ТАЪРИХИ ТАБАРТАҚСИМ, ТАШКИЛИ ТУРКИСТОН НАСЛКУШИ БАРОИ ТОҶИКОН

Историятопорногоразделение

(Идомаи “Таърихи табартақсим”)

Ҳама гуна баҳс дар бораи он ки мақомоти ҳизбӣ ва давлатии Ҷумҳурии Туркистон, чӣ аз миёни мардуми маҳаллӣ ва чӣ аз миёни русу дигар миллатҳо гӯё дар бораи вуҷуди мардуми қадимии таҳҷоии Осиёи Миёна – тоҷикон иттилоъ надоштанд, бемантиқ асту хандаовар ба назар мерасад. Онҳо наметавонистанд надонанд, ки аз тамоми сокинони Осиёи Миёна тоҷикон мардуми қадимтарин,бофарҳангтарин, дорои фарҳанги чандинасра, заминдории тавсеаёфтаанду шаҳрсозӣ дар Осиёи Миёна аз онҳо бидеҳкор аст. Кофист, ба шавоҳиди яке аз муҳаққиқон рӯ биёрем, ки навиштааст: “...тоҷикон дар ҳоле бунёдкорони қариб тамоми он системаи обёрие буданд, ки водии бузурги Туркистонро ҳаёт мебахшад, аммо вазъи кунунии онҳо, ба сурати умум, парокандагӣ, беҷо кардани онҳо эшонро имкон намедиҳад, ки ҳаёти сиёсии мустақили худро бисозанд”.

Муаллиф комилан мунсифона менигорад, ки “мондагор шудани узбакҳо раванди турксозии ҷамъияти эрониро шитоб дод” ва бо истинод ба И. И. Зарубин меафзояд, “мардуми туркизабону эронитаборе, ки пеш аз кӯчидани ӯзбакҳо аз сӯйи ӯзбакҳову қазоқҳо сарт номида мешуду ҳанӯз ҳам чунин хонда мешавад, ҳаргиз дар ҳич маконе барои худ ҳувияти қавмии вижаеро падид наоварда буд”.

Дар матлаби олими ҷавони мардумшинос Р. Р. Раҳимов ба муносибати 100-солагии донандаи маъруфи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ И. И. Зарубин шумораи дақиқ, сокини кадом шаҳру вилояти минтақа будани тоҷикон то давраи тақсимоти ҳудудӣ ва баъд аз он ироа шудааст. “Ба навиштаи И. И. Зарубин, халқи ӯзбак “дар пеши назари таърих” аз пайвастагии қисмате аз қабоили туркӣ, асосан қазоқҳои маскуни Мовароуннаҳр ба вуҷуд омад. Ӯзбакҳо дар маконҳо ва ҳайатҳои мухталифи гурӯҳҳои туркие, ки пеш аз онҳо дар марҳалаҳои гуногун ба минтақа омада, бо қабилаҳои туркӣ ва эронии маскун омехта шуда буданд, тағйироти бузургеро муттаҳамил шуданд. 

Бо таҳлили шумораи аҳолии шаҳрҳои Осиёи Марказӣ И. И. Зарубин чунин натиҷа ба даст овард: дар соли 1915 дар Самарқанди анъанавии сермиллат натиҷаи нуфусшуморӣ чунин буд: “59 901 тоҷик ва 819 ӯзбак”. Дар соли 1920 ин ҷо тоҷикон 44 578 нафар буданду ӯзбакҳо 3311 нафар. “Коҳиши шумораи тоҷикон дар соли 1920 дар муқоиса бо соли 1915 дар он ташреҳ мешавад, ки гуруснагии солҳои 1917-1918-и Самарқанд шумораи қобили мулоҳизаи тоҷиконро аз байн бурд. Ҳамзамон метавон ҳадс зад, афзоиши шумораи аҳолии ӯзбакзабон аз ҳисоби аҳолии сарти тоҷикзабон ва ғайра ба вуҷуд омадааст”.  

Дар ин масъалае, ки феълан баррасӣ мешавад, мумкин аст, бигӯем, ки ташкили Ҷумҳурии Туркистон ва дар ин ҷо оғози раванди омехтасозии маҷбурии тоҷикон дар зимни нақзи фоҳиши раванди нуфусшуморӣ, пешбарии афроди ӯзбак ба мақомоти роҳбарӣ, роҳандозии коргузорӣ, маориф, матбуот ва дигар ниҳодҳо бо забонҳои ӯзбакӣ ва туркӣ нақши муҳим дошт.

Р. Р. Раҳимов дар матлабаш натоиҷи этнографии бардоштаи И. И. Зарубинро бо чунин иттилооте аз дигар манобеъ муқоиса менамояд, ки дар натиҷа сурати ҳайратангезе пеши рӯ меояд: тайи чанд соли вуҷуди Ҷумҳурии Туркистон шумораи тоҷикон ба таври фаҷеъ коҳиш ёфтааст.

