Террористсозӣ аз мардум
Як коршиноси низомии Русия навиштааст, ки имкон дорад, сенарияи Украина дар Тоҷикистон пиёда шавад. Коршинос ин иддаои худро ба чанд далел тавъам медонад.
Ба навиштаи ӯ, вазъи Тоҷикистон муташанниҷ аст ва фаъолияти ахири нерӯҳои амниятии ҷумҳурӣ дар кӯҳистони Бадахшон, ки то ҳол идома дорад, вазъро боз ҳам муташанниҷтар карда.
Тоҷикистон дар симои иддае аз мардуми Бадахшон террорист ва ҷудоиталабонро мебинад, ки дар асл ин тавр нест. Ба навиштаи ин коршинос, мардуми Тоҷикистон ба чанд қабила тақсим шудааст, ки яке ҷонибдори исломи радикал ҳастанд, дигаре ба сӯйи Чин нигоҳ мекунанду қабилаи дигар ба сӯйи Амрико ва Ғарб. Ба қавли ин коршинос, мақомоти Тоҷикистон, бахусус раисҷумҳур байни Шарқ ва Ғарб мавзеъ мегирад, ки барои Русия хушоянд нест. Ин аст иддаои коршиноси рус.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, воқеият аст, ки Тоҷикистон дар сиёсат ва иқтисод пойбанди Чин аст. Ва ҳоло ба ҷуз аз Чин ҳич як кишари дигаре ба Тоҷикистон қарз намедиҳад. Бисёре аз барномаҳои иқтисодии Тоҷикистонро Чин сармоягузорӣ ва бо нерӯи кории худ пиёда мекунад. Ҳол он ки шумораи бекорон дар Тоҷикистон аз ҳад зиёд аст.Тоҷикистон маҷбур аст, ба хотири дарёфти сармоя ба дархостҳои Чин дар иҷрои барномаҳои иқтисодӣ сар хам кунад. Дар ҳоле ки ин барномаҳои иқтисодӣ на ба хотир пешрафти иқтисодӣ дар ҷумҳуриянд, балки ба худнамоии раҳбарияти Тоҷикистон дар сохтмони қасру кушкҳои худ рабт дорад.
Хуб, бармегардем бар сари вазъияти Тоҷикистон, ки ба навиштаи коршиноси рус, муташанниҷ асту Тоҷикистон дар хиттаи сиёсати Чин қарор дорад ва Русия дар берун овардани ҷумҳурӣ аз ин вазъ дасткутаҳ аст. Дар ин авохир чанд матлаб аз коршиносони рус дар ин бора чоп шуда буд, ки мазмунан қариб ҳамранг буданд.
Дар воқеъ, вазъи Тоҷикистон дар маҷмуъ ором ба назар мерасад, вале дар асл хомӯшии тӯфонро мемонад. Вазъи кӯҳистони Бадахшон ором нест. Мардум аз сиёсати давлат, ки дар симои бархе аз сокинони Бадахшон террористу ҷудоиталабро мебинад, норозиянд; сахт норозиянд.
Агар воқеиятро бигӯем, ҳукумат аз рӯзи ба қудрат расиданаш талош мекунад, мардуми Бадахшонро мутеъ созад. Зиддияти мардуми Бадахшону Кӯлоб аз замони шӯравӣ ба ин сӯ идома дорад. Замони шӯравӣ барои таъмини амният сиёсати “тафриқа андозу ҳукумат кун” пиёда мешуд. Ин сиёсат аз замони ҳуҷуму шабехунзаниҳои муғулҳо ба Русияи қадим шуруъ шуда буд. Баъдан болшевикон ва ахиран давлати шӯравӣ ин сиёсатро дар давлатҳои шӯравии собиқ пиёда кард. Тоҷикистон ба унвони ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба се бахши дар фарҳанг мухталиф – кӯлобӣ, помирӣ ва ленинободӣ ворид шуда буд. Дар замони шӯравӣ ҳатто дар байни мардуми Русия мақоле мавҷуд буд, ки мегуфтанд: “Куляб и Памир дерутся, а Ленинабад править”.
Он солҳо ҳатто раҳбари пулиси шаҳри Душанбе аз Хуҷанд буд. Ва барои ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо ҳар баҳона Кӯлобро бо Помир мешӯронданд. Гӯё бо ҳалли низои байни Помиру Кӯлоб масоили ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ рӯпӯш мешуд. Ин ҳодисаҳо замоне рух медоданд, ки раисҷумҳури ҳозираи кишвар донишҷӯ буд. Ҳоло Ленинобод ё Хуҷанд раҳбар нест. Танҳо Кӯлоби раҳбар боқӣ мондаву Помири саркаш. Ва раҳбарият доим дар талош аст, Помири саркашро мутеъ созад.
Дар Помир ё Бадахшон ҳич навъ террорист ё ҷудоиталаб вуҷуд надорад, балки он ҷо гурӯҳҳои ҷиноӣ фаъоланд, ки ба қочоқи маводи мухаддир, тамоку ва ғайра машғуланд. Муҳаммадбоқире, ки аз сӯйи давлати Тоҷикистон ахиран кушта шуд, сардори яке аз ҳамин гурӯҳҳо буд. Чанд сол қабл як генерали амниятии Тоҷикистон аз сӯйи ин гурӯҳҳо кушта шуд, ки мехост, ин қочоқи колоро контрол кунад ё дар ин бозори қочоқ ҳамроҳ шаваду аз он оидот бигирад.
Ҳоло дар Бадахшон мухолифати байни қочоқчиёни бесардӯшии гурӯҳҳои ҷиноӣ ва аз сӯйи дигар гурӯҳҳои сардӯшидор идома дорад, ки ахиран раҳбари ҳукумат дар боздидаш аз Маскав бо раисҷумҳури Русия гуфт, хориҷиён дар ин нооромиҳои Бадахшон даст доранд. Путин дар ин зимн кумак пешниҳод кард. Вале раисҷумҳури Тоҷикистон аз кумаки Путин дар ин замина даст кашид.
Ба андешаи коршиносони Русия, даст кашидан аз кумаки Маскав ба ин далел буд, ки иттиҳомоти раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми Помир ҳич асосе надошт. Террористсозиҳои кормандони амниятии Тоҷикистон аз теъдоде аз мардуми Бадахшон ба Русия хуб маълум аст. Ва Русия ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз террористсозиҳо аз мардум даст бикашанд.
Ҳикмати Дарвеш