Мақолаҳои охирин

Бештар Дар Асосӣ  

Qonunijangal

ҚОНУНИ ҶАНГАЛ. ТОҶИКИСТОНИ АСРИ 21 

27.08.2025, Коваи Ҳақсито

Дар соли 2025, дар асри XXI, деҳқони тоҷик ҳамон гунае зиндагӣ дорад, ки садҳо сол пеш мардум зиндагӣ доштанд. Дар кӯҳистон ва деҳот зимистон ҳафтаҳо барқ нест. Тобистон газ нест, ки хӯрок пазанд. Нафақа ва маош хеле ночиз аст. Ба ҳадде, ки нафақаи баъзеҳо ҳатто барои як рӯза хурокашон намерасад. 

Занон барои пухтани хӯрок аз оташи бобоӣ истифода мебаранд. Мардум ҳезуму таппак ҷамъ мекунанд. Мардум чорвояшро ба чарогоҳҳои тобистона мебаранд. Ба киштукору деҳқонӣ машғул мешаванд то зиндагияшонро чархонанд. Кам нафароне ҳастанд, ки  занбӯрпарварӣ меккнанд ва асал мегиранд, то тавонанд зиндагии беҳтаре дошта бошанд. Ва албатта, барои ҳамаи ин заҳмат аз мардум пул талаб карда мешавад. Давлат барои талоши зинда мондан ҳам андоз мегирад.

Тибқи қоидаҳои нав, бе пардохтани маблағҳои гуногун, зинда мондан ғайриимкон шудааст:

  • Ҳезум:

     Агар худат ҷамъ кунӣ 156,92 сомонӣ барои як метри мукааб.

     Агар аз анбори ҷангал бихарӣ 392,29 сомонӣ барои як метри мукааб.

     Дарахт барои чубу тахта агар мепарварӣ, 472–520 сомонӣ барои як метри мукааб.

 

   •   Алафдаравӣ 25 сомонӣ барои як гектар.

  • Чаронидани чорво:

     То 220 сар 235 сомонӣ дар як моҳ.

     То 1000 сар тақрибан 940 сомонӣ дар як моҳ.
  • Занбӯр аз 5 то 10 сомонӣ барои ҳар оила дар як мавсим.

Барои як хонавода, ки масалан агар мард 1500 сомонӣ маош мегирад ва зан 800 сомонӣ даромад дорад, ин бори гарон хоҳад буд. Яъне барои хӯрок, барои гармӣ, барои зинда мондан ҳам бояд пардохт кард.

Ҳама гӯна кӯшиши ҷамъоварии ҳезум, даравидани алаф ё чаронидани чорво, бе «варақаи ҷангалдорӣ» ҷарима карда мешавад. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025  ҳудуди 710 ҳолати «қонуншиканӣ» сабт шудааст:

  • 450 ҳолати буридани ғайриқонунии дарахт,
  • 120 ҳолати чаронидани чорво,
  • 35 ҳолати ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш.

Ба гуфтаи мақомот, зарари умумӣ 647 ҳазор сомонӣ будааст. Яъне давлат камбағалонро барои кӯшиши зинда мондан ҷазо медиҳад.

Зимистон мардум ҳафтаҳо бе барқ менишинанд. Танҳо масолеҳи датрас ҳезум ва таппак аст. Маошу нафақа ночиз аст. Ҳатто барои зиндагӣ дар деҳот намерасад. Аз ин рӯ ҷавонон ба муҳоҷират мераванд. Зеро дар ватан зинда мондан аз кор дар ғурбат ҳам мушкилтар шудааст. 

Кӯдакону пиронсолон дар хонаҳои сард зиндагӣ мекунанд, то фарзандонаш дар ғурбат пул кор карда фиристанд, чунки ҳукумат ҳаққи «зинда мондан»-ро талаб мекунад.

Ингуна андозбандӣ танҳо дар кишваре маъно доранд, ки маош баланд аст, тибб ройгон аст, соҳаҳои иҷтимоӣ фаъоланд ва нафақа барои зиндагии шоиста мерасад. Дар Тоҷикистон бошад мардум барои чизе пул медиҳанд, ки бояд ҳукумати воқеъӣ онро ҷуброн намояд. Ҳукумат аз фақри мардум ҳам фоида мегирад.

Магар ин «қонуни ҷангал» нест? 

Қонуни ҷангал ҳам айнан чунин амал мекунад. Оне, ки қавӣ аст қоида дикта мекунад ва заиф маҷбур аст ҳаққи зиндагӣ кардан пардохт кунад. 

Мардум ба мисли рамаи гусфанд истифода мешавад. Хоҳанд ба алафзор роҳ медиҳанд, нахоҳанд не.

Зери шиори зебои «Тоҷикистон ба пеш!» мардум пеш меравад, аммо на ба сӯи рушд, балки ба самти фақр, таҳқир ва нобудӣ. То вақте ки мардум хомӯш асту розист, ки барои зинда мондан пардохт кунад, ҳукумат ҳам ҳукмронӣ хоҳад кард.

Ин ҳолат айнан ҳамон формулаест, ки як низом барои бақояш мехоҳад: Табдил додани ниёзи инсонӣ ба абзори назорат ва манбаи даромад барои худ.