиса бо 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ ду баробар бештар аст. Аз сӯйи дигар, ҳазинаи болои таъмир, муоина ва хадамоти фаннии ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар хориҷ низ муҷиби афзоиши қимати билет шудааст.

Албатта, раҳбарияти “Тоҷик Эйр” барои соли рушди гардишгарӣ барномаҳои хушбинонае дар назар дошт ва мехост бо хариди ҳавопаймоҳои нав ва тахфифи вижа дар бахши сайёҳӣ, гардишгарони зиёдеро муштарии худ созад ва бо дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ қарор додани теъдоде аз иҷозатномаҳои парвозие, ки 70 кишварро фаро мегирад ва танҳо 14 масир аз онро истифода мекунад, ширкатро аз буҳрон бираҳонад. Вале ҳавопаймоҳои куҳна ин имкониятро аз ширкат салб карданд ва баҳси хариди як Бойинги қадимӣ низ боиси мавҷи интиқодҳо ба самти раҳбарияти ширкат шуа буд. 

Сарнавишти “Тоҷик-Эйр” то соли 2023 ҳал мешавад?

Бар асоси нақшаи давлатӣ аз 25 сентябри соли 2018, барномаи хусусисозии ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” барои солҳои 2018 – 2023 тасвиб шудааст ва ҳадаф аз он наҷоти ин ширкат аз буҳрон бар асоси саҳҳомӣ кардани он аст, ки феълан саҳми он сад дарсад дар ихтиёри давлат аст. Теъдоде аз коршиносон ҳам идея медиҳанд, ки ягона роҳи наҷоти “Тоҷик Эйр” хусусӣ кардани он аст. Аммо бархе бар ин назаранд, ки мушкили “Тоҷик Эйр” давлатӣ ё хусусӣ будани он нест, балки мушкил гаронии сӯхт, адами шароити баробари рақобат бо ширкатҳои хориҷӣ, ҳатто дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ҳавопаймоҳои куҳнаву фарсуда ва набуди сармоя барои хариди ҳавопаймоҳои ҷадид аст. Хайруллоҳ Раҳимов, раиси собиқи “Тоҷик-Эйр” дар соли 2018 гуфта буд, ки хароҷоти сӯхт дар санъати ҳавоӣ на бештар аз 28 дарсадро бояд ташкил диҳад, аммо хароҷоти сӯхт барои “Тоҷик Эйр”, бо вуҷуди истифода аз мазиятҳои мавҷуди давлатӣ баробар ба 36 дарсад аст.

Даромади солонаи “Тоҷик-Эйр” дар соли 2018 аз 70 то 80 миллион сомонӣ ($10 миллион) тахмин зада мешуд, ки ба бовари коршиносони санъати ҳавоӣ, барои наҷот аз буҳрон ниёз ба харидории якчанд ҳавпаймои калонҳаҷми ҷадид ҳаст, ки ин на дар тавони буҷаи давлат ва на дар тавони буҷаи ширкат аст. Хулоса, дар бораи сарнавишти “Тоҷик-Эйр” чанд варианти эҳтимолӣ мадди назар аст: ё барҳам дода мешавад ё монополия мешавад ва ё шояд “соҳибкори саховатманд”-е пайдо мешавад, ки саҳмияҳои ширкатро то поёни соли 2023 “хусусӣ” мекунад.