Мақолаҳои охирин

Бештар Дар Асосӣ  

Chist_istiqlol_izzat_doshtan

ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ? ИЗЗАТ ДОШТАН! АММО КУ ИЗЗАТ?

09.09.2025

“Чароғи сабз”-и Кремл

Сию чаҳор сол қабл аз ин рӯзгор истиқлоли Тоҷикистон эълом шуд. Истиқлоле, ки на замина дошту на поя ва ҳамчунин на барномае барои оянда! Ба қавли Раҳмон Набиеви марҳум, дувумин раисҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи кишвар, ин истиқлол “мисли тароша аз бом афтод”. 

Бале, агар ин истиқлол, ки мисли “тароша аз бом” намеафтод, Қадриддин Аслонов, раиси вақти Шӯрои Олӣ қарори эъломи истиқлоли кишварро аз рӯйи сиёҳнависи Тоҳири Абдуҷаббор (бар асоси ёддоштҳои Сафаралӣ Кенҷаев) қироат намекард. Аммо имрӯз мехоҳанд аз Қадриддин Аслонови марҳум қаҳрамони истиқлол битарошанд, дар ҳоле ки охирин мех бар тобути ИҶШС-ро худи марказнишинони Кремл ба иштибоҳ заданд, ки мусаббаби истиқлоли кишварҳои шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ шуд, вагарна ҳич раҳбаре аз Тоҷикистон ҷуръати эъломи истиқлолро надошт. 

Шашуми сентябри соли 1991 рӯзномаи “Известия” Қатъномаи анҷумани вукалои мардумии ИҶШС дар мавриди иқдомоти ношӣ аз баёнияи муштараки раисҷумҳури ИШ ва мақомоти баландмартабаи ҷамоҳири шӯравӣ ва ҷаласаи фавқулодаи ШО ИҶШС-ро мунташир кард. Дар банди дувуми ин баёния гуфта мешавад: “Таҳия ва имзои қарордод дар ҷиҳати ташкили Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил... бар асоси истиқлол ва тамомияти арзӣ... тасреъ шавад”. Ин тасмим дар Анҷумани ШО ИҶШС дар 5 сентябри соли 1991 гирифта шуд. Пас аз рӯшан шудани як чунин “чароғи сабз” аз тарафи Маскав, албатта, дигар роҳе вуҷуд надошт магар эъломи истиқлол. Яъне истиқлоли Тоҷикистон қаҳрамон надорад, ҷойи Қадриддин Аслонов ҳар каси дигаре ҳам мебуд, ногузир ба эъломи истиқлол буд.

Далоили дигар ҳам зиёданд, ки собит мекунанд, ҳич талошу заминаи воқеие барои расидан ба истиқлол дар Тоҷикистон вуҷуд надошта, аммо вориди ин мавзуъ шудан хонандаро ба сафҳаҳои бознашудаи таърихи мебарад, ки куллан мавзуи дигар аст. Шояд дар фурсати муносиб болои ин мавзуъ тамаркуз кунем.

Якпорчагӣ

Ба ҳар роҳе ки буд, истиқлол эълом шуд ва Тоҷикистон ба унвони як кишвар дар сиёсати байнамилалӣ арзӣ ҳастӣ кард. Ин раванд шомили ду буъди муҳим аст, ки яке истиқлол (independence) асту дигаре якпорчагӣ (sovereignty). Аввали эътирофи қудрати як кишвар дар ҷаҳон ва минтақа, ҳамчунин тобеи ҳич қудрати бартаре набудан аст, аммо дувуми эътирофи қудрати марказӣ дар дохили кишвар ва вуҷуди маркази воҳиди контроли кулии манотиқи як кишвар аст. Қабл аз ин ки афкореро дар ҷиҳати истиқлол матраҳ кунем, бояд гуфт, феълан қудрати марказӣ танҳо тавониста шароити якпорчагиро дар кишвар фароҳам кунад, ки дар ин росто саҳми худи ҷомеа камтар аз ҳокимият нест. Яъне ҷомеаи Тоҷикистон марказгурез ё сепаратист нест, ки ба ин шева саҳми қобили мулоҳизае дар ҳифзи якпорчагии кишвар дорад. Аз ин рӯ, ҳокимияти кишвар ниёз ба масрафи бештари нерӯ барои ҳифзи якпорчагӣ надорад. Худованд якпорчагии кишварро бештар аз ин таҳким кунад.

