Jangi gharbu rusia

Осиёи Марказӣ - майдони рақобати ҷадиди Ғарбу Русия дар ҷанги энержии ҷаҳонӣ

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле дари кишварҳои нафтии ҷаҳонро барои ҷойгузин кардани сӯхти Русия мекӯбанд, ки буҳрони ҷаҳонии энержӣ аз ҳоло дар Шриланка аз худ дарак дода.

Мардуми Шриланка ба далели қамбуди сӯхт ва гаронии молу коло дар пайи афзоиши қимати сӯхт даст ба ошӯб зада, қасри раисҷумҳурро тасарруф карданд ва манзили нахуствазирро ба оташ кашиданд. Раисҷумҳури Шриланка по ба фирор ниҳод ва нахуствазири ин кишвар барои ин суханаш, ки то омадани нахуствазири ҷадид дар қудрат мемонад, хонаашро дар коми оташ дид. 

Ҳошияҳои нишасти Хазар ва қатъи нафти содиротии Қазоқистон ба Аврупо

Пас аз шуруи ҷанги Русия бо Украина ҷанги энержии Ғарбу Амрико бо Русия буҳрони энержӣ дар ҷаҳон шадидтар шуда, дар тамоми арсаҳо миёни Русия ва Ғарб рақобат барои тасоҳуби манобеи энержӣ идома дорад. Ахиран кишварҳои ҳавзаи дарёи Хазар нишасте дар Туркманистон бо ҳузури сарони ин кишвар баргузор карданд, ки ин нишаст ҳошияҳои лаҳзаӣ ва пасонишастии зиёдеро ба дунбол дошт.  Аз истиқболи сарди Владимир Путин дар долони фурудгоҳи Туркманистон то қатъи лӯлаи гази содиротии Қазоқистон ба Аврупо, эътироз дар Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпоқистон дар Ӯзбакистон ҳошияҳо ва пасларзаҳои ин мавзуъро нишон медиҳад. 

Дар чанд ҷабҳа ҷанги энержӣ миёни Ғарбу Амрико бо Русия идома дорад ва доманаи ин ҷанг то ба Осиёи Марказӣ низ кашида шудааст.  Нишасти кишварҳои ҳавзаи дарёи Хазар нишондиҳандаи аҳамияти мавзуи энержӣ дар ҷаҳон аст ва ҳодисаҳои пасонишаст нишон дод, ки миёни ин кишварҳо ихтилофҳои доманадор шудааст. 

Пас аз чанд рӯзи ин нишаст, ки Владимир Путин аз як тараф ва ғарбиҳо дар ҳамкорӣ бо баъзе кишварҳои минтақа аз тарафи дигар мехоҳанд контроли манобеи нафтиву газии минтақаро дар даст дошта бошанд, ихтилофҳо ошкортар шуданд. Дар Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпоқистони Узбакистон ошӯб сар зад, ки “дасти савум” муттаҳам ба сар задани он шуд. Сипас дар авоили июли соли ҷорӣ Русия ба баҳонаи садама ё корношоям шудани қисмате аз лӯлаҳои гази содиротии Қазоқистон, ки аз баҳри Хазар ва ҳудуди Русия убур мекунад, ба муддаи 30 рӯз фаъолияти онро мутаваққиф кард.     

Рашид Жаксиликов, раиси Шӯрои Иттиҳоди ширкатҳои нафтии Қазоқистон дар суҳбате бо радиои “Озодӣ” дар ин кишвар гуфтааст, ки Русия метавонад амдан мушкилотеро дар ин бахш эҷод кунад, то муваққатан истихроҷи нафт қатъ шавад ва мушкили сунъии камбуди нафт эҷод, фишор ба давлати Қазоқистон ворид гардад. 

Нашрияи олмонии “Handelsblatt” ҳам дар таҳлиле навишт, ки Русия амдан хатти лӯлаи интиқоли нафти Қазоқистон ба Аврупоро қатъ кардааст. Ин нашрия варианти осеб дидани лӯла бар асари тӯфони шадид ё посухгӯ набудани онро ғайривоқеӣ донистааст. 

