Мақолаҳои охирин

Бештар Дар Асосӣ  

Eid_al_Fitr_26

ИДИ САЙИДИ ФИТР МУБОРАК
Ба номи холиқи якто ва маъбуди беҳамто
Ба номи умеди қалбҳо ва нури дидаҳо

19.03.2026

Дӯстони гиромӣ ва ҳамдиёрони азиз!

Инак моҳи мубораки рамазон ба поён расид,
моҳи пур аз файзу эҳсон ва саршор аз нуру имон,
моҳи ҷамъшавии дӯстон дар атрофи як дастархон ва он ҳам дар меҳмонии Зулманнон,
моҳи розу ниёзҳо, илтимосу дуоҳо ва шитобидан ба суи раҳмати бе мунтаҳо.

Дар ин моҳ ҳар кас мекушид то бештар гулҳои рангоран аа муаатаре аз гулшани он барчинад ва талош менамуд меваҳои тару тозае аз боғи он нури ҷон намояд ва дар фазои зебои он мечархид то аз насими форами он бар машомаш атри хуше бирасад.
Дар ин моҳ идае содиқона даст ба кори хайр мезаданд ва идае қотеъона аз корҳои ношоям дурӣ меҷустанд.
Ҳама дар мубориза бо нафси худ буданд ва ба назар мерасид, ки онҳо метавонанд бар он ғалаба намоянд, танҳо ба андаке аз азму иродаи рамазонӣ ниёз доранд.
Чи зебо буд он лаҳзаоте, ки руй ба даргоҳи ҳақ менамудем ва чи лаззате дошт он ибодатҳое, ки шабона дар хилват анҷом медодем,
На риёе дар розу ниёзҳо буд, на худнамоӣ дар он намозу дуоҳо ва на ғурур дар он хайру эҳсонҳо.

Дар ин моҳ эҳсос мешуд, ки чанд қадам ба Офаридгори худ наздиктар гаштем нури илоҳӣ дар дилҳои мо таҷалло медод. Ва садои мазҳабо ва хушомадед аз малакут ба гӯшҳои дили мо мерасид.

Дар ин моҳ эҳсос менамудем, ки чанд фарсах аз шайтон дур шудаем ва ё ӯро аз худ дур намудем ва гуё мо худ бо дастони хеш шайторо дар занҷир бастаем ва дар чоҳе андохтанм. Садои фиғону нолаи ӯро ҳар дам мешунидем.

Дар ин моҳ лаззати ибодатро эҳсос менамудем ва офати гуноҳро дарк мекардем.

Маҳз дар ҳамин моҳ тамоми дустони худро пеши назар меовардем ва барои муваффақияти онҳо дуо менамудем ва тамоми гузаштагони худро ба ёд меовардем ва ободи охиратро барояшон талабгор будем.

Қуръонҳо кушода мешуданд ва садои тиловат дар ҳамаҷо шунида мешуд, шабҳо дар қиёмат рӯзҳо дар ҷустуҷуи корҳои накӯ будем.

Бале азизон, рамазон моҳи бозгашт ба асли худ буд, ҳамон фитрати беолоиш, ҳамон навзоди маъсум ва ҳамон тифли бегуноҳ.
Бале дӯстон, рамазон моҳи эҳсоси инсоният, моҳи оштӣ бо Парвардгор, моҳи дурӣ аз фисқу, фуҷур, моҳи фирор аз кибру ғурур, моҳи гурез аз кинаву кудур буд.

Инак ин неъмати гаронбаҳо моро тарк намуд ва иддае ҳам саросема онро тарк намуда, аз ин дунё реҳлат намуданд. Танҳо акнун дарк намудем, ки чи неъмати гаронбаҳо моро падруд гуфт ва чи фурсатҳои нотакрореро мо аз даст додем. Ҳамчуноне, ки инсоне падр ва ё модар ва азизи худро аз даст медиҳад ва дар он лаҳза дарк мекунад, ки чи неъмати гаронбаҳоеро аз даст дода аст, мо низ акнун бо аз даст додани рамазон файзу баракати онро эҳсос кардем ва дигар ҳамагуна афсӯсу надомат барои мо суде надорад.

Мо аз рафтани рамазон сахт дар андуҳем ва аз истифода накардани фурсатҳои тилоӣ дар он ғамгинем ва шояд он ҳам ба мисли мо ғамгин бошад ва накунад, ки аз мо дар ғазаб бошад.
Алфироқ, алфироқ ё шаҳра рамазон.

Инак иди фитр фаро расид, иди нишоту сурур, хонҳо ороста ва суфраҳо густурда, пиру ҷавон хушҳол, якдигарро табрик менамоем ва ба зиёрати дӯстону наздикон меравем.
чи зебо гуфтааст шоир:
Иди рамазон омаду моҳи рамазон рафт
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф ки он рафт.

Дӯстони гиромӣ ва ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии иди саъиди фитрро ба ҳамагон табрик менамоям.
Рӯзаҳоятон қабул, дуоҳоятон мустаҷоб ва гуноҳоятон омурзида бод!
Дуогуи онем, ки дар саросари ҷаҳон сулҳу оромӣ ҳоким бошад, ба ғарибон бозгашт ба назди азизон, ба асирону зиндониён раҳоӣ ба беморон тандурустӣ ва ба ҳамагон имону амону тандурустро хоҳонам.

Бо камоли эҳтиром
Муҳаммадкарими ОРЗУ