МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН
19.08.2025
Дар Тоҷикистон ҳарчанд муҳоҷирати меҳнатӣ мушкили рақами аввал аст, то ҳол барномаи мушаххасе ҳам барои рафъи он рӯи даст надорем. Ҷойҳои корӣ аксаран дар рӯйхатҳо ва ваъдаҳои бюрократӣ арзи вуҷуд мекунанд ва ҳамон гунае, ки пайдо шуда буданд ба фаромӯшӣ мераванд. Аммо агар гӯиё вазоратҳо ҳазор корхонаи нав таъсис дода, 15 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё кунанд ҳам кифоя нахоҳад буд. Чунки солона ба бозори меҳнат аз 35 то 45 ҳазор хатмкунандаи мактаб ворид мешаванд. Ҳол он ки кишвар дар умум ба 1,4–1,5 миллион ҷойи корӣ ниёз дорад. Ҳукумат ҳатто барои эҷоди 10% ҷойи корӣ дар як сол қодир нест.
Ҳамчунон, талаботи рӯзафзӯни нерӯи кориро набудани ҷойҳои корӣ ва сатҳи пасти музди меҳнат қонеъ гардонда наметавонад, аз ин рӯ муҳоҷирати меҳнатӣ боз шиддат мегирад.
Аз ин рӯ бозори меҳнати байналмиллалӣ ва махсусан бозори меҳнатӣ Русия ҷавононро ба худ мекашад. Ин раванд дар кулл номуташаккилона буда, танҳо 1% муҳоҷирон аз тарафи ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва хусусӣ ба кор ҷалб мегарданду халос.
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки аксари муҳоҷирони меҳнатиро ҷавонони аз 17 то 39 сола ташкил медиҳад.
Дар 20-соли ахир шумораи аҳолии Тоҷикистон 32% ва захираҳои нерӯи корӣ 67% афзоиш ёфтааст. Аммо дар ин муддат сатҳи шуғлнокии аҳолӣ ҳамагӣ 9,1% афзӯдаасту халос. Ин аст тасвири ҳақиқии мушкили рақами яки Тоҷикистон. Дар натиҷа муҳоҷирати меҳнатӣ оммавӣ гаштаасту кам хонаводае вуҷуд дорад, ки аз он хонадон чанд муҳоҷири меҳнатӣ надошта бошем.
Айни ҳол зиёда аз 65% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли ҷумҳурӣ муҳоҷири меҳнатӣ буда батанзимдарорандаи аслии бозор дар кишвар ҳам ҳамин қишри аҳолист, на ҳукумат.
Тадқиқоти сотсиологие, ки аз тарафи Маркази стротежии назди Президенти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти байналмилаллии меҳнат дар мавзӯи “Тадқиқот оид ба пасандозҳо ва инвеститсияҳои иқтисодие, ки аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ пурқувват карда шудаанд” гӯзарондаанд, нишон медиҳад, ки 31%-и аҳолии ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаро ҷавононои синни 18-25 сола, 39%-ро аҳолии аз синни 26 то 35 сола ва боқимонда 28%-ро аҳолии синнашон аз 36 то 65 сола ташкил медиҳад. Яъне, аслан ҷавонон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд. Солҳои ахир ин раванд дорад “оилавӣ” мешавад ва шумори зиёди оилаҳои ҷавон худро ба муҳоҷират мезананд.
Тибқи маълумоти таҳқиқоти болозикр дар 71%-и хонаводаи тоҷик 1 нафар, дар 22% 2 нафар ва дар 7%-и хонаводаҳо 3 аъзои оила дар муҳоҷиратанд.
Мувофиқи маълумотҳои гуногун тайи солҳои ахир аз 200 ҳазор то 400 ҳазор нафар солона ба хориҷи кишвар мераванд. Иловатан, ҳар сол 150-180 ҳазор нафар нерӯи нави корӣ ба бозори меҳнат ворид мегардад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ имкони танҳо 50-60 ҳазор нафарро барои касбомузӣ фаро гирифтан дораду халос. Ин миқдор ба талабот тамоман ҷавобгӯ нест, аз ин рӯ барномаи ягонаи давлатӣ барои рафъи ин мушкил лозим аст. Бояд дарсҳои касбомӯзиро аз мактабҳо, аз мактабҳои махсус ва интернатҳо оғоз кунем. Инчунин барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ шароити зиёдтар омода созем.
Як бахши муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ масъалаи гендерӣ аст. Зиёд гаштани миқдори талоқҳо, қабули қарорҳои муҳим бе иштироки сардори хонавода ва иштирок надоштани волидайн дар раванди тарбияи фарзандон, хатари дигари ин масъала аст.
Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ муҷаррад ё навхонаанд.
Инчунин дар дохили кишвар мушкили хонадоршавии духтарони ҷавон рӯ ба афзоиш аст. Сину соли никоҳи духтарон боло рафта бисёри муҳоҷирон оилаҳои худро суроғ намекунан. Шумораи занҳои ҷавон дорои кӯдакони хурдсол меафзояд.
Масъалаи дигар ба шароити корӣ ва саломатии муҳоҷирон вобаста аст, ки дар шароити бади зиндагӣ ба корҳои вазнину душвор машғуланд ва дар ҳолатҳои пасти санитарӣ зиндагӣ мекунанд. Инчунин ғизои камкалория ва алоқаҳои ҷинсии тасодуфӣ ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад. Дар натиҷа касалии сил 2-3 маротиба ВИЧ 9 маротиба афзоиш ёфтааст.
Мутаастфона, вафоти муҳоҷирини ҷавони тоҷик дар хориҷи кашвар ва махсусан дар Русия зиёд гардидааст. Масалан, соли 2017 784 нафар, соли 2019 878 нафар ва соли 2021 884 нафар, бо сабабҳои гуногун дар хориҷа вафот кардаанд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ кайҳо боз ба бузургтарин соҳаи хоҷагии халқ табдил ёфтааст, вале то ҳол идоракунии стротежии муносиб барои ин мушкили бузург пайдо накардаанд.
Агар ниҳодҳои ҳимоят аз муҳоҷирин дар Русия тақвият наёбанд, агар Хадамоти муҳоҷират ба таври бояду шояд дар қаламрави Русия сохтор надошта бошанд, ҳалли чунин мушкили бузург ғайриимкон аст.
Ҳамзамон, ҳукумат бояд аз пайи ба даст овардани на камтар аз 100 ҳазор ҷойи корӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва 50 ҳазор дар Куриёи Ҷанубӣ гардад.
Қонун «Дар бораи музди ҳадди ақали соатбайъ дар соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ» бояд таҳия ва қабул гардад. Аз ин ҳисоб метавон танҳо дар соҳаи кишоварзӣ тақрибан 200 ҳазор ҷойи корӣ, дар соҳаи маориф ва тандурустӣ ҳам зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кории доимӣ офарад.
Аз ҳама муҳим ин аст, ки бояд воқеъбин бошем ва дарк кунем, ки иқтисоди бозории солим ҷойҳои корӣ месозад на вазоратҳо. Танҳо рушди соҳибкорӣ ва пешбурди сиёсати самараноки иқтисодӣ метавонанд нерӯи кориро бо ҷойҳои кори дорои маоши лоиқ таъмин кунанд.
Хулоса, танҳо диди нав, мудирияти муосир, ҷаҳду талош ва истифодаи пурраи имконот метавонад моро аз як проблемаи миллӣ халос кунад.