Goldtajikistan

ЗАХИРАИ 150-ТОННАИИ ТИЛОИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ КУҶО ШУД? 

Ҷанг дар Украина ва рӯёрӯии Русия бо кишварҳои ғарбӣ иқтисоди ҷаҳонро дар вазъи мушкил қарор додааст. Гуфта мешавад, дар ҳоли идомаи вазъи иқтисодӣ дар ҷаҳон хароб мешавад, ки албатта, кишвари мо низ аз ин ҳалқа берун нест. Аммо барои пушти сар кардани чуни мароҳил Тоҷикистон чӣ роҳе дорад? Албатта, ин суол моли бозоргузари Тоҷикистонро пеши назар меорад, ки он ҳам тило будааст.

Бояд гуфт, Тоҷикистон дар сол аз 1,5 то ду тонна тило истихроҷ мекунад. Ин тило дар ихтиёри Вазорати молия қарор дорад. Ғайр аз ин Бонки миллии Тоҷикистон низ дар ихтиёри худ тило дорад. Бонки миллӣ тилои дар ихтиёрдоштаи худро аз давлат ё аз бозор мехарад ва дар мавриди зарурат мефурӯшад. Яъне бонк бо дарназардошти даромаду харҷи захираҳо ба харидуфурӯши тило машғул аст. Шояд он маҳсулотеро, ки Тоҷикистон аз бозорҳои хориҷӣ бо сомонӣ, пули миллӣ харида натавонад, онро бо доллар, евро, юан ва тило харидорӣ мекунад. Ин муомила дар тамоми дунё вуҷуд дорад. Тоҷикистон тилоро аз куҷо мегирад? Аз бозор мехарад ё худ истихроҷ мекунад!

Тоҷикистон захираи зиёди тило дорад. Масалан, кони тилои Шугнов. Аз ин кон аз замони шӯравӣ ва аз он ҳам қабл тило истихроҷ мешуд. Дар қадим истихроҷи тило аз ин конро заршӯӣ мегуфтанд.

Ба қавли геологҳо, конҳои асосии тило дар ҷумҳурӣ конҳои пошхӯрда ба ҳисоб мераванд, ки тилоро бо усули заршӯӣ аз оби рӯдхонаҳои кӯҳӣ ҷавмъоварӣ мекарданд. 

Мутобиқи илми геология, тило метали худрӯй аст. Порчаҳои тилои холис ба унвони метали худрӯй дар байни дигар сангу металпораҳо медурахшад. Ба ин далел бо усули заршӯӣ истеҳсоли он осонтар аст. Аксари конҳои Тоҷикистон конҳои пошхӯрда маҳсуб мешаванд. 

Тоҷикистон конҳои дигари тило низ дорад, ки истихроҷи он танҳо бо роҳи саноатӣ мумкин аст. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор асту релефи мушкил дорад. Кишвар конҳои зиёде дорад, ки танҳо аз тариқи истифода аз хару асп ва пиёда ба онҳо расидан мумкин аст. 

Ба ин далел истеҳсоли тило аз захираи мавҷуд дар кон вобаста аст. Агар захираи тило зиёд бошаду харҷи сохтмони роҳ, корхонаи коркарди маъдан, моҳонаи коргарон, дастгоҳу мошинолотро бароварда созаду боз оидоти зиёд боқӣ монад, истеҳсоли тило аз ин кон мумкин аст. Боз ҳам ба шарте ки давлат тавони сохтмони зербино ё инфраструктура барои истеҳсоли тило дар чунин конҳоро дошта бошад.

Хуб, маълум аст, ки Тоҷикистон аз тавони молӣ ва фаннии истеҳсоли тило дар чунин конҳо бархурдор нест. Бинобар ин кишвар маҷбур аст, дар робита ба тавлиди тило ба ширкатҳои хориҷӣ муроҷиат кунад. 

Ба гуфтаи коршиносон, ҳич кони тилои Тоҷикистон дар ихтиёри кишвар нест. Ба ин иддао чандон эътимод набояд кард, зеро ба назари дигар коршиносон, мутмаинан ҳоло бархе аз ширкатҳои заршӯӣ дар минтақаи Шугнов барои давлат фаъол аст, ки тилои ба дастомада барои меҳмонҳои олиқадр, туҳфа барои онҳо, ҳамчунин барои рӯзи мабодо пешбинӣ шудааст.

Модоме ки конҳои тилои Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ қарор доранд, пас аз ин гуна ҳамкорӣ мо чӣ қадар тило ба даст меорем? Ба ин суол ҳич як аз мақомот посух намедиҳад. 

Хуб, бармегардем ба гузашта. Сӣ сол пеш сарвазири онвақтаи Тоҷикистон дар Душанбе гуфта буд, ки Вазорати молияи Тоҷикистон дар ихтиёраш 150 тонна тило дорад ва ҷумҳурӣ метавонад дар тӯли чанд сол мардумро бо озуқа ва дигар ниёзҳо таъмин кунад. Ин дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ин нахуствазир ҷойи худро ба сарвазири дигар дод. Мардум ҷангу гуруснагиро аз сар гузаронд. Созмони Милали Муттаҳид мардумро кумак кард ва ҳоло ҳам мекунад. Вале дар мавриди захираи тилои 150-тоннаии Вазорати молия хабаре нест ва кас намедонад, ки он куҷо шуд.

Ба қавли маъруф, “бар гузашта салавот”. Аммо агар дар Тоҷикистон солона ҳудуди 1,5 ило 2 тонна тило истеҳсол шавад, пас дар 30 соли охир ба ҳисоби миёна 50 тонна тило истеҳсол шудааст, ки бояд дар ихтиёри Вазорати молия боқӣ монда бошад. 

Агар ин тахмину мулоҳизаҳои мо дуруст бошанд, пас барои Тоҷикистон аз буҳрони ғизоие, ки ҷаҳонро дар пеш аст, ҳич ҳаросе боқӣ намемонад. Тоҷикистон метавонад ҳудуди 1,5 миллион тонна гандуми ниёзи худро бо тило аз Русия харидорӣ намояд. Зеро раиси Бонки марказии Русия чанд сол қабл ҳушдор дода буд, ки сомонии тоҷикӣ ба онҳо даркор нест.

Бубинед, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ барои бурдани захираи гандуми Украина чӣ қадар талош мекунанд. Барои онҳо на Украина, балки гандуми онҳо лозим аст. 

Қазоқистон низ гуфтааст, ки ба Тоҷикистон гандум намефурӯшад. Агар ин тахмину мулоҳизаҳои мо ғалат бошанд, вой бар ҳоли Тоҷикистон дар оянда. Зеро на танҳо конҳои тилои Тоҷикистон дар ихтиёри ҷумҳурӣ нест, балки бино ба қарордодҳои имзошуда, мардуми тоҷик ҳақ надорад, дар истихроҷи тилои ин конҳо кор кунад.