Politica.001

Бозии "демокросҳо" ва "ҷумҳурихоҳон": Ояндаи демокросӣ дар контексти мухолифин

Дар шароити сиёсии муосир, ки қонунҳо ва меъёрҳо барои мувофиқ бо замон будан тағйир меёбанд, ҳамзамон усулҳои аслии демокросӣ бетағйир боқӣ мемонанд.

Принсипҳои плюрализми афкор ва озодии изҳори ақида - асоси ҷомеаҳои демокросӣ мебошанд, ки онро Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дар моддаи 19 кафолат додааст:
Ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад; ин ҳуқуқ бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, бо ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳадоти давлатӣ, ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани малумоту ғояҳоро дарбар мегирад!

Ин ҳуқуқҳо бояд ба муколамаи солим ва рушди ҷомеа мусоидат кунанд, аммо чӣ мешавад, вақте усулҳои демокросӣ на танҳо аз ҷониби ҳукуматҳо, балки аз ҷониби мухолифин ҳам таҳриф мешаванд?

Дар риторикаи сиёсии муосир аксар вақт ярликҳои сунъӣ пайдо мешаванд, ки ҷомеаро ба “тарафдор” ва “мухолиф” тақсим мекунанд. Ҳарчанд дар ҳеҷ санади байналмилалӣ ё қонун ҳатмӣ нест, ки нафар ба ҳаракати мушаххаси сиёсӣ ҳамроҳ шавад ё не. Дар баъзе кишварҳо мухолифон баъзан чунин як хаёле месозанд, ки гӯё танҳо дастгирии онҳо барои ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон зарур асту халос. Ин руҳи плюрализм ва озодии интихобро коҳиш медиҳад, заминаи фишор ба тарафдорони афкорҳои дигаррро муҳайё сохта, онҳоро мавриди ҳамла ва айбдоркунӣ қарор медиҳад. Ҷои қонуну қоидаро тақсимгардонӣ ба “тарафдорони дуруст” ва “тарафдорони нодуруст” мегирад.

Диктатура дар мухолифат ба таҳдиди пинҳонӣ мубадал гаштааст.

Ҳангоми сухан дар бораи диктатураи ҳукуматӣ, набояд тамоюлҳои худкомагӣ, ки дар ҳаракатҳои мухолифон низ пайдо шудаанд, нодида гирифта шаванд. Дар контексти сиёсие, ки идеяҳо ва дурнамоҳо дар рукуданд, роҳбарон ҷойро барои чеҳраҳои нав ва ташаббусҳои тоза намехоҳанд бидиҳанд, демокросӣ ба шабаҳи худ мубаддал мегардад. Мисоли чунин вазъият метавонад ҳизбе бошад, ки онро “роҳбари бегуноҳ” солҳо роҳбарӣ мекунад ва қоидаҳоро дикта мекунад ва ба аъзоёни дигари ҳизб имкони иштирок дар идоракуниро намедиҳад. Ин гуна муносибат осебпазирӣ эҷод карда, дилхоҳ сохторро заиф мегардонад ва онро аз усулҳои демокросӣ, яъне ивазшавии ҳокимият дур мекунад.

Намунаҳои масъулияти демокросиро мешавад дар мисоли Утриш хеле содда ва бармало ба қиёс кашид.

Таърихи кишварҳои демокросӣ, ба мисли Утриш, нишон медиҳад, ки роҳбарон метавонанд манфиатҳои ҷамъиятиро аз мавқеи шахсӣ боло гузоранд ва орзуву омоли ҷамъиятиро қурбони манофеъи шахсии худ нагардонад. Соли 2019 Себастиан Куртс, садри аъзами Утриш, пас аз иттиҳомоти фасод истеъфо дод ва пешниҳод кард, ки ҳукумат пароканда шавад, ҳарчанд ки иттиҳомот беасос буданд. Баъдтар, ӯ ин амалро дар соли 2021 такрор кард ва боз истеъфо дод. Ин амалҳо садоқати ӯро ба усулҳои демокросӣ ва омодагии ӯро барои пазируфтани масъулият дар муқобили иштибоҳот ё иттиҳомот нишон медиҳанд. Аммо, сиёсатмадорони мо, чӣ ҳукуматӣ, чӣ мухолиф бо вуҷуди иштибоҳоти дағал мақоми худро нигоҳ медоранд. То ҳадде, ки намунае барои мисол аз арбобони сиёсии мо ба ҷуз аз шодравон Қаҳҳор Маҳкамов пайдо кардан ғайриимкон аст.

