ДАВЛАТИ ҶОВИД ЁФТ, ҲАР К-Ӯ НАКӮНОМ ЗИСТ...
Нашри хабари даргузашти Зубайдуллоҳи Розиқ, узви Раёсати Олии ҲНИТ дар зиндон ҷигарҳоро реш кард.
Ӯ дар зумраи нафароне дар ин ҳизб набуд, ки дар радаҳои болои он истихдом шуда бошад, аммо хадамоти ӯ ба унвони як зиёӣ вобаста ба ҷойгоҳе, ки дошт, домуллоро фаротар аз як мақоми ҳизбӣ муаррифӣ карда буд, бахусус дар миёни рӯзноманигорон аз эҳтироми вижае бархӯрдор буд.
Муҳимтарин дастоварди фаъолияти домулло Зубайдуллоҳи Розиқ фаротар аз як фарди ҳизбӣ ин буд, ки мудирияти хуб дошт ва ба ин далел дар замони дабирияш дар ҳафтаномаи “Наҷот” ин нашрия ба минбаре барои рӯзноманигорони гуногунандеш табдил шуд. Аксари рӯзноманигороне, ки дар он замон дар “Наҷот” қаламфарсоӣ мекарданд, ба ҳизб рабте надоштанд. Аз ин рӯ, мавзуоте, ки рӯзнома матраҳ мекард, берун аз чаҳорчӯби ҳизбӣ, балки миллӣ ё кишварӣ буданд. Озодманишӣ ва эҳтироми афкори мухталиф, нашри онҳо дар рӯзнома ҷойгоҳи вижаи Зубайдуллоҳи Розиқро дар миёни рӯзноманигорон тақвият кард.
Бо рафтани домулло Зубайдуллоҳи Розиқ аз дабирии нашрия на танҳо муҳтавои ҳафтавор дигар, балки ҷамъи рӯзноманигорон низ пароканда шуданд ва ҳайати кормандон низ ба куллӣ тағйир кард. Аммо барои тиме, ки домулло гирди ҳам оварда буд, ӯ ҳамеша сардабир буду хабарнигорони собиқаш ба зиёраташ мерафтанд, ки чунин ҳолате дар Тоҷикистон кам иттифоқ меуфтад.
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, агарчи аз сардабирии “Наҷот” канор рафт, аммо то зиндонӣ шудан ҳамроҳ бо қалам буд. Ӯ на танҳо домулло буд, балки дар зумраи нафарони маъдуде аз мақомоти ҲНИТ буд, ки аз таърихи ташакулли наҳзат ба унвони як ҳаракати динӣ-иҷтимоӣ ва баъдан ба унвони як ҳизби сиёсӣ огаҳ буд. Аммо ин огаҳиро ӯ бо худ ба дор-ул-бақо набурд, балки китоби “ҲНИТ дар масири таърих”-ро таълиф кард, ки ҷомеътарин китоб дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо истифода аз манобеи мувассақ аст. Чун муаллиф, ки дар кори ин ҳизб ҳанӯз дар замони ба унвони ҳалқаҳои дарсӣ арзи вуҷуд кардани он ворид буд, бештаре аз сафаҳоти норӯшани таърихи ҳизбро ба риштаи таҳрир кашид. Дар ин китоб ҳатто ба ҷузъитарин таҳаввулоти ҲНИТ ва муҳимтарин қазоёи сиёсии Тоҷикистон, ки ба таърихи ҳизб беасар набуданд, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Аз ин лиҳоз аст, ки даргузашти эшон барои як ҳизб зоеаи бузург аст, зеро на ҳама мақомоти ин ҳизб чира ба таърихнависии мутобиқ ба ҳанҷорҳои муосир ҳастанд ва ҳам гирдоварӣ ва истифодаи манобеъ, аснод барои собит кардани далеле бо гузашти чандин сол аз рӯзгор корест басо сангину заҳматалаб, ки домулло онро анҷом дод.
Ин гуна заҳмоти ин марди шариф аст, ки ӯро ба унвони як фарди фароҳизбӣ муаррифӣ мекунад ва даргузашти ӯ дар як шароити шоқа ва пушти миллаҳои зиндон касро вориди кӯчаҳои сарбастаи афкор мекунад, ки то кай мардони наҷибе чун домулло бо ин шева моро тарк мекунанд? Магар ин ҳама сазои хидмат ва талош барои бедорӣ ва шинохти ҳақ аст? Бо ин усул мехоҳанд ҳаққи зиндагиро аз нафароне, ки мисли дигарон намеандешанд, бигиранд? На, фикр намекунам, чунин мардон бимиранд, зеро ҳанӯз Саъдии Шерозӣ моро ҳушдор дода:
Давлати ҷовид ёфт ҳар к-ӯ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.
Рӯҳат шоду манзили охиратат обод бод, домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва узр, зеро ононеро, ки бо рафтору гуфторат таълими озодӣ ба баёни андешаро додӣ, бечоратар аз зиндониёнанд, зеро ҷуръати як каф дуоеро ҳам дар ҳаққат надоранд.