РУСИЯ. МАРҲАЛАИ НАВИ ФИШОРҲО
02.09.2025
Аз 1 сентябр дар Русия бастаи қонунҳои нав ба иҷро медарояд, ки коршиносон онҳоро аллакай «бадбахтии сентябрӣ» номидаанд. Ин чораҳо на танҳо дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандонро шадидтар мекунанд, балки ба иқтисод, маориф ва фарҳанг ҳам таъсир хоҳанд расонд.
Дурӯсттараш давлат на танҳо назорати худро тақвият мебахшад, балки низоми идоракуниро ба шакли «шакку гумони доимӣ» ба роҳ мемонад.
Яъне, ҳамагӣ таҳти назорати шадиди рақамӣ қарор хоҳанд гирифт. Ин назорат аз сим-кортҳо оғоз гардида то саҳифаҳои хусусии корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва почтаҳои хусусии онҳоро дар бар мегирад.
Ҳар гуна фаъолият дар интернет таҳти хатар қарор мегирад. Ҷустуҷӯи «матолиби ифротгароӣ» комилан манъ буда, ҷарима то 5 ҳазор рубл муқаррар шудааст. Ин қонун хеле норавшан арзёбӣ мешавад, чунки метавонад дилхоҳ истифодабарандаро таҳти зарбаи ногаҳон қарор диҳад.
Истифодаи сим-корт ё саҳифаҳои иҷтимоии дигарон акнун ҷаримаи то 200 ҳазор рублро пешбинӣ мекунад. Хариди ҳар сим-корт ба навор гирифта шуда, навор ҳифз мегардад. Дар ҳамаи смартфонҳои нав насби паёмрасони «Max» ва фурӯшандаи барномаҳо «RuStore» ҳатмӣ мешавад.
Яъне, тамоми васоити асосии иртибот таҳти назорат қарор мегиранд.
Аслан, сухан дар бораи абзори назорати оммавӣ ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба манбаъҳои алтернативии иттилоотӣ меравад.
Ҳамзамон, сар аз 1 сентябр таблиғ ва паҳн кардани VPN ҳам қонуншиканӣ ҳисобида мешавад. Барои ин ҷурм ҷарима то 500 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст. Ин маънои бастани ягона воситаи оммавии даврзании сензура ва маҳдудияти пурраи дастрасӣ ба расонаҳои мустақилро дорад.
Инчунин, бонкҳо ҳақ доранд ҳисобҳои шаҳрвандонро бе қарори додгоҳ масдуд кунанд. Ғайр аз ин, баста шудани ҳисоби бонкӣ ба таври худкор шахсро аз алоқаи мобилӣ низ маҳрум месозад. Зеро сим-кортҳо дар Русия ба хизматрасониҳои бонкӣ пайванданд. Ҳар гуна амалиёти «шубҳанок» бо пули нақд низ метавонад ҷиноят ҳисоб шавад.
Яъне давлат низомеро роҳандозӣ кардааст, ки назорати молиявӣ ба абзори фишор ба шахс табдил меёбад.
Соҳибони худравҳоро ҳам “туҳфа”-ҳои нав интизор аст. Аз қабили болоравии шадиди боҷи воридотӣ то се маротиба. Ин зарбаи сахте ба бозори хариду фурӯши худравҳо ворид сохта, нархи онҳоро ба маротиб гаронтар мекунад, ки дар шароити коҳиши даромади аҳолӣ бори сангине ба души истифодабарандагон хоҳад буд.
Дар соҳаи маориф ва бахши фарҳанг ҳам маҳдудиятҳои назаррас ҷорӣ хоҳад гашт.
Аз он ҷумла, хатмкунандагони коллеҷҳо дигар наметавонанд бе супоридани ЕГЭ (имтиҳони ягонаи давлатӣ) ба донишгоҳҳо дохил шаванд, агар ихтисос бо соҳаи таҳсилашон мувофиқ набошад. Ин тадбир на танҳо озодиҳои иҷтимоии ҷавононро маҳдуд мекунад, балки имконияти рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат коҳиш медиҳад.
Филмҳое, ки дорои «арзишҳои бегона» дониста мешаванд, иҷозати намоиш надоранд.
Ба «агентҳои хориҷӣ» ҳама гуна иртибот манъ гаштааст. Ин маънои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои мустақил ва коршиносон дар ҳама саҳоҳаи иҷтимоиро дорад.
Ҳатто хариди ашёҳои рӯзмарра, ба мисли зажигалка, аэрозол ва баллонҳои газӣ, акнун танҳо бо шиноснома ба роҳ монда мешаванд. Давлат низоми назоратро ҳатто дар сатҳи маишӣ ҳам густариш медиҳад.
Дар маҷмуъ, қонунҳое, ки аз 1 сентябр ба иҷро медароянд, тасодуфӣ нестанд. Балки, боз як гоми бузурге мебошанд ба сӯи модели давлатдорие, ки дар он назорат ва шубҳа ҷойи озодӣ ва эътимодро хоҳад гирифт.
Русия ба кишваре табдил меёбад, ки ҳар соҳаи ҳаёт, аз молия ва иртибот то маориф ва фарҳанг, зери назорати шадиди ҳукумат қарор хоҳад гирифт.
Ин сиёсат ҷомеаро ба парокандагии қишрҳо бурда, имконияти иҷтимоиро сахт коҳиш хоҳад дод. Фаъолиятҳои иқтисодӣ ҳам зарари ҷиддӣ хоҳанд дид. Ба ҷойи фароҳам овардани имконот барои рушд, шароите ҳукмрон хоҳад шуд, ки ҳадафаш танҳо пешгирӣ ва маҳдудият хоҳад буд.
Ҳамин тавр сар аз аввали сентябр Русия ба марҳалаи нави фишорҳои сиёсӣ ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ворид хоҳад гашт, ки дар дурнамои наздик хатарҳои зиёде ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии бе ин ҳам беҳаққу ҳуқуқи тоҷик дар Русия хоҳад гашт.
Русия низомеро ҷорӣ карданист, ки назорат на барои амнияти ҷомеа буда, балки назорат абзори истисмори мардум хоҳад гашт.