НАҚШИ АЪЛОҲАЗРАТ ДАР АФЗОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ДОМАНКӮҲҲОИ УНЛАНДИЯ
Бино ба иттилоъи хабаргузории Шафақ имрӯз, 27 октябри соли 2029 дар шаҳри Зимон – пойтахти Унландия,
дар толори бузурги Пажуҳишгоҳи саъодати миллӣ, конфаронси илмию корбурдии «Нақши Аълоҳазрат раиси ҷумҳурии Унландия дар афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар доманкӯҳҳо ва водиҳои Унландия» кори худро ба поён расонд. Дар ин ҳамоиш , ки се рӯз идома дошт, донишмандони риштаҳои кишоварзӣ, хокшиносӣ, женетик, биология, биотекнулужӣ, физиулужӣ, забону адабиёт, торих ва ғайра ва ҳоказо аз 33 кишвари ҷаҳон ширкат карданд ва 68 маърузаи илмӣ ироа доданд.
Ба гузориши хабарнигори Шафақ, бавежа маърузаи илмии муштараки деҳқон Стефан Вилянд ва агроном Алекс Тулуп дар мавзуъи «Таъсири нигоҳи меҳрбори Аълоҳазрат дар нашвунамои картошкаи барвақтӣ дар қисмати ҷанубии водии Сирен» ва суханронии женетик, хонум Милена Швигун дар мавзуъи «Пайванди олуи кӯҳии унландӣ бо гелоси урфии тоҷикӣ дар асоси ҳидоятҳои созандаи Аълоҳазрат» бо умқи назар ва тафсили таҷриба ва натоиҷи бадастомада таваҷҷуҳи ҳозиронро ба худ ҷалб кард.
Дар мақолаи аввал, ки аз сӯйи Алекс Тулуп ба самъи ширкаткунандагон расонида шуд, ҳосили картошкаи барвақтии солҳои 1996 ва 2024 дар доманкӯҳи қисмати ҷанубии водии Сирен, воқеъ дар шарқу ҷануби Унландия 1) бо ҳосили ин зироат дар манотиқи дигари кишвар дар ду соли мазкур ва 2) низ дар тамоми солҳои дигари мавриди омӯзиш дар худи водии Сирен муқоиса гардида ва натиҷагирӣ шуд. Доктор Тулуп таваҷчуҳи ҳозиронро ба ин нуктаи ҳайратангез ҷалб кард, ки Аълоҳазрат райиси ҷумҳурии Унландия маҳз дар ҳамин солҳои 1996 ва 2024, ки ба тартиб соли дувуми давраи аввали раёсати ҷумҳурӣ ва соли аввали давраи ҳаштуми раёсатиҷумҳурии эшон буд ва ҳар ду бор ҳам дар моҳҳои феврал ва март мошинсавор аз ҷодаи канори мазореъи қисмати ҷанубии водии Сирен убур карда буданд. Ва муқоисаи ҳосили картошкаи барвақтии ин ду соли мазкур дар водии Сирен ва соири минтақаҳои Унландия ва ҳам ҳосили ин ду сол бо ҳосили солҳои қаблию баъдӣ дар худи водии Сирен нишон дод, ки ҳосили картошкаи барвақтӣ дар солҳои 1996 ва 2024 дар водии Сирен ҳам нисбат ба солҳои пешу баъд аз ин ду сол дар ин водӣ ва ҳам нисбат ба ҳамаи картошказорҳои манотиқи кишвар дар ҳамин солҳои 1996 ва 2024 аз 25 дар сад то 76,7 дар сад бештар будааст. Афзун бар ин, мутолиъот ҳокӣ аз он буд, ки мизони крахмал дар картошкаи ҳосили солҳои номбурда дар водии Сирен нисбат ба солҳои пешу пас аз онҳо ба тартиб 27 дар сад ва 32 дар сад зиёд будааст.
Нуктаи ҷолиби дигар, ки дар гузориши оқоёни Вилянд ва Тулуп таъкид шуд, ин аст, ки Аълоҳазрат раиси ҷумҳурии Унландия моҳи феврали соли 2012 низ аз ин мавзеъ убур карда будаанд, вале бар хилофи солҳои 1996 ва 2024, ҳосили картошкаи барвақтии ин сол, ки дар миёнаҳои моҳи май ҷамъоварӣ шуд, на ин ки бештар , балки яке аз камтаринҳо дар давоми солҳои мавриди пижуҳиши онҳо будааст. Муҳаққиқон ёдовар шуданд ва диққати ширкаткунандагони конфронсро ба ин нуктаи муҳим ҷалб намуданд, ки як рӯз қабл аз он мусофирати соли 2012 тими мунтахаби волейболи Унландия бозии ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Урупоро ба тими Белжик ба ҳисоби 3 бар 2 бохта буд ва андуҳи ин бохт ба қалби Аълоҳазрат соя андохта ва дар ин маврид, бадеҳист, ки нигоҳи раиси ҷумҳурӣ на нарму меҳрбор, ки ғазаболуду ошуфта буд ва ба ҳосили картошкаи барвақтии он сол таъсири манфӣ расонид.