Ҳамзамон Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон пас аз ин ҳодиса бар аҳамияти стратегӣ доштани мавзуъ ишора карда, ба кобинааш дастур дод, то роҳҳои алтернативии содироти нафти Қазоқистонро баррасӣ кунанд ва бандарҳои баҳри Хазарро фаъол созанд. Ӯ танаввуи арзаро як амри зарурӣ номид.  Бархе таҳлилгарон ин иқдоми Русияро танбеҳи Путин барои ошкоргӯиҳои раисҷумҳури Қазоқистон дар мухолифат бо мавзеи расмии Маскав ва “амалиёти вижаи низомӣ”-аш дар Украина медонанд.   

Дар ҳоли ҳозир Русия ба хотири таҳти фишор қарор додани Ғарбу Амрико дар таъмини нафту газ тамоми талошро ба харҷ медиҳад. Эрон, кишваре, ки захоири нафту гази зиёд дорад, бо Русия ҳамоҳанг аст. Венесуэла ҳам, ки манобеи ғании нафтӣ дорад, феълан дар ростои манофеи Русия амал кардааст. Чин бо бештар кардани саҳми хариди нафт аз кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, бахусус Арабистон аз арзаи бештари он ба Ғарб ҷилавгирӣ кардаву бо Русия ҳамнавост. Арабистон ҳамчунин ба хотири он ки Русия дар ҳамкорӣ бо Эрон аз тариқи Яман ба таъсисоти нафтии ин кишвар осеби ҷиддӣ ворид накунад, аз ҳамкории ҷиддӣ бо Амрико ва Аврупо баъд аз буҳрони Украина худдорӣ кардааст. Қатар бо вуҷуди доштани захоири нафту газ ниёзи Ғарбу Амрикоро таъмин карда наметавонад ва ҳамчунин бо машваратҳои Теҳрону тарс аз осеби эҳтимолии Русия бо эҳтиёт амал мекунад. Хулоса, Русия дар кулли минтақа соя андохтаву талош дорад, манобеи энержии ҷаҳон аз контроли Маскав хориҷ амал накунанд. 

Дар Ҳамин ҳол Амрико ва Ғарб ҳам барномаҳои худро дар ин хусус доранд ва Ҷо Байден дар сафари барномарезишудае ба Ховари Миёна қарор аст, бо сарони Арабистон ва кишварҳои минтақа дидор дошта бошад. Мавзуи асосӣ, албатта, чолиши энержӣ аст ва ахиран бо Туркия ҳам равобити беҳтаре барқарор шудааст.      

Хабаргузориии “Садо ва симо” дар таҳлиле ба ин мавзуъпардохта, навиштааст, Туркия, ки косиби бозор аст, дар авоили буҳрони Украина худро бетараф ва миёнҷии Русияву Украина нишон медод, аммо бо як-ду бор “ноз” кардан бо имтиёзоте аз сӯйи Амрико розӣ шуд, ки Шведсия ва Финландия ба узвияти НАТО пазируфта шаванд. Туркия бо вуҷуди ихтилофот ва таноқузоте ки бо Исроил дорад, дар ҳамкорӣ бо Исроил ва кишварҳои арабӣ ва Иттиҳоди кишварҳои туркзабон талош мекунад, мавзуи энержии Ғарбро ҳал кунад. Ангезаҳои ҷанги Қарабоғ, ҳимояти Туркия ва Исроил аз Озарбойҷон дар ин ҷанг низ бо ҳадафи боз кардани долони заминии мустақим миёни Озарбойҷон ва Туркия ба Арманистон таҳмил шуд, аммо ягона монеа дар ин самт мавзеъгирии қотеи Эрон будааст. 

Пас аз сардиҳои равобити Туркия бо Арабистон ва Миср бар сари баҳси ихвониҳо акнун Туркия бо Арабистон ва Миср наздиктар мешавад. Анкара бо канор гузоштани сиёсати ихвонигарӣ таваҷҷуҳи ин кишварҳоро ба худ ҷалб мекунад. Исроил, ки худ талош дорад, бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ майдонии баҳсии нафтии “Кореш” бо Лубнонро коркард ва сипас интиқол диҳад, акнун дар ҳамкорӣ бо Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мехоҳад нафту гази Туркманистону Қазоқистонро ба Аврупо интиқол диҳад. Аммо Русия ва Эрон бо нуфуз болои Ҳизбуллоҳи Лубнон монеи ин кор дар Ховари Миёна мешаванд. 

