Haag.01

АЗ ФАЙЗОБОД ТО ГААГА

Дар даҳсолаи охир мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар на ба як нерӯи муттаҳид, балки ба саҳнаи пурмоҷарои нобоварӣ, ҷудоӣ ва гумонбаркуниҳои беохир табдил ёфтаанд. 

Ба ҷойи ҷабҳаи ягона ва муборизаи муштарак, ҷомеаи сиёсӣ дар муҳоҷират саргардони низоъҳои шахсӣ, айбдоркуниҳо ба хиёнат, фасод ва хешутаборбозӣ гардидааст. 

Барои бисёриҳо, ноумедии аслӣ он аст, ки ба ҷои ташаккули раванди демукросӣ дар шароити муҳоҷират, модели худкомаи шинос, вале бо ороиши аврупоӣ, роҳандозӣ шудаасту халос.

Дар ҳамин замина, хабари пешниҳоди шикоят ба Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ (МУС) алайҳи Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёни ӯ ногаҳон “ҳангома”-е барпо кард. Дар изҳороте, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) элон дошт, ин ҳизб бо якчанд созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳуқуқшиносони хориҷӣ таи 4 сол (!!!) ин шикоятро таҳия ва ба МУС пешниҳод шудааст. Дар он садҳо ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи инсон зикр ёфтаанд, аз ҷумла қатлҳои ғайрисудӣ то таъқиби сиёсӣ ва зӯровариҳои ҷинсӣ.

Сабт ва ҳуҷҷатгузории ин ҷиноятҳо, албатта, муҳим аст. Вале шинохти воқеии механизми адолати байналмилалӣ ҳам зарур мебошад. МУС механизми дахолати фаврӣ надорад. Он як равандест дарозмуддат, печида ва комилан вобаста ба шароити сиёсӣ. Шикоят ба ин суд маънои адолатро надорад, балки метавонад танҳо ҳуҷҷатсозӣ ва фишори рамзӣ бошад. Он ҳам дар сурате, ки дигар омилҳо, чун таҳаввули сиёсӣ ва имкони изолятсияи байналмилалӣ, вуҷуд дошта бошанд.

Таҷрибаҳои талхи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки на ҳама вақт муроҷиат ба ин ниҳод корсоз будааст. Масалан:

  • Эритрея: даҳҳо созмон шикоятҳо ба МУС ироа карданд дар бораи ғуломдории иҷборӣ ва ҷиноятҳои дигари низоми диктатурӣ дар ин кишвар. 

Натиҷа: Дар 20 сол  ҳеҷ таҳқиқе оғоз нашудааст.

  • Мянма: шикоятҳо доир ба наслкушии роҳинҷаҳо аз соли 2017 ҷараён доранд. Танҳо соли 2023, ва он ҳам бо салоҳияти хеле маҳдуд, МУС ба баррасии масъала шурӯъ кард.
    Натиҷа: То ҳол номаълум.       

 

  • Зимбабве: шикоятҳо алайҳи Роберт Мугабе ба МУС дар соли 2008 пешниҳод шуданд, вале боиси ягон амал нашуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чанд “изҳори нигаронӣ” иктифо карду халос.

МУС абзори фишори ахлоқист, на механизми тағйироти сиёсӣ. Он дар шароити тағйироти ҷиддии дохилӣ метавонад кор кунад, вале ҳаргиз наметавонад ягона манбаъи “наҷот” бошад. Маҳз аз ҳамин сабаб, пешниҳоди шикоят, новобаста аз арзиши рамзии он, набояд ҳадди ниҳояти мубориза гардад.

Дар он ҳолате, ки худи роҳбарияти ҳизб дар чанд моҳи охир қарор дорад, ин иқдоми байналмилалӣ ба як навъ пиари сиёсӣ табдил ёфтааст. Бори дигар, як гурӯҳ мекӯшад тоҷи “инқилобгар”-ро ба сар кунад ва мардумро бовар кунонад, ки роҳи наҷот на дар иқдоми шаҳрвандон, балки дар утоқҳои Гаага ҷойгир аст.

Ин “дастоварди муҳими ҳизбӣ” зуд аз ҷониби “ашхоси ба ҳама маълум” “якдилона” дастгирӣ ёфта, садҳо нашри якхелаи матолиб, истифодаи абзорҳои таблиғотӣ ва ҷилваи  “ҳомии” аслии миллат бо шеваи ба ин ашхос маъмулӣ барои рӯпӯш кардани бӯҳрони дохилӣ ва бетафовутӣ нисбат ба ниёзҳои воқеии ҷомеа роҳандозӣ гардид.

Боз ҳам таъкид мекунем, култи шахсият  ба бунбаст мебарад. Ҳатто агар бо шиорҳои “адолат”, “имон” ва “ваҳдат” онро оро диҳед ҳам.

Мардум ба наҷотдиҳанда аз Файзобод ё Гаага ниёз надоранд. Онҳо ба сохторҳое ниёз доранд, ки воқеан барои хидмат ба мардум фаъол бошанд, на барои хайп ва намоиш.

Роҳи озодӣ ва адолатро намешавад ба ҷуз бо риояи адолату ҳақиқат паймуд. 

Хулоса, шикоят ба МУС метавонад саҳнаи ҷолиб ва иттилоотии нав бошад, вале он наметавонад ҷои муборизаи воқеӣ, адолату ҳамраъйӣ ва озодии виҷдону баробариро танг кунад. 

То замоне ки байни  мухолифини тоҷик эътимод, боварӣ, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдат набошад, ҳар навъ “шикояти таърихӣ” рӯи қоғаз боқӣ монда, танҳо саҳнаи навбатии театри сиёсӣ мегардаду халос. 

Барои эҷоди як мухолифати воқеъан коромад эҷоди як мухолифат бо мудирияти ҷадид ва диду нигоҳи тоза лозим аст, ки барои ташкили он азхудгузаштанҳо мехоҳад. То куҷо мухолифати кунуни дар симои ҲНИТ ба дарки ин масъала расидааст таи чанд ҳафтаи дигар маълум хоҳад гашт. 

(Foto by aa.com.tr)