Агроном Тулуп, дар ҳоле, ки варақҳои парешони маърузаашро ҷамъ оварда ба даст гирифт ва ду бор рӯйи минбар заду канорҳояшонро росту баробар кард ва андаруни ҷузвдон андохт, пеш аз он ки дар зери мавҷи кафкӯбиҳои ҳозирин ба толор фурояду дар ҷояш нишинад, мисли уқоби нишаста дар сари харсанг гардан ёзонда ба нишастагон назар давонд ва изҳор дошт, ки ин амр гувоҳи масъулияти амиқи варзишкоронамон дар амри некӯаҳволии зиндагонии мардуми кишвар низ ҳаст ва онҳо бояд бидонанд, ки ҳар бохташон дар мусобиқоти байналмилалӣ ба воситаи таъсири номусоид ба мағзу қалб ва ниҳоятан ба руҳияи Аълоҳазрат барои ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари кишвар ва натиҷатан некуаҳволии мардум низ метавонад натиҷаи манфӣ ба бор оварад ва онҳо бояд барои пирӯзӣ дар мусобиқоти минтақаӣ ва байналмилалӣ талошу ғайрати бештар ба харҷ диҳанд.
Хонум Милена Швигун нафаре аз гурӯҳи мураккаб аз биологҳо, генетикҳо ва физиологҳои унландӣ, ки ба эҷоди меваи ҷадиди олугелос мушарраф шудааст, зимни суханронӣ гуфт, тими онҳо бо роҳи пайванди олуи кӯҳии унландӣ ва гелоси ширини тоҷикӣ ба эҷоди ин дарахт ва меваи уъҷубаи он даст ёфтааст. Хонум Швигун қабл аз шуруъи ироаи муҳтавои асосии гузориши муфассал ва амиқи худ гуфт, пас аз он ки тими мо олуи кӯҳии худамонро бо ин гелос пайванд кард ва нахустин натиҷаҳои ҳайратангез ба даст овард, ин гелос низ шуҳрати оламгир пайдо намуд ва кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон ва Туркия ба «гелоси тоҷикӣ» номидани он эътироз карданд ва зимни ирсоли номаҳо ба ниҳодҳои вобастаи СММ - Созмонҳои хорбор ва ЮНЕСКО ва давлати Унландия ҳар яке онро меваи миллии худ хонд. Аммо Вазорати хориҷаи Унландия зимни изҳороте кӯтоҳ посух гуфт, мо ба меваи кудом кишвар ва нахуст бор дар куҷо рӯйидани он кор надорем, балки чун «гелоси тоҷикӣ» мегӯем, муттакӣ бар ин амр ҳастем, ки Аълоҳазрат нахуст бор ин гелосро зимни сафари расмӣ дар Тоҷикистон дида ва чашида ва хӯрдаанд ва мутахассисони мо низ бо ҳидояти созандаи Аълоҳазрат ниҳолҳои гелосро барои пайванд аз ин кишвари дӯст ва бародар оварданд. Ва мо низ минбаъд барои риояти ҳусни равобит бо он кишвари дӯст, аз як сӯ ва мурооти асли илм, ки бояст маъхаз дуруст нишон дода шавад, аз сӯи дигар, аз он ба унвони «гелоси тоҷикӣ» ном хоҳем бурд ва ҳар гуна иддиъоҳоро дар ин росто ибрози беэҳтиромӣ ба ҳаққи мусаллами миллати ундландӣ ба офаридаи донишмандони хеш ва дахолати беназокатона ба умури дохилии худ медонем.
