Мақолаҳои охирин

Бештар Дар Асосӣ  

Aghakhan5.1

ИМОМИ ЗАМОН ВА МАРЗИ ОЗОДИИ ЭЪТИҚОД

11.10.2025

Дар торихи ҳар дину мазҳаб рӯзҳо вуҷуд доранд, ки пайравонаш он рӯзҳоро муқаддас мешуморанд ва ҷашн мегиранд. Барои исмоилиён, ки бахши ҷудоинопазири ҷомеъаи тоҷик ба шумор мераванд, ҷунин рӯз зодрӯзи Имоми Замон аст. Имоми панҷоҳум, Шоҳраҳим Алҳусайнӣ Оқохони панҷум, ки мутаввалиди 12-октобари соли 1971 аст. Барои миллионҳо пайравони исмоилия дар сартосари ҷаҳон, ин рӯз на фақат ҷашни танҳо мазҳабӣ, балки намоди худшиносӣ, хирад ва арзишҳои инсонист. 

Имоми Замон танҳо раҳбари рӯҳонии исмоилиён нест, Имоми Замон шахсияти ҷаҳонӣ ва намоди дӯстӣ, инсонпарварӣ ва илму омӯзишу фарҳанг аст. 

Ниҳодҳои таҳти раҳбарии ӯ, аз ҷумла Agha Khan Development Network (AKDN) дар беш аз 30 кишвари дунё фаъолият доранд ва дар заминаҳои омӯзишӣ, беҳдоштӣ, фарҳангӣ, муҳити зист ва рушди деҳот нақши муҳимеро ифо мекунанд. 

Дар Тоҷикистон низ аз аввалҳои солҳи 1990 то соли 2022 ниҳодҳое чун “Бунёди Оқохон”, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), литсейҳои Оқохон ва маркази фарҳангӣ ва варзишӣ фаъол буданд ва ҳазорон шаҳрванд аз хадамоти онҳо баҳраманд мегаштанд. 

Аммо дар солҳои ахир, бидуни ҳеҷ тавзеҳ ва рӯшноӣ, бештарини ин маъасисот баста шуданд. Ин тасмим на танҳо зарбаи иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ буд, балки пайоми сиёсӣ низ дошт: маҳдуд кардани фазои мазҳабӣ ва фарҳангии исмоилиён дар дохили кишвар.

Дар даҳҳо кишвар аз Аврупову Конодо то шарқу Африқо, исмоилиён ин рӯзро озодона бо ташаккурӣ, бо баргӯзории маросимҳои хайриявӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ҷашн мегиранд. Ҳатто дар чандин кишварҳои мусалмоние, ки суннимазҳабанд ин рӯз рӯзи ҳамдиливу ҳамбастагии маънавӣ гаштааст.

Аммо дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки қонуни асосӣ (моддаи 26) озодии виҷдон ва динро кафолат медиҳад, ҷашни мавлуди Имоми Замон ағлаб дар хилват, бо эҳсоси тарсу ноамнӣ баргӯзор мешавад. 

Мақомот на бар пояи қонун, балки бо бардошти идиуложӣ ва сиёсии худ амал мекунанд. Он чи дар дигар кишварҳо ҷашни мазҳабист, дар Тоҷикистон метавонад “фаъолияти ғайриқонунии динӣ” ё “таҳдид ба ваҳдати миллӣ” таъбир шавад.

Оё ваҳдати миллӣ аз пазириш ва эҳтиром гӯзоштан ба эътиқоду бовариҳои динии шаҳрвандон нест, ки табиист метавонанд гуногун бошад? Ё нодида гирифтани онҳо? 

Ҷомеъае, ки наметавонад ба беш аз 300 ҳазор ҳамватани исмоилии худ иҷоза диҳад, ки як рӯзи муқаддасашонро озодона ҷашн бигиранд, чигуна метавонад аз дӯстӣ ва ҳамбастагии миллӣ ва фарҳангӣ сухан бигӯяд? 

Дар чунин шароит шаҳрванд маҷбур мешавадба пинҳонкорӣ гӯзарад, ки ин оқубати хубе нахоҳад дошт.

Касе огоҳ нест, ки он “гурбаи сиёҳ”, ки миёни мақомот ва ниҳодҳои Оқохон гӯзаштааст кист, аммо натиҷа рӯшан аст: Аз соли 2022 тамоми муасисаҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ ва иҷтимои вобаста ба ӯ дар Тоҷикистон баста шудаанд.

