Elektroauto in tajikistan

Ҳузури Тоҷикистон дар мусобиқаи хариди мошинҳо. Обро нодида, мӯза накашед!

 

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз роҳандозиитарҳе хабар доданд, ки мутобиқи он, то соли 2027 теъдодимошинҳои барқиро то 30 дарсади мошинҳои бензинӣ, газӣ ва дугонасӯз афзоиш хоҳад дод. 

Ин дар ҳолест, дар моҳи марти соли ҷорӣ низ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар бораи тағйироте хабар дода буд, ки бар асоси он, қарор аст, воридоти ҳама намуди мошинҳои барқии сабуку сангин аз боҷи гумрукӣ ва анвои андозу молиёт ба муддати 10 сол озод карда шавад.     

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук низ бараҳамияти воридоти ин мошинҳо барои «иқтисоди сабз» ва муҳити зист ишора кард. 

Содиқҷон Нуралихонзода, мутахассиси Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ин иқдом дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 дар назар дошта ва ин тарҳ барои баррасию тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод шудааст. 

Бар асоси маълумоти ироадодаи Нуралихонзода, феълан дар Тоҷикистон 527 ҳазор нақлиёт расман сабти ном шудааст. Аммо ҳиссаи ками онро нақлиёти барқӣ ташкил медиҳад.Дар 7 моҳи соли ҷорӣ 240 адад мошини барқӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2021 танҳо 20 адад будааст. 

Воридоти мошинҳои барқӣ барои Тоҷикистон дар баробари кумак ба муҳити зист ҳамзамон сарфаи иқтисодӣ ба буҷаи хонаводаҳоро ба дунбол дорад. Зеро Тоҷикистон кишвари воридкунандаи сӯхт ва қимати сӯзишворӣ сол то сол дар ҳоли афзоиш аст.   

Ахиран Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон низ гуфт, ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи аз 800 миллион то 1 миллиард доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.

Вале вазири нақлиёт хароҷоти кулии барқ ва истгоҳҳои қуввадиҳии барқии мошин, зерсохтҳо, қатаоти эҳтиётии барқӣ ва таҷҳизоти барқиро нагуфт, ки чӣ қадар мешавад. Оё камтар аз ин маблағ аст? Ба ҳар ҳол ин суолест, ки барои мо беҷавоб аст.  

Дар ҳамин ҳол раванди гузаштан ба мошинҳои барқӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чашм мехӯрад. Барои мисол, Қирғизистон дар нимсолаи аввали соли 2022 аз Чин 370 мошини барқӣ ба маблағи 6 млну 200 ҳазор доллар ворид кардааст, ки қимати ҳар як мошин ҳудуди 17 ҳазор доллар баровард шудааст. 

Қирғизистон низ солона барои воридоти сӯхт 1 миллиард доллар маблағ сарф мекунад.  

Дар Ӯзбакистон ҳам ба воридоти мошинҳои барқӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, аммо ин раванд ба кундӣ пеш меравад: аз соли 2018 то кунун наздики 100 мошини барқӣ ба ин кишвар ворид шудааст. 

Дар Қазоқистон, ки он иддаои сохти мошинҳои барқиро дорад, ҳанӯз тавлидоти дохилӣ роҳ наафтодааст. Воридоти чунин мошинҳо ҳам нисбат ба солҳои қаблӣ камтар шудааства аз 587 мошин дар гузашта ба 528 мошин коҳиш ёфтааст.   

Аммо сохту истифодаи мошинҳои барқӣ бо чолишҳое зиёде мувоҷеҳ аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар даргири он ҳастанд.

Нахуст ин ки барои сохти ин мошинҳо, бахусус аккумулятори барқӣ минералҳо ё маводи маъдание (карбонат литий, катод, анод, редкозём, мед, алюминий)лозиманд, ки на ҳама кишварҳо захираи онро доро мебошанд. Аз сӯи дигар технологияи сохти он низ мураккаб аст. Қазоқистон маҳз ба хотири захираи камтари ин мавод ва ҳамчунин омода набудани зерсохтҳои лозим бо мушкил мувоҷеҳ аст. Як мушкили дигар ҳам дар ин хусус барои Қазоқистон аст, ки баъдтар онро матраҳ мекунем. 

