ҶАБРИ ТАЪРИХ ЯГОН ҚАВМ НАДИДААСТ, КИ МО
Дар тобистони соли 2000-ум, замоне ки банда тоза донишҷӯ мешудам, чанд рӯз қабл аз он ки барои
супоридани имтиҳони вурудӣ ба донишгоҳ биравам, “Чархи гардун”, рӯзномаи мақбулу машҳури он мақтаъе аз замон “ҷомаи мотам” ба бар кард ва бо ин шева аз даргузашти пояе аз адабиёти муосири тоҷик хабар дод. Рӯзнома дар сӯги утод Лоиқ Шералӣ, шоире нишаста буд, ки бо ҷаҳоне аз дарду андуҳи миллӣ пас аз се соли хатми ҷанги хуношом ин миллатро ҳаволаи тақдир кард ва худ ба дидори Ҳақ шитофт.
Ин марде аз табори озодагон, ки танҳо роҳи расидан ба мақсудро аз тариқи илму ирфон тасаввур мекард ва бидуни ин ҳама Тоҷикистонро ба унвони “Торикистон” мешинохт, бо “ду дида оби Ҷайҳун” моро “видоъат кард”. Аммо ин таъкид - “ин дафтари шеъру ғазал чу ман намиранд аз аҷал” аз як тараф далолат бар нозир будани рӯҳу равони эшон болои мо мекунад, то бубинад, ки дар сангари густараи фарҳангӣ дар чӣ вазъе зоҳир мешавем, аз тарафи дигар гувоҳ ба ҷойгоҳи шеъру шоирӣ дар абадзинда қарор додани миллати тоҷик буда, ки то ин дам ин нуқта борҳо собит шуда ва фикр намекунам, дар ин замина нуқтае барои баҳс боқӣ монда бошад.
Устод Лоиқ Шералӣ буд, ки ҳазор сол пас аз Ҳаким Фирдавсӣ бар марги Суҳроби миллат навҳа кашид, ба Темури Ланг аз забони Фирдавсӣ посух гуфт, бо шикастани марзҳои ҷаълӣ иддаои касби Самарқанду Бухоро кард, забони гӯёи тоҷикони хомӯшу саркӯбшуда гашт, то аз дар баста шудани мадориси тоҷикӣ хабар диҳад ва аз буридани муҳраҳои аҷдодӣ изҳори нигаронӣ кард, аммо қабл аз он ки аз ин дунё рахти сафар барбандад, гуфт, дар азояш нанолем, балки васият кард, чун “суруди умр”-аш “поён пазирад”, идомаи сурудашро мо, ҳаммиллатонаш бихонем. Ин аст, ки кас водор ба лоиқхонӣ ва баррасии афкори ин бузургвор мешавад ва ин ҳам дар замоне ки падидаҳое чун худшиносӣ, иттиҳод, ҳамбастагӣ, шинохти марзу густараи фарҳангӣ, ҳувияти миллӣ ва масоиле аз амсоли ин аҳамият касб мекунанд.
Ба ин далел аст, ки дар рӯзи ба дунё омадани чунин шахсият қалам оромиро аз даст хоҳад дод ва ранг аз хуни ҷигар хоҳад гирифт, то ҳарчи битавонад болои дафтар зудтар бидавад ва бар марги устод Лоиқ Шералӣ ба маротиб бештар аз Таҳмина бар марги Суҳроб ашк бирезад.
Ин ки Лоиқ Шералӣ дар чӣ вазну баҳре дафотиреро пур аз шеъру ғазал кард ва чиро радиф қарор доду таносуби калом бар чӣ гузид, марбути муҳаққиқоне мешавад, ки ин ҳамаро бар тарозуи вазни арӯзу соири ченакҳои мутааллиқ ба адабиёти тоҷик бармекашанд, аммо афкори сиёсию иҷтимоии шоир барои кулли нафароне, ки хурдтарин таваҷҷуҳе ба сабки зиндагии ҷамъияти Тоҷикистон, ҳадди ақал дар поёни қарни XX доранд, чун оинаест возеҳ ва ҳич тахассусеро тақозо нахоҳад кард магар таваҷҷуҳ.
