ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ ЛАЙК БЕКОР ШУД
14 майи соли 2025 Президент Раҳмон ба як қатор қонунҳои муҳим,
ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буданд, имзо гузошт. Дар миёни онҳо қонуне, вуҷуд дорад, ки хусусияти ҳуқуқии наву назаррас дошта, дар самти танзими фазои рақамӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аҳамияти калидӣ касб мекунад.
Оё, ин метавонад қадаме ба сӯи беҳбудӣ барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон дар бахши бехатарии рақамӣ гардад. Чунки, ҳолатҳое буданд, ки маъмурони алоҳида баъд аз боздошти нафар телефони дастӣ ё компутери онро гирифта ба зери чанд навори мамнуъ “лайк” мегӯзоштанд ва делои ҷиноии таёр дар дасташон буд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар ин бастаи қонунҳо қабул гардид, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани лайк ё дигар аломатҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро бекор намуд. Ин тағйирот, ки аз сӯи мақомоти расмӣ ҳамчун як марҳилаи нав дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад, метавонад нақши муҳим дар таъмини озодии баён ва кам кардани фишори ғайримустақим ба корбарони интернет дошта бошад.
Маҳдудиятҳои қаблӣ хеле пайомадҳои бад, хусусан ба қишри ҷавон ва камтаҷриба дошт.
То ба ҳол, амалҳои ба монанди гузоштани лайк, репост ё ҳар гуна ишораи дастгирӣ зери муҳтавои сиёсии танқидӣ ё дигарандешона метавонист дар доираи моддаҳои марбут ба «ифротгароӣ» ва «дахолат ба сохти конститутсионӣ» шарҳ дода шаванд. Дар чанд соли охир, даҳҳо нафар, аз ҷумла ҷавонон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои чунин амалҳои оддӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, зиндонӣ ва ё ҷарима гардиданд. Ин ҳолат дар ҷомеа нигарониҳои ҷиддӣ ба миён оварда, саволҳоеро дар бораи адолати ҳуқуқӣ ва марзи миёни озодии баён ва ҷавобгарии ҷиноятӣ матраҳ мекард.
Бекор кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои лайкро метавон ҳамчун иқдоми деринтизори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар фазои рақамӣ арзёбӣ кард. Ин тағйирот на танҳо ба коҳиши тарс ва худсонсур дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад, балки имкони тавсеаи гуфтугӯи ҷамъиятиро низ фароҳам месозад.
Бо ин вуҷуд, бархе саволҳо то ҳол посухи рӯшан надоранд:
- Оё парвандаҳои онҳое, ки қаблан маҳз барои чунин амалҳо маҳкум шудаанд, бозбинӣ хоҳанд шуд?
- Оё ҷуброни зарари расидаи онҳо таъмин мегардад?
- Ва муҳимтар аз ҳама, чӣ гуна кафолат дода мешавад, ки чунин ҳолатҳои ноодилона дар оянда такрор наёбанд?
Хулоса, қонуни нав метавонад оғози марҳилаи тозаи муносибати давлат бо ҷомеаи рақамӣ бошад. Он метавонад ба бунёди муҳити бехатар, ҳуқуқбунёд ва озод мусоидат намояд, ки дар он ҳар як шаҳрванд худро соҳиби овозу ҳаққи андеша эҳсос кунад.
Дар шароити ҷаҳонии рақамӣ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо воситаи иртибот, балки минбари ифодаи мавқеи шахсӣ ва иштироки сиёсӣ гардидаанд, ҳимояи ҳуқуқи шахс дар интернет ҷузъи ҷудонашавандаи ҳуқуқҳои башар мебошад.
Уммедворем, ин тағйирот рӯи қоғаз намонда, воқеъан ба дарди мардум мехурад ва иштибоҳоти пешин дигар такрор нахоҳанд шуд.