МАРОСИМИ ЁДБУДИ ШОДМОН ЮСУФ ДАР ВЕНА
ВЕНА, 03.08.2025
10 август 2025 Дар шаҳри Вена маросими ёдбуди Шодмон Юсуф, поягузори Ҳизби демукросии Тоҷикистон ва доктори илмҳои фалсафа ва иқтисод баргузор мегардад.
Шодмон Юсуф яке аз шахсиятҳои намоёни сиёсӣ ва фаромиллӣ буд, ки барои истиқлол, озодӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон заҳматҳои зиёде кашидааст. Ӯ дар ду ришта, фалсафа ва иқтисод, унвони доктори илмҳоро ба даст оварда. Марҳум бо ин, ки як андешаманд ва донишвар буданд, инчунин фаъоли ҷомеаи тоҷики ахири саддаи 20 шинохта шудаанд. Саҳми ӯ дар ба истиқлол расидани Тоҷикистон ва ташаккули тафаккури сиёсии муосир хеле назаррас аст. Аз марҳум мероси зиёди илмӣ ва фикри боқӣ монда аст.
Марҳум рӯзи 20 июли соли 2025 дар шаҳри Вена, дур аз Ватан, бар асари беморӣ даргузашт.
Маросими ёдбуд ва видоъ бо Шодмон Юсуф рӯзи 10 август, соати 14:00 дар нишонии
Flachgasse 22, 1150 Vienna
баргузор хоҳад шуд.
Ҳамаи дӯстону ҳамсафонон ва шиносони марҳум, инчунин шахсоне, ки мехоҳанд дар ин маросим иштирок дошта бошанд, лутфан даъват мешаванд.
Ситоди баргузорӣ