Барои ҷомеъаи имрӯзаи тоҷик эҳёи сиёсӣ ё навсохт, ки ба набзи замона ҷавобгӯ бошад лозим аст. Набошад барои пешрафти ҷомеъаи демокросӣ имкони рушд дигар вуҷуд надорад, агар ҳокимият, ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар мухолифат тағйирпазир набошад.

Усулҳои демокросӣ, аз қабили ивазшавии ҳокимият ва озодии ақида, бояд нисбати ҳамаи субъектҳои сиёсӣ, хоҳ ҳукумат ва хоҳ мухолифат, татбиқ карда шаванд. Роҳбарони ҷавон ва пурэнержие, ки метавонанд идеяҳо ва дурнамои нав оваранд, аксар вақт аз ҷониби чеҳраҳои куҳна, ки мақсадашон танҳо муҳофизати мавқеи шахсияшон аст, маҳдуд карда мешаванд, ки оқубати фоҷиавор дорад.

Диктатураи сиёсӣ дар мухолифат, ҳамон тавре ки дар ҳукумат, ба рушди ҷомеа таҳдид мекунад, дар ин ҷо ҳам барои афкори тоза ва тағйирот монеъа эҷод кардааст. Дар натиҷа, рушди мухолифат заиф гардида, мухолифон доранд нуфуз ва эътибори худро аз даст медиҳанд. Барои тақвияти демокросӣ муҳим аст, ки замина ба вуҷуд оварда шавад, то ивазшавии роҳбарони сиёсӣ ба як амали маъмулӣ табдил гардад.

Вақте ки фазои сиёсат танҳо аз ҷониби ашхоси кӯҳна пур мешавад, он ҳатман чандириро аз даст медиҳад. Инчунин омодагии худро барои тағйирот ва қобилияти мутобиқат кардан бо воқеиятҳои муосирро гум мекунад. Ин мушкилот дар сиёсат тавассути ашхоси хос аз қабили роҳбарони “бо таҷриба”, ки солҳост ҳадафашон танҳо нигаҳ доштани мавқеъи худ аст роҳандозӣ мегардад.

Дар натиҷа, ба ҷои муколамаи самаранок ва муҳити рақобатпазир мо ба рукуд ва такрори ҳамон ғояҳои кӯҳна ва обшуста дучор гаштаем.

Образи ба истилоҳ муаллифи “даҳ китоби ниҳон (но)навишташуда” ва ё китобҳои пай дар пайи ба ҳама маълум рамзи он аст, ки раҳбарон бештар ба нигоҳдории манзалати худ таваҷҷуҳ мекунанд, на ба дастовардҳои воқеӣ.

Чунин шахсиятҳо метавонанд мавқеъҳои баландро ишғол кунанд ва “обрӯ” нишон диҳанд, вале паси ин фасод дурнамои мушаххасе вуҷуд надорад, ва на бӯе аз барномаҳои воқеӣ, ва на садое аз стратегияҳои коркардшуда барои ҳалли мушкилоти фаврӣ вуҷуд надорад!

Чунин муносибат ба фарҳанги сиёсӣ зарари шадид мерасонад ва ба ҳукумат ва мухолифат нобоварӣ ва дар ғояҳои онҳо ноумедӣ эҷод мекунад.

Раванди сиёсӣ ба навсозии доимӣ ва ивазшавии раҳбарон ниёз дорад, то ки ба чолишҳои замони муосир ҷавобгӯ бошад. Дар ҷомеаи демокросии муътадил ҳар гуна хатоҳо, ё гум шудани эътимод, аксар вақт бо истеъфои ихтиёрии роҳбарон ба анҷом мерасад, аммо дар мавриди “алломаҳои” замони мо эътирофи хатоҳо амалан ғайриимкон аст. Ба ҷои он ки истеъфо диҳанд ва буҳронро амиқтар нагардонанд, то ба дигарон имконият диҳанд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд то роҳбарони навро дачтгирӣ кунанд, тамоми нерӯро барои нигаҳ доштани мавқеъи худ сарф мекунанд.

