Konhoi tillo

Гузариш аз доллар ба тило ё андар боби фурӯши конҳои тило бо Чин

Уфти қурби доллар ва ояндаи ин пул дар ҷаҳон ба унвони арзи аслӣ дар додуситадҳои бозори ҷаҳонӣ мақомоти Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст.

 Аммо ин ташвиш аз пардохти қарзи хориҷӣ ва ё пеш нарафтани иқтисод, бад шудани вазъи зиндагии мардум нест. Ташвиш аз он аст, ки дороиҳои мақомдорони олии Тоҷикистон ва азизтарин азизони давлат, ки дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд, беқурб хоҳанд шуд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба кашфу истихроҷи тило ҳамкориро бо Чину Русия равнақ бахшидааст. Ахиран бо Русия як санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Дар ҳоле ки қариб ҳама конҳои тилои Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои Чинд қарор доранд, то чанд моҳи ахир масъалаи кашф ва истихроҷи тило барои давлат авлавият дошт. Яъне давлат бо захира кардани тило то андозае метавонист вазъияти пуливу молии худро танзим кунад. Ҳоло ки чанд кишвари дунё барои аз доллар канор рафтан тасмим гирифтаанд, ин кишварҳо бештари додуситадҳоро бо пули миллӣ анҷо медиҳанд ва ин вазъ фазои истифодаи долларро маҳдуд кардааст. 

Дар ин сурат мақомоти Тоҷикистон, албатта, мақомоти олии кишвар бо ба назар гирифтани манофеи азизони худ дар қавоиди фаъолият таҷдиди назар кардаанд. Акнун онҳо тасмим гирифтаанд, дар бонкҳои хориҷӣ на доллару евро, балки барои рӯзи маболо тило захира кунанд. Ин тило дар ҳисобҳои шахсӣ захира мешавад, на дар ҳисоби бонкии давлати Тоҷикистон. Барои ҳамин дар ҳоли ҳозир чанд ширкати чинӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба кашфу истихроҷи тило машғуланд. 

Ба гуфтаи мақомоте, ки аз суҳбатҳои пасипардагӣ бохабаранд, ширкатҳои чинӣ кони тилоро пайдо мекунанд ва захираи онро муайяну ба давлат пешниҳод менамоянд. Давлат дар навбати худ ин конро дар ихтиёри яке аз азизтарин азизонаш қарор медиҳад. Ин азизи азизон асноди лозимаро омода сохта, ин мавзеъро барои чанд сол ба иҷора мегирад ё агар захираи тило бештар бошад, ин мавзеъро мехарад. Вале дар асноди харидуфурӯш аз он ки дар ин мавзеъ тило нуҳуфтааст, ҳарфе вуҷуд надорад. Иқдоми баъдӣ ин аст, ки ин азизи давлат баъди омода кардани асноди зарурӣ ин “чарогоҳ” ё “замини бекорхобида”-ро ба як ширкати чинӣ ба иҷора медиҳад. Ширкати чинӣ пас аз омода шудани асноди иҷора ба истихроҷи тило машғул мешавад.

Ҳамин тавр ин кони тило дигар аз давлат нест, балки моли шахсии яке аз азизони давлат ба ҳисоб меояд. Ва баъдан агар Худо хоҳад, ин тило дар бонкҳои хориҷӣ ба номи набера ва абера барои рӯзи мабодо захира мешавад. Ин ҳама қаллобию ҷаллобӣ бе кумаку ширкатҳои чинӣ ғайриимкон аст, дар ҳоле ки фасоди молӣ дар фаъолияти ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон дар авҷи аъло қарор дорад.

Дар Тоҷикистон ҳич як ширкати чинӣ бидуни додани ришват ба мақомдорони ҷумҳурӣ фаъолият карда наметавонад, хоҳ ширкати бузург бошад, хоҳ ширкати фурӯшанда дар бозор. Боз як паҳлуи ҷолиби ҳамкории Чину Тоҷикистон дар он аст, ки дар пиёда кардани барномаҳо ё иҷрои қарордодҳо чиниҳо аз нерӯи кории кишвар ё тоҷикистониҳо истифода намекунанд. Онҳо барои амалӣ кардани тарҳҳое, ки бояд худашон иҷро кунанд, аз Чин коргар меоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки худи мардуми Тоҷикистон бекоранд ва барои рӯзгузаронӣ маҷбуранд, ба Русия ё дигар кишвар барои дарёфти ҷойи кор бираванд. Азбаски мақомоти кишвар барои иҷозат додани кори ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ришват мегиранд, ба ин шарти Чин розӣ мешаванд. Ҳамчунин аз ин баъд низ шеваи ҳамкории Душанбе ва Пекин дар ин соҳа аз ин раҳгузар хоҳад рафт.

Бахусус ин қавоиди фаъолият барои кашфу истихроҷи тило бисёр мувофиқ аст барои мақомоти Тоҷикистон. Яъне дар конҳои тилои кишвар тоҷикон кор намекунанд ва ҳама фасоду қаллобию ҷаллобӣ ошкор нахоҳад шуд.

Ҳикмати Дарвеш