
САФАРИ ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН ВА ОРДЕРИ ДОДГОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ
Чаро Душанбе натавонист, ё ҷуръат накард, президенти Русияро боздошт кунад?
8 октябри соли 2025. Владимир Путин ба Душанбе омад, то дар ҳамоиши «Русия - Осиёи Марказӣ» ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ иштирок намояд.
Агар Кремлин бо ин амалаш нуфузи сиёсияш дар минтақаро бори дигар ба намоиш гӯзошта бошад, барои Тоҷикистон ҳам ин сафар намоиш буд, намоиши “дарки сиёсатҳои муосир”. Зеро Путин таҳти ордери боздошт аз ҷониби Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) қарор дорад, ва ҳузури роҳбари давлате, ки дар ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам аст ва агар боздошт нашавад, ӯҳдадориҳои Тоҷикистонро ҳамчун узви Статути Рим зери суол мебарад.
Ордери ДБҶ ва “тақозои замон”
17 марти соли 2023 Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ордери боздошт нисбати Владимир Путин ва Мария Лвова-Белова-ро бо иттиҳоми истихроҷи ғайриқонунии кӯдакони украинӣ содир кард.
Тоҷикистон, ки Статути Рим-ро имзо ва тасдиқ кардааст, аз нигоҳи ҳуқуқӣ вазифадор аст, ки бо ин додгоҳ ҳамкорӣ кунад, аз ҷумла шахсони таҳти таъқиби ин додгоҳро боздошт намояд. Вале ин корро накард.
Аз ин амалкарди Душанбе Урупо мисли ҳамеша “изҳори ташвиш” кард, аммо…
Иттиҳоди Урупо ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ сафари Путинро маҳкум карданд ва аз Тоҷикистон даъват намуданд, ки ӯҳдадориҳои худро дар назди ДБҶ иҷро намояд, аммо ин изҳоротҳо мисли ҳамеша аз саҳфаҳои хабаргӯзориҳо ва расонаҳо дур нарафт, ки нарафт.
Созмони Human Rights Watch аз мақомоти тоҷик хост, ки аз қабули Путин худдорӣ кунанд ва ё ӯро боздошт намоянд, бо таъкид ба он ки қонуни байналмилалӣ барои “ҳама” як аст.
Брукселл изҳор дошт, ки рад кардани иҷрои ордер эътимод ба низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро коҳиш медиҳад ва метавонад ба барномаҳои ҳамкории оянда таъсир расонад. Мисли ҳамеша.
Аммо дар амал, ДБҶ полиси худро надорад, ва иҷрои қарорҳои он комилан аз иродаи сиёсии давлатҳо вобаста асту халос.
Ва инак суоли асосӣ: Чаро Душанбе Путинро боздошт накард?
1. Русия шарики асосии низомӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст. Дар кишвар пойгоҳи 201-уми Русия, бузургтарин пойгоҳи низомии берун аз хоки Русия (бо тақрибан 6–7 ҳазор сарбоз) мустақар аст. Ҳама гуна кӯшиши боздошти Путин маънои бархӯрди мустақим бо нерӯҳои низомии русиро дорад.
2. Фишори иқтисодӣ. Милюнҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад. Фишори бе ин ҳам тунди Русия болои ин қишри беҳуқуқ ва монеъаи интиқоли маблағҳои муҳоҷирон вазъяти дохилиро дар кутоҳмуддат шадид ва вазъи иқтисоди дохилиро дар як шабонарӯз фалаҷ мекунад ва метавонад ноамниҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварад.
3. Набудани кафолат. На Иттиҳоди Урупо ва на ИМА омода нестанд, ки ба таври низомӣ аз Осиёи Марказӣ ҳимоят кунанд. Боздошти Путин Тоҷикистонро дар муқобили Русия танҳо мегӯзошт, ва ҳеҷ кишваре омада мушкили моро ҳал намекард ва ба хотири адолатҷӯии мо ҷанг намекард.
