РОҲИ НАҶОТИ ПИРЯХҲОИ КИШВАР ДАР БУНЁДИ ҶАНГАЛҲОСТ, НА ДАР КОНФРОНСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Баназдикӣ да Тоҷикистон конфронси об баргузор шуд. Ба қавли расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ, намояндаҳо омаданду нишастанд, гуфтанд ва рафтанд.
Масоили дастрасии мардум ба оби ширин ё ошомиданӣ лоянҳал боқӣ монд. Захираи об низ дар Тоҷикистон зиёд нашуд ва баръакс рӯ ба камӣ боқӣ монд.
Дар Доғистон, ки мисли Тоҷикистон кӯҳистонӣ аст, агар ҳамсоядеҳа ҳамсояи худро дуои бад кунад, мегӯяд: “Худо чашмаи деҳаатон хушк шавад”. Ба навиштаи Расул Ғамзамтов, муаллифи китоби “Доғистони ман”, ин бадтарин дуо дар Доғистон аст.
Тоҷикистонро кӣ дуои бад кардааст, ки дар ин се даҳаи ахир ҳазорҳо чаншма дар кӯҳистони мо хушк шудаанд?! Аз ҳазорҳо бештар пиряхҳо дар Тоҷикистон, ки захираи оби ошомиданӣ буданд, аз байн рафтанд. Захираҳои оби Тоҷикистон наздик ба 30 дарсад кам шудаанд.
Дар қаламрави Тоҷикистон садҳо рӯдхона ҷорӣ буд ва ҳоло 50 дарсади он ки бештар аз 10 километр тӯл доранд, ба ҷӯйбор мубаддал шудааст. Таърихи аниқ дар ёдам нест, аммо экспедитсияи Русияи подшоҳӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди як миллиону 600 ҳазор ҳектор ҷангалзорро сабт карда буд. Ҳоло аз ин ҷангалзорҳо ҳудуди 600 ҳазор ҳектораш боқӣ мондааст.
Ҷангалзор дар кӯҳистону доманакӯҳҳо захирагари об ба ҳисоб меояд. Ҳазорҳо чашма аз ин захоири об рӯ мезананд. Рӯдхона аз ин чашмаҳо маншаъ мегирад.
Ба ёд биёред, чаро дарёчаи Арал хушк шуд? Барои хушк нашудани дарёчаи Арал дар қаламрави Ӯзбакистону Қазоқистон СММ кумитае ба номи “Наҷоти Арал” таъсис дод. Садҳо марокизи таҳқиқотӣ дар ин ҳавза фаъолият мекунанд. Миллиардҳо доллар аз маболиғи ин кумита масраф шуд. Вале Арал наҷот наёфт. Дар он солҳо бо истифода аз захоири оби Тоҷикистону Қирғизистон Ӯзбакистон даҳҳо обанбори маснуӣ сохт, то аз ин захираи об миллионҳо ҳектор замини пайхтаро обёрӣ кунад. Ва ҳамин тавр низ шуд, вале аз хушкшавии Арал ҷилавгирӣ нашуд.
Бо хушк шудани Арал обуҳаво дар Осиёи Миёна тағйир ёфт. Аз чил сол аст, ки вазиши чангбод ё ба қавли мардуми тоҷик, хокбориш дар Тоҷикистон ба як ҳодисаи маъмулӣ мубаддал шудаааст. Ин чангбод аз минтақаи Арали хушкшуда бармехезад, ки мардум онро боди афғонӣ мегӯянд. Дар солҳои аввал ин бод то Душанбешаҳр нарасида, дар вилояти Хатлон тамом мешуд. Аммо рафта-рафта, сол ба сол хушкшавии Арал зиёд шуду ин бод аз Душанбе гузашт ва ба кӯҳистон расид.
Ин чангу бод болои пиряхҳои Тоҷикистон менишинад. Ва ин қабати хок мисли рӯпӯш пиряхҳоро гарм нигоҳ медорад, ки боиси обшавии зуди пиряхҳо мегардад. Сабаби дигари камшавии оби пиряхҳои Тоҷикистон ҳамин хушкшавии Арал ва боди афғонист, ки ҳоло ҳич кумита ва конфронси об наметавонад аз он ҷилавгирӣ кунад.
Ба қавли бархе аз коршиносон ва донишмандон, ин конфронсу ҷаласаҳо ҷуз радду бадал кардани маблағҳои СММ дар заминаи об чизи дигаре нест.
Ҳоло оби ошомиданӣ ва дастрасии мардум ба об яке аз муҳимтарин масъалаи дунё ба ҳисоб меояд. Тамоми масоили геополитикӣ дар дунё тавъам ба захоири оби нӯшокист. Тамоми ҷангу ҷидол, даргириву муқовимат миёни кишварҳо ба об рабт дорад. Барои мисол, сабаби танишҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони шӯравӣ то баъд аз он низ об аст.
Ба гуфтаи донишмандон аз пажуҳишгоҳи Бразиля, ки он ҷо беш аз 500 донишманди саршиноси дунё дар мавриди захираи об ва ояндаи захираи об дар дунё кор мекунанд, дар 50 соли оянда захираи об дар сайёраи Замин мавзуи рақами як мешавад. Бисёре аз кишварҳо барои захираи об таҷзия мешаванд. Бисёре аз шаҳрҳои бузурги дунё аз беобӣ ва беодамӣ харобазор мешаванд.
Беҳтараш аз ин пешгӯиҳои мудҳиш баргардем ба Тоҷикистон. Дар гузашта, замони шӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об дар дунё пас аз Русия дар ҷойи дуюм буд. Ва ҳоло низ аз ин лиҳоз Тоҷикистонро дар дунё ба чашми кам намебинанд. Тоҷикистон сероб аст, вале мутаассифона, аз ин захираи худодод мо танҳо панҷ дарсади онро истифода мекунем. Танҳо 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасии комил дорад. Боқимонда, 70 дарсади мардум бо обе, ки аз дигар ҷой меоранд, рӯз мегузаронанд.
Дар Тоҷикистон садҳо русто вуҷуд дорад, ки дар фаслҳои сармо ва баҳор оби боронро захира карда, то расидани зимистону баҳори дигар онро истифода мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло аз тавони дастарас кардани об ба мардум оҷиз аст.
Ба қавли донишмандони дунё, дар 50 соли оянда Тоҷикистон ба биёбон табдил меёбад. Дар сурате ки аз ин биёбоншавӣ ҷилавгирӣ шавад, Тоҷикистонро зарур аст, 1 миллиону 600 ҳазор ҳектор ҷангалзори кӯҳу доманакӯҳҳоро дубора бақарор кунад. Яъне дар кӯҳу доманакӯҳҳо дарахт шинонанд.
Барои ҷилавгирӣ аз ҷангбод тамоми масоҳати хушкшудаи Арал бояд ба дарахтзор мубаддал шавад, ки ин на танҳо кори Тоҷикистон, балки аз Ӯзбакистону Қазоқистон низ ҳаст. Кумитаи наҷоти Арал бояд тамоми маблағи дар ихтиёрдоштаашро на ба баргузории конфронсу ҷаласаҳо, балки барои дарахтзор кардани бистари собиқаи Арал сарф кунад.
Ҳикмати Дарвеш, рӯзноманигор