Сайти “Спот.уз” дар бораи бадтар шудани вазъи нигоҳдории мошинҳои барқӣ дар Ӯзбакистон хабар дода навиштааст: “Рақобат дар ин бахш рӯ ба бадтар шудан аст ва бозигарони бозор намехоҳанд дар хадамотрасонӣ сармоягузорӣ кунанд. Аз рискаш метарсанду фақат ба харидуфурӯш машғуланд ва ҳич зерсохти дурусте роҳандозӣ намекунанд. Дар ҳоле ки мошинҳои барқӣ барои истифодаи дарозмуддатанду ва ниёз ба нигоҳубини техникӣ ва хадамотрасонӣ доранд, ин бима ва замонат мехоҳад, ки феълан чунин шароите дар Ӯзбакистон фароҳам нест”. 

Аз сӯйи дигар Ӯзбакистон рӯйи санъати мошинсозии суннатӣ ё сӯхтмасраф сармоягузории ҳангуфте анҷом додааст ва бозигарони ин арса намехоҳанд, ки бозори худро аз даст диҳанд, ҳамчунин манфиатдор нестанд, ки ба ин зудиҳо ба рақобат тан диҳанд. Ба ҳамин хотир дар Ӯзбакистон ҳанӯз ҷо уфтодани мошинҳои барқӣ ба ин зудиҳо дар назар нест. 

Ба назари коршиносони соҳа, мавзуи зерсохтҳо ва хадамотрасонӣ ба мошинҳои барқӣ аз авлавиятҳоест, ки кишварҳое монанди Тоҷикистон ва Қирғизистон ба танҳоӣ аз паси харҷи он барнамеоянд ва ниёзманди кумакҳои ҷонибӣ хоҳанд буд. Бахусус он ки як истгоҳи пур кардани қувва (заряд) аз 6 ҳазор то 50 ҳазор доллар (вобаста аз тавонаш) арзиш дорад. Таҷҳизоти хонагӣ, ки тавони камтар доранд ва ба муддати тӯлонитаре (аз шаб то субҳ) мошинҳоро нерӯ медиҳанд, аз 500 то 1.5 ҳазор доллар қимат доранд.  Аз сӯи дигар худи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зимистону тобистон бо мушкилоти барқ мувоҷеҳанд ва дар сурати боло рафтани масрафи барқ боз мушкили камбуди барқ пеш меояду афзоиши қимати он ба иқтисоди хонаводаҳо таъсири манфӣ мерасонад.   

Дувум, монеа ин аст, ки чаҳор кишвари муҳими минтақа – Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон манфиатдори ин раванд нестанд. Бахусус Русия, Қазоқистон, Туркманистон кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҳастанд. Ин ҷамоҳир захоири зиёди нафтро доро мебошанд, лоббии нафтии худро доранд, ки ҷонибдори барқисӯз кардани мошинҳо нестанд, зеро даромади ҳангуфте аз ҳисоби нафт доранд. Дар сурати барқӣ шудани мошинҳо онҳо аз бахши зиёди даромади худ маҳрум мешаванд.   

Дар кул дар ҷаҳон бозори мошинҳои барқӣ дар ҳоли рушд аст. Тибқи иттилои “Global Electric Vehicles”, дар соли 2020 10 миллион мошини барқӣ ба истифода дода шуд, ки 43 дарсад нисбат ба соли 2019 бештар аст. Маврид ба зикр аст, ки пандемияи КОВИД-19 ба фурӯши мошинҳои барқӣ таъсири мусбат расонд. Барои мисол, пешбинии пеш аз пандемияи Иттиҳоди Аврупо то соли 2030 33 миллион мошини барқӣ буд, аммо ин омор акнун ба 40 миллион рост меояд. Аз рӯи ин пешбинӣ, фурӯши мошинҳои барқӣ дар соли 2040 ба 56 миллион адад мерасад. 

Омори раванди гузариш ба мошинҳои барқӣ нишон медиҳад, ки Чин лидери ин бозор хоҳад буд. Ба он хотир ки дер ё зуд ҳамаи мошинҳо барқӣ хоҳанд шуд ва Чин аз ҳоло пешгоми тавлидкунандагони ин навъи мошинҳо дар ҷаҳон аст. Ахиран “Citroen” (ширкати фаронсавӣ) иддао кард, ки аз ҳама арзонтарин мошинҳои барқиро тавлид кардааст, ки 7 ҳазор доллар арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки Чин сеюмин соли паёпай аст, ки мошинҳои барқии камтар аз 5-ҳазордоллариро тавлид мекунад. Яке аз ин моделҳо “Hongguang Mini EV” аст, ки пурфурӯштарин мошини барқӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва аз фурӯши ширкати “Tesla” ҳам пешӣ гирифтааст. Дар чунин ҳол ба назар мерасад, бо он ҳама сармоягузорӣ Илон Маск ҳам дигар рақиби Чин буда наметавонад.