Баъд хонум Милена Швигун, ки бино ба гузориши хабарнигори Шафақ бо вуҷуди миёнасол будан ва собиқаю таҷрибаи зиёди кориаш хеле ҷавону ботароват ба назар мерасад, ки бидуни шак метавонад натиҷаи фаъъолияти ҳирфаияш бошад, ки дар натиҷаи он ҳамеша ба мева ва сабзавоти тару тоза дастрасӣ дорад, изҳор дошт, фаъъолияти онҳо дар ростои пайванди гелоси тоҷикӣ бо олуи кӯҳии унландӣ дувоздаҳ соли пеш, баъд аз он ки Аълоҳазрат ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд ва дар он ҷо бори аввал коми муборакашон лаззати гелоси тоҷикиро чашид, шуруъ шудааст. Зимни бозгашт дар ҳавопаймо, Аълоҳазрат райиси ҷумҳурӣ вазири кишоварзиро ба назди худ хонданд, аз даруни халтаи коғазии дасташон як каф гелос берун оварданд ва кӯтоҳ пурсиданд, ки «хӯрдӣ»? Вазири кишоварзӣ, ки асли мақсадро намедонист, каме бо ҳароси омехта бо тардид сар ҷунбонд, ки «бале». Аълоҳазрат гуфтанд, «чаро мо чунин гелос надорем?». Вазири кишоварзӣ бо андаке таъхир посух гуфт: «Иқлими мо мувофиқ нест». «Чӣ тавр мувофиқ нест, ки мо олуи бузургтарин дар ҷаҳонро дорем. Баҳона пеш наёр, нангу номус доштан даркор, ватанро дӯст доштан даркор, замини кишвари мо, биҳишти рӯйи олам аст, дар он ҳама чиз мерӯяд, танбалию беҳавсалагӣ кардан даркор нест, саъю кӯшиш лозим, талош кардан лозим». (Пас аз ин суханон хонум Швигун сар бардошт ва ба толор нигарист ва аҳли толор, ки 10 дар сад аз ширкаткунандагони ватанӣ ва хориҷии конфронс ва 90 дар сад аз донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахти Унландия иборат буданд, аз ҷой бархоста 3 дақиқаю 20 сония беист кафкӯбӣ карданд).
Рӯзи дигари бозгашт ба ватан вазири кишоварзӣ олимони соҳаро ҷамъ овард ва супориши раиси ҷумҳурро ба самъи ҳозирон расонид, олимон муддати ду моҳ барнома таҳия карданд, вазорати молия барои соли оянда маблағ ҷудо кард. Ва кори пайванди олуи ёбоии унландӣ бо гелоси урфии тоҷикӣ шуруъ шуд. Раванди ин кори тӯлонӣ дар се соли аввал бо нобарорӣ ва ноумедӣ ҳамроҳ буд, вале аз соли чорум аввалин нишонаҳои муваффақият зоҳир шудан гирифт. Академик Ричард Уилсон дар мақолае, ки маҷаллаи ихтисосии Академияи кишоварзӣ соли 2016 мунташир кард, оғози гардиши куллӣ ва аввалин зуҳуроти умедворкунанда дар пайванди олуи ёбоии унландӣ бо гелоси урфии тоҷикиро бо фаъъолияти пажуҳишгоҳи ботаника ва физиологияи рустаниҳо, ки худ ба он роҳбарӣ мекунад марбут дониста ва навиштааст, ки ходимони илмии пажуҳишгоҳи ӯ соли 2014 ба ҷойи олуи қисмати шарқи шимоли Унландия, олуи ёбоии қисмати ҷануби ғарби кишварро, ки иқлимаш гармтар аст, барои пайванд интихоб кард ва ин амр оғози муваффақиятҳо дар ин самт шуд. Конфронси илмии донишмандони кишвар, ки пас аз як моҳи чопи ин мақола баргузор шуд, назари академик Уилсонро ғайриилмӣ, субъективӣ , боғаразона ва худхоҳона эълом дошт ва якдилонаю қотеъона маҳкум кард. Суханкунандагон, аз ҷумла ин ҷониб,– хонум Швигун нигоҳи кӯтоҳе ба толор афканд, – зимни суханронӣ таъкид кардем, ки омили аслии оғози муваффақият дар амри пайванди олу бо гелос шахси Аълоҳазрат ҳастанд, ки ҳамон соли 2014 ба киштзори таҷрибавӣ ташриф оварда, худ бо дасти муборакашон аввалин ниҳоли олуи ёбоиро бо гелоси тоҷикӣ пайванд карданд ва зимнан ишора карданд, ки пайванд бояд як ваҷаб болотар аз решаи олу дар гиреҳи аввал анҷом бишавад. Дар натиҷаи кори ин конфронс ва бо тавсияи ширкатдорони он академик Уилсон аз мақоми директории пажуҳишгоҳ ва Серж Вилямс аз вазифаи сардабирии маҷаллаи академӣ барканор шуданд.
