IntikhobotiBeintikhob

ИНТИХОБОТИ БЕ ИНТИХОБ

Агар ба фаъолияти даҳсолаи ахири ҲНИТ назар афканем, воқеияти ногуворе ба назар мерасад.

Дар ин муддат, на танҳо ягон дастоварди назаррасе, ки ба манфиати ҳаракат ва мухолифин бошад, дида намешавад, балки баръакс, хатогиҳои стротежи ва такрории роҳбарияти ҳизб вазъро бадтар кардааст.

Яке аз мушкилоти асосии ин даҳсола он буд, ки ҲНИТ наметавонист платформа ва барномаи воқеии сиёсии худро рӯшан кунад. Изҳоротҳо бештар эҳсосотӣ ва умумӣ буданд, бе нақшаи амалӣ ва бе роҳкори дақиқ. Ин на танҳо мухолифинро ноумед кард, балки эътимоди ҳатто ҷонибдорони собиқашро низ аз байн бурд.

Дар ин даҳ сол, ҲНИТ натавонист насли навро ба ҳаракат ҷалб кунад. Ҳамон чеҳраҳои кӯҳна, ҳамон суханҳо, ҳамон усулҳо, ки барои ҷомеаи дар ҳоли тағйир, аллакай кӯҳна ва нокоромад гаштаанд. Дар ҳоле ки кишвар ва ҷомеа дар ҳолати дигар қарор доранд, раҳбарияти ҳизб дар доираи кӯҳна ва тафаккури солҳои гузашта боқӣ монда аст.

Илова бар ин, муносибати роҳбарият бо дигар ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои мухолифин дар хориҷ ҳамеша дар як фазои нигаронкунанда ва ҳамеша орӣ боварӣ буд. Масалан, бо вуҷуди имкониятҳо, ҲНИТ натавонист бо гурӯҳҳои дигари мухолифин ҳамкории муассир барқарор кунад. Ҳатто гурӯҳҳои алоҳидаи мухолифин, мисли «Гурӯҳи 24» ва дигарон, бо ишора ба нокомии стротежии роҳбарияти ҲНИТ, эломи ҳамкорӣ ё қтъи равобит карданд. Ин на танҳо шикасти равобити сиёсӣ аст, балки нишонаи он аст, ки ҲНИТ ҳамчун платформаи воқеии мухолифин эътибори худро аз даст додааст.

Дар арсаи байналмилалӣ низ ҲНИТ натавонист мавқеи худро устувор кунад. Ширкат дар чорабиниҳои байналмилалӣ бештар ба намоишкорӣ монанд буд, бе пешниҳоди воқеии роҳҳали масъалаҳои сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа ва кишвари Тоҷикистон. Изҳоротҳо бештар барои намоиш, барои истеъмоли дохилӣ буданд, на барои таъсиргузорӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ. Яъне бе ҳадаф!

Илова бар ин, дар ин даҳ сол, ҲНИТ ба ҷои навсозӣ ва таҷдиди сохторӣ, бештар бо баҳонаҳо ва айбҷӯӣ ба дигарон машғул шуд. Ба ҷойи баррасии норасоиҳои дохилӣ, роҳбарият ҳамеша дигаронро гунаҳгор медонад: ё шиддати сиёсии дохилӣ, ё рақибон, ё ҳатто ҷомеаи байналмилалиро. Ин гуна рафтор на танҳо масъулиятро аз роҳбарият дур мекунад, балки эътимоди мардумро ба таври куллӣ коҳиш медиҳад.

Хулоса, фаъолияти даҳсолаи ахири ҲНИТ наметавонад намунаи як ҳаракати муваффақи сиёсӣ бошад. Баръакс, ин даҳсола як давраи нокомӣ ва нобарориҳои пайдарпай аст, ки на танҳо ба эътибори худи ҳизб, балки ба ҳама ҳаракатҳои мухолифин дар маҷмӯъ зарба зад!

Набудани барномаи рӯшан ва амалишаванда камбуди асосии ҳар ҳизб ё ҳаракате ҳаст, ки даъвии мухолиф будан мекунад. Дар тамоми дунё мухолифин барномаҳои беҳтар нисбат ба низом пешниҳод мекунанд, аммо ин ҷо ҳеҷ баномае таи 10 соли ахир муаррифӣ нагаштааст.  

Як мушкили дигари бунёдии баъзе аъзоёни ҲНИТ ин аст, ки танқиди роҳбарро танқиди ҳизб медонанд. Айнан мисли ҳукумат, ки танқиди камбудиҳоро танқиди шахси раисиҷумҳур талаққӣ мекунанд. Мантиқе, ки хоси худкомаҳост!

 Дар тӯли ин даҳ сол, роҳбарияти ҲНИТ натавонист барномаи сиёсӣ ва иқтисодии мукаммалро пешниҳод кунад, ки на танҳо ба аъзои худ, балки ба мардуми кишвар эътимод бахшад. Ҳама чиз дар сатҳи шиорҳо ва эҳсосот монд: “адолат”, “ҳуқуқ”, “озодӣ”… бе нақшаи амалӣ ва роҳкори возеҳ.

Қисмати зиёди роҳбарият солҳо боз тағйир накардааст. Ҷавонон ва чеҳраҳои нав имконияти воқеӣ барои ба саҳна баромадан надоранд. Ҳизб ба шахсиятпарастӣ гирифтор шудааст, ки ин раванд боиси аз даст додани эътимоди ҷомеа гаштааст. Аз он, ки сару садоҳои аъзои ин ҳизб дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баланд гашт камбуди дигар, буҳрони идориро дар ин сохтор ба намоиш гӯзошт.