 Аммо муҳимтарин буъди дигари давлати мустақил – истиқлол ҳамоно аз соли 1991 ба ин сӯ дар шеъру суруд зоҳир гашта, ба ҳадде аз он сурудаанд, ки утоқҳои фикрӣ дар Тоҷикистон миёни суруду истиқлол тафовут намегузоранд. Фикр мекунанд, ки истиқлол ва рақсу суруд муродифи ҳаманд.

Аҷиб ин аст, ки Тоҷикистон аз сайтараи Русия, идеологияи коммунистӣ ва фарҳанги русӣ ба истилоҳ раҳо шуд, аммо ин ҳукумати ба истилоҳ истиқлол, ду сол пеш, соли 2023-ро Соли забони русӣ эълом кард. Ин дар ҳолест, ки аксари мақомдори Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ як ҷумлаи бехатто навишта наметавонад. Ҳангоме, ки кишварҳои мустақил талош мекунанд, худро аз кишварҳо ва фарҳангҳое, ки дар гузашта болои он соя афганда буданд, дур кунанд, Тоҷикистон бошад, муаллимони худро барои кор дар сохтмон ва КЖКП-ҳои Русия “ҳидоят”, аммо аз Русия устод даъват мекунад, то миллати мустақилро хӯи ғуломӣ омӯзанд, то дар зимни роҳрӯбӣ забони “хозяйн”-ро фаҳманд. 

Чанд сол қабл зани тоҷикистониеро, ки гӯё фоҳиша буд, яке аз афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пас аз истифодаи ҷинсӣ саллохӣ ва пораҳои ҷасади ӯро аз партовгоҳ пайдо карданд. Афсари русро Русия ба зиндон маҳкум кард, зеро онҳо бо вуҷуди дар Тоҷикистон хидмати низомӣ анҷом додан аз масуният бархӯрдоранд ва кишвари мо ҳаққи дахолат ба кори онҳоро надорад.

Аммо вақте ки ҳодисаи Крокус сити сар зад, муфаттишони рус ба кишвар омаданд ва бо пайвандони афроди мазнун “суҳбат” карданд. Чӣ истиқлоле! 

 Гӯши шаҳрвандро мебуранд, то эътироф бигиранд, аммо касе ҷуръат намекунад, гӯяд, ки онҳо шаҳрвандони кишвари истиқлоланд. Пас ку он иззате, ки тамоми шабакаҳои ТВ дар Тоҷикистон аз он мегӯянд?

Ҳарчанд вуҷуди пойгоҳи низомӣ дар як кишвари истиқлол нишоне аз инҳисор аст, аммо Тоҷикистону Русия гӯиё бар пояи шарокати роҳбурдӣ бо имзои қарордоде пойгоҳи низомиро дар хоки Тоҷикистон мустақар ва барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия суҳулат эҷод карданд, аммо ҳатто соли 2018 куни муҳоҷиронро луч карданд, вале ҷониби Тоҷикистон дар посух лаб во накард. Ҳамин аст иззат? 

Касе боиззатро соатҳо дар фурудгоҳ мисли раммаи гӯсфанд нигоҳ медоранд? Эй, мардум, ку иззату истиқлол? Ҳамон иззате, ки Шумо мегӯед куҷост? Истиқлол ҳамин аст? Истиқлол дарбадарист? Истиқлол ғуломӣ дар Русия ва Урупост? 

Дар замони шӯравӣ, ки бегонагон ҳукм мекарданд ва кишвар идеологӣ буд, аммо ҳоло чӣ? Урупо пур аз паноҳанда ва дарбадар ва Русия пур аз мардикори беҳуқуқ гаштааст, ҳамин аст иззат?

Иззатро бо шиор наметавон касб кард, қудрат иззатро барқарор хоҳад кард, ки он аст истиқлол; истиқлоле, ки тоҷикистонӣ онро надорад!