Дар зимни раванди бедории миллӣ, ки дар поёни даҳаи 80-уми қарни гузашта бар маҳзи вазидани боди бозсозӣ возеҳ шуд, он нафароне, ки ба дур аз дарки манофеи миллӣ набуданд ва ҳамчунин ҷасорат доштанд, алайҳи помол шудани арзишҳои миллӣ шӯриданд. Омӯзиши бархӯрдҳои идеулужики эшон бо “писарони коммунизму интернатсионализм” дар матбуоти он солҳо ва қиёси вазъ бо шароити кунунӣ ба унвони далел азхудгузаштагии эшонро собит мекунад, ки ба назари таҳлилгарон, бар ин сукути чандинсола Мирбобои Мирраҳим, аз уламо ва қаламкашони маъруфи кишвар нуқтаи таммат гузошт. Ва аммо ба ибораи устод Лоиқ Шералӣ, “ҷабри таърих ягон қавм надидааст, ки мо...”. Идеологияе, ки қудрат дар даст дошт, дар ин марҳала ҳам бар ин бедорӣ тамғаи бадномӣ зад, ки билахира ҳимоят аз арзишҳои миллӣ ба ҳошия уфтод ва манофеи гурӯҳӣ бартарӣ касб карданд, ки қиссаи ҳузноварест комилан ҷудо барои баррасӣ.
Ҷудо аз баррасии ҷузъиёти воқеоти он солҳо, ки ба таъбири кутоҳу фарогире ҷанг унвон мешавад ва бар пояи меросе, ки кунун боқӣ монда, устод Лоиқ бар ақлгароӣ, ирфон ва иттиҳод ба ҷойи ҳимоят аз манофеи гурӯҳӣ даъват карда, ки намунаи он дар ғазале ба ин маънист:
Гар ману ту мо набошем, аз тую аз ман чӣ суд?
Баҳмани миллат набошад, шӯриши Баҳман чӣ суд?
Ту дар он ҷо, ман дар ин ҷо ҳамдигарро мехӯрем,
Гар хирадмон тира бошад, тир сад хирман чӣ суд...
"Баҳман”-и аввал, ба таъбири шоир, мазҳари андешаи нек, хирад ва доноӣ аст. Дувумӣ бошад, ишорат ба моҳи 11-уми соли шамсӣ мекунад, ки аз даҳаи охири январ то 19-уми феврал хоҳад буд ва шаҳодати шаҳрвандон ҳам дар ин моҳи соли 1990 дар кишвар барои аввалин бор иттифоқ уфтод.
Баъдтар раванди воқеот тағйир кард ва як миллатро пушти ду сангар қарор дод. Ғазали мазкур ҳам замоне навишта шуд, ки ба сангарҳо қисмат будем ва устод моро ба иттиҳод даъват мекард:
Рӯҳи мо якто агар не, роҳи мо кай як шавад,
З-ин ду-се мағзи ақиму ақли астарван чӣ суд?
Эҳсос мешавад, барои шахсияте, ки тору пӯди вуҷудашро ҳастии миллат шакл медиҳад, душвортарин марҳилаи зиндагӣ бо ҷудоиандозиҳо оғоз шуда ва ин мақтаи замонӣ на танҳо мушкил барои вуҷуди физикӣ эҷод мекунад, балки андешаро бӯғӣ ва “кашидани шамшер”-и суханро душвор мегардонад, бахсус дар замоне ки деворҳои идеологӣ фурӯ мерезанд ва вусъати ҷавлонгаҳи андеша намудор мешавад, аммо рахнае бар миёни ин ҷавлонгоҳ иттифоқ муфтад, ки умеди озодиро барҳам мезанад. Бо вуҷуди ин фазои мушкил “шамшери сухан”-и устод Лоиқ Шералӣ ба ибораи Бедил, “ба зангор фурӯ” нарафт, балки ҳамеша берун аз ниём будаву дар қиболи тафриқа баланд шуда, ки аз фазои хафақоне барои шоир башорат медиҳад:
...Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сухт,
Ҳам на з-он аст, ки шуд сухта боғу чаманам,
Гиряи ман на аз он аст, ки гум шуд писарам,
Ҳам на з-он аст, ки абгор шуд аҷзои танам,
Гиряи ман на аз он аст, ки бечора шудам,
Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам,
Гирям аз он ки туро ҳукм ба куштан карданд,
Эи ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам!