Ҳатто варзишгарони исмоилии ВМКБ имсол иҷозаи ширкат дар бозиҳои байналмиллалии исмоилиён (Ismaili Games 2024) дар Дубайро надоштанд. Дар ҳоле, ки ҳаммазҳабони онҳо, ки тобеъияти Русияро доштанд озодона дар ин мусобиқот ҳузур доштанд.

Суол пайдо мешавад, ки ин чӣ навъ сиёсати “амниятӣ” аст, ки на мадраса, на донишгоҳ, на марокизи фарҳангиву варзишӣ аз он дар амон нест?

Имрӯз танҳо ду кишвар дар ҷаҳон вуҷуд доранд, ки баргӯзории озодонаи ин ҷашнро маҳдуд мекунанд: Чин ва Тоҷикистон.

Таклифи Чин рӯшан аст: Ин кишвар ҳама аққалиятҳои миллӣ, мазҳабӣ ва қавмиро зери фишор ва таъқиб қарор додааст. Аз уйғурҳо то тибетиҳо, ҳамаро ҳизби коммунистии Чин зери фишор қарор дода аст. То куҷо ба ояндаи Чин ин маҳдудиятҳо таъсир доранд кори мо нест. Аммо зери фишору маҳдудият қарор додани аҳолии 40 дарсади ҷуғрофиёи кишвар паёмади нек дошта наметавонад! Хусусан, Тоҷикистон ки худро кишвари демукросӣ ва озод унвон кардааст чаро дар нақзи ҳуқуқи шаҳрванди хуб бо Чин дар як радиф қарор бигирад?

Кишваре, ки иҷоза намедиҳад шаҳрвандаш он гуна, ки имон дорад худоро парастиш кунад ва рӯзҳои муқаддаси худро ҷашн бигирад дер ё зуд ба сатҳи контроли боварии мардум поин рафта маънавиятро ба тарс ва ташрифоти идорӣ мубаддал мекунад, ки оқубати баде хоҳад дошт. Дур намеравем, низоми Толибон дар кишвари ҳамсоя Афғонистон бозгӯи ин гӯфтаҳост. 

Мавлуди Имоми замон шояд барои исмоилиён ҷабҳаи мазҳабӣ дошта бошад, аммо барои ҷомеъаи ҳуқуқбунёд ва демократик рӯзи озмоиши воқеъии озодии виҷдон ва эътиқоди фардӣ аст! 

Озодии эътиқод, яъне инсор ҳақ дорад Худоро аз роҳе, ки худаш мешиносад парастиш кунад. 

Кишваре, ки ин роҳро маҳдуд месозад, дарвоқеъ муҳофизат аз Худо намекунад, балки инсонеро Худо месозад, ки ин хатарест ба маротиб аз “ихтилофи мазҳабӣ”

Ваҳдати миллӣ танҳо дар якрангӣ нест, ваҳдати воқеъӣ аз эҳтиром ба гуногунандешӣ маншаъ мегирад. Ваҳдати воқеъӣ пазириши ҳар шаҳрванд ҳақ дорад худоро ба равиши оини худ бишносад ва озодона рӯзеро, ки барояш муқаддас аст озодона ҷашн бигирад.

Ҳукумате, ки аз ин равиш метарсад, худро аз як манбаъи маънавии бузург маҳрум мекунад. Зеро танҳо аз тариқи эҳтиром ба якдигар метавонем Тоҷикистони озод, муҳтарам ва муттаҳид бисозем.

Имрӯз, беш аз ҳар замони дигаре ҷаҳон ба раҳбарони монанд ба Имоми Замон ниёз дорад. Роҳбароне, ки илм, фарҳанг ва мардумсолориро пешаи худ кардаанд.  

Аз ин рӯ мавлуди Имоми Замон на танҳо ҷашни мазҳабии исмоилиён аст, балки фурсати муносибе барои ҷомеъа аст то арзишҳои муштараки инсонӣ аз ҷумлаи хирад, адолат, умед ва хидмат ба башариятро, ки дастури кору зиндагии Имоми Замон аст ба муштарак гӯзоранд. 

Дар охир мехоҳам Мавлуди Ҳозиримом Шоҳраҳим Оқохони V-ро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва бародарону хоҳарони исмоилимазҳаби кишвар муборакбод бигӯям!

Бошад, ки ин рӯз рӯҳияи ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ваҳдати миллиро дар қалби ҳама тоҷикистониён бедор кунад, то мо ба ҳама рангорангии худ худро ҷузъи як кишвари обод ва озод бишморем!

Ман аз Шумо ифтихор дорам!