4. Воқеиятҳои сиёсатҳои имрӯз. Пас аз ҳамла ба Укроин ва ҳаводиси Фаластин ҳам Маскав ва ҳам “доъиёни демукросӣ” исбот карданд, ки барои «ҷазо додани ҳамсояҳои нофармон» омода ҳастанд аз зӯр истифода кунанд, агарчӣ садҳо мартаба ноҳақ ҳам бошанд. Ин ҳақиқат, элитаи минтақаи пасошӯравиро водор мекунад, то ба касе эътимод набанданд.
Фаразан, Путин боздошт мешуд. Кремлин ҳатман аз нерӯ истифода мебурд, чунки пойгоҳи низомияш дар чанд килуметрии Душанбе қарор дорад ва ин вокуниш ба фарқ аз вокуниши Брукселу HRW қотеъ ва шадид мебуд.
Пойгоҳи 201-уми Русия фавран амр мегирифт, то «амнияти президенти Федератсиюни Русияро таъмин ва ӯро озод намояд».
Ин маънои истилои низомии Русияро дошт. Масдуд кардани фурудгоҳҳо, ишғоли биноҳои вазоратҳои қудратӣ, ворид кардани техникаи ҳарбӣ ба Душанбе.
Ҳамзамон, Русия таблиғоти васеи иттилоотӣ, зери шиорҳои «табаддулоти давлатӣ бо супориши Ғарб», «суиқасд ба ҷони президент» роҳандозӣ мекард ва боз аз худ “ҳомии мардуми бумӣ” метарошид.
Маскав ҳамзамон метавонист аз ОДКБ ҳам истифода барад ва барои «барқарор кардани тартибот» дахолат намояд. Фишорҳои иқтисодӣ, аз қатъи интиқоли маблағҳо ва вуруди сӯзишвориву фишангҳои дигар гуфтем.
Ҳарими ҳавоии мо дар чунин ҳолатҳо пурра таҳти назорати ин ниҳод, яъне ОДКБ аст.
Артиши Тоҷикистон, ки тақрибан 15–20 ҳазор сарбоз дорад, на аз лиҳози техникӣ ва на омодагӣ қобили муқоиса бо мошини низомии Русия нест. Ҳар гуна муқовимат дар чанд рӯз ба шикаст анҷом меёбад.
Ҷомеаи байналмилалӣ, мисли ҳамеша чанд баёния ва қарорҳои рамзӣ интишор мекунаду ба ҳамин мушкил ба души мардум бор мегардад.
Амали Душанбе тарс не, балки ҷаҳише буд аз болои домҳои пинҳони жеополитикӣ.
Аз як сӯ ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва ордери ДБҶ, ки худи ҳомиёни демукросӣ зери пой кардаанд, аз тарафи дигар тамомияти арзӣ, ки болотораин уҳдадории роҳбарияти як кишвар маҳсуб мешавад.
Дар ин рӯз Душанбе ойинае буд, ки дар он кишварҳои вобаста ба қудратмандҳо воқеъиятро диданд: Шартномаҳои байналмилалӣ дар муқобили воқеиятҳои замони нав аз нархи варақе, ки онҳоро навиштаанд боло нест.
Ин тавҷеҳ нест, балки ташхис аст.
Дунёи имрӯз, ки дар он пойгоҳи низомии кишваре, ки роҳбарашро агарчӣ ДБҶ муттаҳам эълон карда бошад ҳам, дар қаламрави узви дигари Додгоҳи байнулмилалӣ қарор доштанаш, қонунро ба афсона ва ҳукмро ба зувола табдил медиҳад.
То даме ки чунин вобастагиҳо боқӣ мемонанд, адолати байналмилалӣ танҳо як эъломияи ахлоқӣ хоҳад буд, ва суоли «ки ҳаққ аст?» на дар додгоҳҳо, балки дар майдони ҷанг ҳал мешаванд.
Ва агар қонуни байнулмиллал бароятон арзиш дошт, дар Анкориҷ кӣ шуморо аз боло кардани ҳавопаймоҳои ҷангӣ боз медошт, то Путинро дастгир кунед?
Ҳақиқати дигар: Дар ин замон сарҳадҳоро на имзои созишномаҳо, балки масофаи парвози мушакҳо ва қудрати пойгоҳҳои ҳарбӣ муайян мекунад, на қонуни банулмиллал.