Натиҷагирии Л. Ф. Костенко, ки аз тарафи Р. Р. Раҳимов ироа шудааст, чунин шаҳодат медиҳад: “Дар охири асри гузашта асоси ҷамъияти Самарқандро тоҷикон ташкил медоданд”. Н. И. Вирский низ ба ҳамин назар аст. Дар ҷадвали иҷтимоие, ки ӯ дар соли 1876 дар бораи округи Зарафшон мунташир кард, омадааст, ҷамъияти Самарқанд 35 326 нафар ҳисоб шудааст. 33 622 нафари онҳо тоҷик буданд. Қисми боқимондаи ҷамъияти шаҳр аз форсҳо, ҳиндуҳо, яҳудиҳои осиёимиёнаӣ ва ӯзбакҳо иборат буд. 

Мутобиқи нуфусшумории Русияи подшоҳӣ дар соли 1897, бештаре аз аҳолии шаҳрҳои вилояти Самарқанд тоҷикон (60,58% мард, 66,58% зан) ва ӯзбакон (13,59% мард, 13,55% зан) буданд. Маводи нуфусшумории умумииттифоқӣ дар соли 1926 низ мавриди тақаллуб қарор гирифтанд, оддитарин қавонини он ба бадтарин шева нақз шуданд. Дар натиҷа дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбакистон 10 716 тоҷик ва 43 304 узбак сабти ном шуд.

Ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ва баъдан тақсимоти миллӣ – ҳудудӣ ба зоти худ наслкушӣ барои тоҷикон буданд. Аллакай худи ҳамин мафҳуми “Ҷумҳурии Туркистон” маънии онро дошт, ки дар Осиёи Миёна ба ғайр аз туркҳо дигар халқе вуҷуд надорад. Роҳбарони кишвар, раҳбарони ниҳодҳои марказии он, русҳо фаромӯш карданд ё бо дарки масъала нахостанд ба машварати уламо, донандагони таърих, ки на як бор ишора кардаанд, ҷамъияти таҳҷоӣ ва қадимии Осиёи Миёна тоҷиконанду ташкили давлати миллии онҳо аҳамияти бузург дорад, гӯш диҳанд. Дар ҳамин ҳол дар миёни рақобати шадиди пантуркистҳо, ки ба ҳар роҳе барои ташкили Туркистони мустақил аз Русия талош мекарданд ва ҳизбиёни русу кормандони шӯравӣ, ки мекӯшиданд, ин кишварро дар ҳайати Русия ҳифз кунанд, тақдири мардуми тоҷик фаромӯш шуд.

Т. Рисқулов дар зимни суханронияш дар сеюмин конфронси вилоятии ҲК(б)Р дар мавзуи “Мухторӣ ва таҳкими Туркистон” ба таври махсус мутазаккир шуд: “Акнун коммунистони турк бояд иштибоҳи таърих, бахусус хатои мардуми Туркистонро ислоҳ намоянд. Намояндагони туркони заҳматкаш, инқилобиёни воқеии муттаҳидшуда зери парчами коммунистӣ созмони ягонаи коммунистиро таъсис медиҳанд”.   

Пантуркистони муттаҳидшуда дар атрофи Бюрои мусалмонии вилоятӣ бо истифода аз шиорҳои инқилобӣ амалан иделогияи вокунишии пантуркизмро мегустурданд. Дар ин хусус онҳоро намояндагони тотору бошқирде, ки дар ниҳодҳои шӯравӣ ва ҳизбӣ кор мекарданд, ҳамчунин туркҳои усмоние, ки мақомҳои калидӣ дар бахшҳои миллии Артиши Сурх доштанд, кумак менамуданд. Чун онҳо бар асоси таҷрибаашон муътақид шуданд, эҷоди мухторияти миллии мардуми турки Осиёи Миёнаи хориҷ аз ҳокимияти шӯравӣ имконнопазир аст, ба натиҷае расиданд, ки аз нерӯҳои Артиши Сурх танҳо барои мусалмонон – туркон силоҳи таъйини сарнавишт (худмуайянкунӣ)-и миллӣ бисозанд. 

Моҳиятан ҳокимияти шӯравӣ дар Туркистон раванди худмуайянкунии миллии мардумони Осиёи Миёнаро, ки дар чаҳорчӯби Императории Русия шуруъ шуда буд, амалӣ накард, балки баръакс онро мухтал намуд. Ин ҳокимият ба манофеи мардумони мухталиф, бахусус тоҷикон созгор набуд.

Ин ҳама талошҳои зиёиёни турк, бахусус ӯзбак, қазоқ, қирғиз, тукрман ва ҳамчунин қисмати муайяни зиёиёни тоҷики ба онҳопайваста гуфт мешавад, ки бо заҳри пантуркизм барои сохтани миллати ягонаи турк эҳтимол бар асоси умумиятҳои рӯҳонӣ ва динии асримиёнагии мусалмонон – панисломизм масмум шуда буданд ё баръакс ба мисли Туркия намояндагони ин ҷараён буржуазияи маҳаллӣ, ҷадидон буданд.    

(Идома дорад)

Раҳим Масов