ҲНИТ солҳо боз дар ҳолати интизорӣ қарор дорад. мунтазири фурсатҳо, тағйирот аз берун, ҳатто “хато”-ҳои ҳукумат. Ба ҷои ташаббус нишон додан ва барномаи мустақилона сохтан барои оянда, роҳбарият танҳо ба ҳаводиси беруна вокуниш нишон медиҳаду халос.

Ҳамзамон, нокомиҳо дар ташкили иттиҳод ва эътилофҳо ҳам яке аз камбудиҳои роҳбарияти ҲНИТ гаштааст.

Ин ҷо бамавқеъ мебуд агар роҳҳои эҳтимолии ислоҳи вазъро ҳам баррасӣ мекардем. 

Аввалин коре, ки боисти кард ин навсозии роҳбарият ва ҷалби чеҳраҳои нав бояд бошад.

Барои барқарорсозии эътимод ва рӯ овардан ба воқеиятҳои нав, ҲНИТ бояд насли навро ба саҳна оварад. Ин бояд бо таҷдиди сохторӣ ва тақвияти демукросӣ дар дохили ҳизб асос гардад.

Агар роҳбарият садои ҳамсафононро, ки дар Фейсбуку Ютюб ва дигар расонаҳо садо медиҳанд, воқеан бишнавад ва ба онҳо имконият диҳад, як навсозии қавӣ ва эътимод ба вуҷуд хоҳад омад. Чунки, дар фазое, ки ҳеҷ интиқод ва ислоҳ вуҷуд надошта бошад, он фазо ҳатман ба нобудӣ мебарад. 


Дуввум, таҳияи барномаи мукаммал ва амалишаванда.
ҲНИТ бояд барномаи сиёсӣ ва иқтисодие таҳия кунад, ки мушаххас, равшан ва амалишаванда бошад. Барнома бояд ба масъалаҳои воқеии мардуми кишвар ҷавобгӯ бошад ва бо нақшаҳои амалӣ пуштибонӣ гардад.

Барқарор сохтани равобити эътимоднок бо дигар гурӯҳҳои мухолифин.

Ташкили эътилоф ва платформаи умумии мухолифин на танҳо барои ҳадафҳои сиёсӣ, балки барои эҷоди эътимод ва нерӯи воқеӣ хеле зарур аст. ҲНИТ бояд эътироф кунад, ки ба танҳоӣ амал кардан имконотро маҳдуд мегардонад.

Роҳбарияти ҳизб бояд мавқеи равшан ва возеҳро дар масоили ҳуқуқи башар, демукросӣ ва адолати иҷтимоӣ ифода кунад ва онро дар сатҳи байналмилалӣ бо забон ва услуби қобили қабул пешниҳод намояд.

Мисолҳои мушаххас аз фаъолияти даҳсолаи ахир

Масалан, дар соли 2015, пас аз басташавии фаъолияти расмии ҲНИТ дар Тоҷикистон ва эълони онро ҳамчун ташкилоти мамнӯъ, роҳбарияти ҳизб ба хориҷ аз кишвар кӯчид. Ин лаҳза бояд нуқтаи оғози таҷдид ва ташкили платформаи устувори байналмилалӣ мешуд. Аммо ба ҷойи ин, роҳбарияти ҲНИТ бештар бо изҳоротҳои умумӣ ва нишастҳои матбуотии камасар рӯй оварданд. Масалан, изҳоротҳо оид ба нақзи ҳуқуқи инсон ва демукросӣ ҳамеша якхела ва бе таҳлили амиқ ва усулҳои куҳна буданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаракатҳои дигари мухолифин, мисли “Гурӯҳи 24”, тавонистанд дар бархе ҳолатҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба масоили муҳими кишвар ҷалб кунанд, масалан, бо ташкили намоишҳои эътирозӣ ё муроҷиатҳои расонаӣ. Аммо ҲНИТ ҳатто дар ин замина натавонист мавқеи қавӣ дошта бошад. Ин гуна бетафовутӣ ва набуди ташаббусро ҷомеа ҳамчун аломати беамалии ҳизб арзёбӣ кард.

Боз як мисол дигар: ҲНИТ дар ибтидо тавонист дар байни муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия ва дигар кишварҳо кору зиндагӣ мекарданд, пуштибон пайдо кунад. Аммо дар даҳ соли ахир, бо адами барномаи амиқ, хидматрасонии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон, ин пуштибонӣ шадидан коста шуд. Ҷавонон ва муҳоҷирон бештар ба гурӯҳҳо ва шахсиятҳои нав рӯй оварданд, ки бо забони оддӣ ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фикрҳои худро баён мекунанд.

Мимоли дигар нақши заиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои рақамӣ аст.

ҲНИТ натавонист дар фазои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеи қавӣ касб кунад. Саҳифаҳои ҳизб бештар расмӣ ва хушканд, бе мундариҷаи ҷолиб ва мутаассиркунанда. Дар муқоиса, рақибон бо видеоҳои кӯтоҳ, изҳоротҳои таъсирбахш ва саҳнаҳои зинда тавонистанд диққати мардумро ба худ ҷалб кунанд.

Аз ин рӯ, ҲНИТ бояд ба таври ҷиддӣ фикр кунад: оё бо ҳамин равиши кӯҳна, бо чеҳраҳои кӯҳна ва шиорҳои кӯҳна метавонад дар саҳнаи сиёсӣ боқӣ монад? 

Оё бе тағйироти решадор ва навсозии воқеӣ метавонад эътимоди мардум ва ҳамсафони худро барқарор кунад?

Дар акси ҳол, ҳизб ба як ниҳоде табдил мегардад, ки на танҳо ба ҷомеа, ҳатто ба аъзои қатории худ хизмате карда таметавонад.