Баҳси энержӣ миёни Русия ва Ғарб дар Осиёи Марказӣ ҷиддитар мешавад. Қазоқистон мехоҳад бо истифода аз фурсат вобастагии интиқоли нафтӣ аз Русияро коҳиш диҳад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 дарсади содироти нафти Қазоқистон аз тариқи қаламрави Русия анҷом мешавад. Қазоқистон барои амалӣ кардани ин ҳадаф долони транзитии баҳри Хазарро дар назар гирифтааст. Ӯзбакистон ҳам бо мавзеъгирӣ алайҳи Маскав дар авоили ҷанги Русия бо Украина нишон дод, ки мехоҳад аз инзивои Маскав раҳоӣ ёбад. Тағйирот дар Қирғизистон ва ба сари қудрат омадани тими Содир Ҷабборов то ҳанӯз дар зеҳнҳо суолҳоеро халқ карда,ки ба "одам"-и кӣ будани ӯ ишора мекунанд. Туркманистон ҳам фурсатро муғтанам шумурд ва Бердимуҳаммадови ҷавонро ба курсӣ нишонд. Ҳоло ин кишвар дунболи содироти сӯхти худ бо ҳамкорӣ бо “Толибон” ба Покистон ва ё ҳамкории Туркия ва Озарбойҷон ба Аврупо аст. 

Гуфта мешавад, дар ду даҳаи гузашта Амрико ва бархе сарони Иттиҳоди Аврупо бо ироаи тарҳи Транс-Хазар талош кардаанд,назари ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистонро ҷалб кунанд. Ин се кишвари ҳавзаи Хазар аз ҳомиёни тарҳи мазкур маҳсуб мешаванд, аммо Русия ва Эрон, ду кишвари дигар ин ҳавза мухолифи ин тарҳ ҳастанд.

Оля Боронбоева, таҳлилгари қазоқистонӣ дар умури Хазар ахиран дар бораи аҳамияти каридори Транс-Хазар дар бурунрафт аз инзивои транзитӣ гуфт, барои бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсеаи каридори Транс-Хазар шонси табдил шудан ба бузургтарин масири ҳамлу нақли ҷаҳониро дорад. Аз нигоҳи ин коршинос, тарҳи Транс-Хазар метавонад ҷойгузине барои тарҳи Роҳи Абрешим дар бахши Осиёи Марказӣ аз тариқи баҳри Хазар бошад. 

Ахиран хабаргузории “Рейтер” ба нақл аз як манбаи аврупоӣ гуфт, Иттиҳоди Аврупо мехоҳад ба бузургтарин сармоягузор дар нерӯгоҳи “Роғун”-и Тоҷикистон табдил шавад. Далели аслии ин иқдом коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба энержии Русия ва посухи Иттиҳоди Аврупо ба тарҳи «Як камарбанд, як роҳ»-и Чин унвон шудааст. Ин манбаъ навишт, Иттиҳоди Аврупо алоқаманд ба дастёбӣ ба истиқлоли энержии Осиёи Марказӣ аз Русия аст ва Ғарб дар вокуниш ба ҳамлаи моҳи феврали Русия ба Украина талош карда, Маскавро мунзавӣ кунад. 

Ин паёмро метавон ба маънои шуруи рақобати Ғарб бо Русия дар бахши энержӣ дар кишваре аз Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистон номид. Зеро “Роғун” аз ҷанги Русияву Украина қаблтар ҳам ба сармоягузорӣ ниёз дошт, аммо Ғарб то кунун хомӯш буд. Садо додани ин ҳарфҳо ба тозагӣ тобиши сиёсӣ метавонад дошта бошад ва ин кишварро ба майдони чолиши Ғарбу Русия бикашонад. 

Русия чашминтизори зудтар фаро расидани зимистон ва "ба зону даровардани Аврупо" дар масъалаи гармӣ ва сӯхт аст. Аврупо ва Амрико ба дунболи сӯхти ҷойгузини Русия ва ба "инзивоъ" кашидани Маскав ҳастанд. Бо ин вуҷуд идомаи рақобатҳои энержӣ дар ояндаи наздик нишон медиҳад, ки кори Русияву Ғарб ба куҷо мекашад ва дар тасмимгириҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ таъсири худро хоҳад гузошт. Аз ин рӯ ҳар кишваре вобаста аз шароити геополитикӣ ва манофеи миллӣ метавонад тасмими дурустро рӯйи даст бигирад.