Гузоришгар дар идомаи суханрониаш афзуд, дар ҳамон соли 2016 аввалин ниҳолони олугелос бор доданд, дақиқтар бигӯем, аз 82 ниҳол 14 ниҳол гул кард ва 6 ниҳол ба бор расид. Соли 2017 шумораи ниҳолони гулкарда ба 27 ва шумораи дарахтони бамеварасида 16-бехро ташкил дод. Соли 2018 мутаносибан 65 дарахт гул кард ва 61 дарахт мева дод, ки дигар метавон гуфт, раванди бебозгашти ба дунё омадани меваи барои илм ҷадиди олугелос буд.
Аммо як мушкили асосӣ пешорӯйи донишмандон қарор дошт: меваҳо талхмазза буданд. Аммо ин мушкил низ бо мулоҳизаи амиқан илмии Аълоҳазрат рафъ гардид. Ун кас пешниҳод карданд, ки дарахтони бамеваомада бори дигар бо гелоси тоҷикӣ пайванд карда шаванд ва воқеан ин пешниҳод, ки ҳамон сол амалӣ шуд, коргар афтод ва мазаи олугелос ба гелоси тоҷикӣ шабеҳ шуд. Дар ин ҳол олугелос ҳаҷман нисбат ба гелоси тоҷикӣ бузургтар аст, ки ин амр қимати тиҷории онро ба маротиб меафзояд. Ин аст, ки акнун дӯстони тоҷики мо хостгор шудаанд, чанд ниҳоли олугелос барои онҳо бифиристонем. Ин пешниҳод, ки ба дафтари раёсатиҷумҳурӣ ироа шуд, гумон мекунам, бо назардошти равобити ҳасанаи мо бо кишвари дӯсти Тоҷикистон ба зудӣ ба гунаи мусбат ҳал хоҳад шуд.
Тибқи риволи конфронс пас аз ироаи ин маърузаҳо низ суолу ҷавоб сурат гирифта, ҳозирон мулоҳизоти худро роҷеъ ба мавзуъот иброз карданд.
Бо назардошти нуктаҳои муҳимми маърузаҳо ва мулоҳизаҳои ироашуда конфронс Эъломияи ниҳоӣ интишор дод ва ба идомаи пажуҳишҳои илмӣ дар ин росто таъкид кард. Аммо чанде аз ширкаткунандагон эрод гирифтанд ва дуруст эрод гирифтанд, ки ин мавзуъро фақат аз роҳи пажуҳиши илмӣ наметавон ҳаллу фасл кард ва ба мавзуъ бояд аз лиҳозӣ экзотерикӣ ва илоҳиёт низ нигоҳ афканда шавад. Ҳамчунин, аз олимони кишварҳои мухталиф даъват шуд, бояд тадқиқоти густарда анҷом диҳанд ва ба субут расонанд, ки оё руасои ҷумҳурии соири кишварҳо низ чунин вежагӣ доранд ва ё ин амр танҳо махсуси Аълоҳазрат раиси ҷумҳурии Унландия аст. Ва низ ба таваҷҷуҳ бар ин ки дар назар аст, Аълоҳазрат раиси ҷумҳурии Унландия давоми моҳхои ояндаи соли ҷорӣ ва дар соли оянда ба кишварҳои Олмон, Утриш, Қазоқистон, Қирғизистон, Қатар, Арабистони Саудӣ сафар анҷом медиҳанд, конфронс пешниҳод кард, гурӯҳхои муташаккил аз донишмандони унландӣ ва кишварҳои мизбон созмон дода шуда, таъсири мумкини қадамҳои муборак, нигоҳҳои меҳрбору дӯстона ва нафасҳои муқаддаси Аълоҳазрат раиси ҷумҳурии Унландия ба ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва домпарварии кишварҳои мизбон тадқиқу тақиқ шавад ва ба ин суоли хеле муҳим ва шояд сарнавиштсоз дар амри таъмини доимафзояндаи аҳолии курраи арз бо маводи ғизоӣ, ки оё таъсири нафас, қадам ва нигоҳи мубораку муқаддас танҳо бо сарзамини Унландия маҳдуд мешавад ва ё шомили ҳамаи рубъи маскун аст, посухи дақиқи илмӣ гуфта шавад…..
Конфронс бо консерти бузурги ҳунармандони кишвари Унландия ва зиёфати дӯстона ба охир расид.
Қодири Рустам, Соли 2018