Гирям аз он ки зи бунмояи ин қисмати талх,
Ман сухан гӯям агар, нест касе ҳамсуханам!
Гирям аз он ки ба жарфои чунин фоҷиае
Нашавад хира кас аз ҳамнасабу ҳамватанам.
Гирям аз он ки ду-се бетарафи бешарафе
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.
Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о Ватанам, о Ватанам, о Ватанам!
Бар маҳзи иттифоқоти ҳузновар инзиҷори шоир аз вазъ дар мисраъҳои зерин баён мешавад:
Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро,
Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро.
Замонаи ҳаринае чу кафши серпинае,
Ба пинае намехарад нубуғи ҷовидонаро.
Накошта қаламчае қалам-қалам ҳамекунад,
Ба дасти сад табарзане дарахти пурҷавонаро...
Дар маҷмуъ, ҷанги дохилӣ дар ашъори шоир ба гунаи возеҳ мунъакис шуда ва ҳатто эшон аз пора шудани Ватан ҳушдор дода, ки барои дарёфти ҷузъиёти бештар дар ин бора ниёз ба таҳқиқи вижаест. Аммо ҷолиб ин аст, ки агар устод аз як сӯ аз сангистонии мулк, вале аз бесангарию бесарварӣ мегӯяд, аз сӯйи дигар масъулиятро шомил худ низ медонад, на ин ки аз ин буъд шона холӣ карда бошад:
Ту аз ин сӯ, ман аз он сӯй чу сангар кардем,
Мулки ғоратзадаро ғорати дигар кардем.
Сарварӣ хоставу сарбуриро сар кардем,
Хари худро бисутудему паямбар кардем.
Ба ҳамин тариқ, тавре қаблан зикр шуд, бештар аз ин омӯзиши афкори миллии устоди зиндаёд ба таҳқиқи густардатару мукаммал ва ҳирфаӣ ниёз дорад, то жарфои дарди эшон эҳсос ва бар асоси чунин як пажуҳиш дастуре барои иртиқои хештаншиносӣ таҳия шавад. Зеро устод агар дар марги Суҳробу азои Таҳмина бо Абулқосим Фирдавсӣ ҳамнаво мешавад ва суроғи густараи фарҳангию таъриху тамаддун меравад, аз сӯйи дигар бо идомаи андешаҳои устод Айнӣ ақлу хираду илмро ба ҷое меҳтаре дар меҳвари андеша қарор медиҳад ва парда аз он чӣ шоҳид буд, бидуни тарсу ваҳме боло мебардорад. Бо ин равиш, агар устод Бозор Собир дар поёни даҳаи ҳафтодуми гузашта пояи сими хордори марзи тоҷикро бар марзи густараи забони форсӣ зад, ки берун аз марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва дастури давлатдории он буд, устод Лоиқ Шералӣ аз ин марз то охирин нафас ҳимоят кард, агарчи барояш мушкил буд, ки мегуфт:
...Кӣ шикаст муҳраи мо,
Ту напурсу ман нагӯям...
Бовар дорам, агар умр ба устод Лоиқ Шералӣ вафо мекард, дар рӯзгори кунунӣ дафтаре ба унвони Ҳиҷратнома боз мекард ва мурғи илҳомаш ҳамроҳ бо коргарони муҳоҷир пар мезад, аммо дареғо, ки “Лоиқ намеояд дигар”...
Рӯҳи эшон шод ва макони охираташон обод бод!
Талабшоҳи Салом