Ин кор ба таназзули раванди сиёсӣ мусоидат мекунад ва мухолифатро ба низоми баста табдил медиҳад, ки на барои ҳуқуқҳои шаҳрвандон, балки барои наҷоти ашхоси алоҳида мубориза мебарад. Натиҷаи ин раванд фоҷиабор буда метавонад ҳама кушишу азми ҳамсафонро қурбонии як нафар гардонад.

Решаи бисёре аз мушкилот чӣ дар ҳукумат ва чӣ дар мухолифат буҳрони амиқи идорӣ буда, ки дигар ҷои баҳс надорад.

Ҳамчунин, картаи маҳал ва дарди маҳалгароӣ, ки солҳост кишварро дар инзивоъ нигоҳ доштааст ба мухолифат ҳам сироят кардааст ва чӣ сирояте! Он ҷо по мебардоранду ин ҷо по мегӯзоранд. Гуиё, байни худ дар сабқатанд.

Аллакай, авторитаризм дар мухолифат иддаои “ҳомиёни мардум” будани онҳоро ба афсона табдил додааст.

Дар ҷомеаи демокросӣ ивазшавии ҳокимият, ба назар гирифтани фикри шаҳрвандон ва шаффофияти фаъолият усулҳои асосӣ мебошанд. Аммо вақте ки раҳбарон аз тағйирот парҳез мекунанд, ҳама гуна мухолифонро ба тавтеъа айбдор мекунанд ё фаъолони ҷавонро иттиҳомҳои гуногун мезананд, чунин ташкилотҳо пайванди худро бо арзишҳои демокросӣ аз даст медиҳанд. Мухолифате, ки аз ислоҳоти дохилӣ даст кашида аст, ба “оина”-и ҳукумати авторитарӣ табдил ёфтааст.
Ва дорад як догмаро бо дигарӣ иваз мекунад, ва манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои ҷомеа болотар мегузорад.

Агар мо ба ҷомеаи демокросӣ, ки идеяҳо ва сиёсатҳо дар ҳақиқат ба шаҳрвандон хидмат мекунанд, таваҷҷуҳ дошта бошем, насли кӯҳна бояд бо эҳтироме, ки доранд канор раванд ва заминаро ба онҳое, ки барои ибтикороти нав қобилият доранд, муҳайё созанд. Танҳо бо ин роҳ метавон шароитро барои рақобати солими сиёсӣ фароҳам овард, ки дар он принсипҳои воқеии демокросӣ, аз ҷумла озодӣ, ҳуқуқ ва баробарӣ риоя ва дастгирӣ мешаванд.

Ояндаи раванди демокросӣ аз ҷасорат ва қобилияти ҷавонон барои даст кашидан аз ғояҳои куҳна ва обшуста, ки натиҷае ба бор наоварданд, низ сахт вобаста аст.

Вақти он расидааст, ки фазои сиёсӣ нав карда шавад, афсонаҳое аз қабили “мухолифати мо дар қиёс ба Узбакистону Туркманистон қавитар аст ё кишвари мо аз Афғонистон оромтар аст” дигар хоби касеро намеоранд.

Вақти он расидааст, ки роҳбарияти сар то по дар иштибоҳ ва нотавонии сиёсӣ ғутта зада, дигар баҳона наҷӯянд ва айбро ба гардани дигарон бор накунанд. Баръакс, кушиш накунанд, ки иштибоҳоти худро хокпошӣ кунанд, балки масъулиятро як бор ба гардан бигиранду бо “як обу рӯи муҳаммадӣ” канор раванд.

Бозиҳои “демокросӣ” ва “ҷумҳурихоҳон”, ки дар ҷомеаи мо тӯл кашидаанд, эътимод ба ҳарду тарафро дар саҳнаи сиёсӣ заиф карда аст. Мо ба ғояҳо, дурнамо ва механизмҳои ҳуқуқии нав ниёз дорем, то раванди сиёсии мо ба сатҳи нав барояд. Принсипҳои ивазшавии демокросӣ бояд сараввал дар мухолифат низ татбиқ шаванд, то ки он вазифаи худро дар ҷомеа иҷро карда тавонад.

Набошад, мо дар хатаре қарор дорем, ки худкомагӣ ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар байни онҳое, ки худро “ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳои ҷомеъа” меҳисобанд, ба як меъёр табдил ёбад.

Ва дар охир суоли матраҳ ин аст: Оё, ҷомеъаи озод метавонад дар шароите, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифаташ дар инзивоъи худкомагӣ дар мондааст, рушд кунад?