Dushanbe-Vienna.001

 

ДУШАНБЕ ВА ВЕНА: КОРБУРД АЗ ТЕХНОЛОЖӢ Ё АЗ ХИРАД

 

(Дар ҳошияи навиштаи “Asia-plus“:
Что Душанбе может перенять у Вены – города, который 15 раз признавался самым комфортным городом мира
Подробнее:https://asiaplustj.info/ru/news/life/person/20250424/chto-dushanbe-mozhet-perenyat-u-veni-goroda-kotorii-15-raz-priznavalsya-samim-komfortnim-gorodom-mira) )

25.04.2025, Вена

Вақте мо Венаро «шаҳри роҳаттарини ҷаҳон» меномем, бояд дарк кунем: сухан на дар бораи оростагии кӯчаҳо, на дар бораи пешрафти техноложии рақамӣ ва ҳатто на дар бораи тозагии муҳит меравад. Дар паси ин зоҳири ором ва танзимшуда, заминаи амиқтаре нуҳуфтааст: камолоти сиёсӣ, эҳтиром ба шарафи инсонӣ ва фарҳанги масъулият. Мо бояд инҳоро омӯзем, агар мехоҳем Душанбе на танҳо «муосир», балки шаҳри адолатпарвар ва шоиста бошад.
Технуложии рақамӣ метавонанд зиндагиро осонтар кунад, вале он наметавонад адолатро таъмин намояд. «Шаҳри ҳушманд» бе ҳукумати ҳушманд танҳо намоишномаест, ки пушти парда заъфҳои иҷтимоияш пинҳон карда шудааст. Вақте шахс аз баён кардани андешаи худ метарсад, ба додгоҳ бовар надорад, болояш зулм мешавад, ҳар гуна гуфтугӯ дар бораи «пешрафт» ба афсона монанд мешавад.
Дар Вена эҳтиром ба шарафи инсон  «муд» нест, балки барои онки ҷомеа дар тӯли таърих ба худ масъуният бар зидди истибдод парвариш кардааст, меъёр гаштааст. Ин ҷо мефаҳманд: ояндаи рӯшанро наметавон болои тарс, хомӯшӣ ва зӯроварӣ сохт. Аз ҷумла зӯри ҷисмонӣ. Дар низоми қонунии Утриш, шиканҷа ҳамчун василаи идора ё ҷазо истифода намешавад. Ин қаҳрамонӣ нест, ин меъёри асосии як давлати мутамаддин аст.
Маҳз ҳамин меъёр: “ҳимояи ҷисм ва шарафи инсон аз ҷониби қонун” бояд барои Душанбе низ меъёр гардад. Шиканҷа, ҳатто агар онро бо «манфиати давлат» ё «мубориза бо ҷинояткорӣ» сафед кунанд, на танҳо шахсиятҳоро мешиканад, балки эътимоди ҷомеаро ба адолат аз байн мебарад.
Ҳукумати қавӣ ҳукуматест, ки метавон онро танқид кард, ҳукумати қавӣ аз танқид наметарсад!
Вена бо як чизи муҳиме барои омӯзиш дорад: қуввати ҳукумат на дар ҳаҷми салоҳиятҳояш, балки дар сатҳи ҳисоботдиҳии он пеши мардумаш. Вақте, ки роҳбарро мардум интихоб мекунанд, на ин ки таъйин мегардад, ин танҳо унсури демукросӣ нест, балки ифодаи эътимод аст. Додгоҳи мустақил хатар ба суботи ҷомеъа не, балки кафолати субот дар ҷомеъа аст. 
Вақте эътироз аксуламали ноумедӣ не, балки шакли муколама аст, ҷомеа зинда аст.
Душанбе бояд дарк кунад: ивазшавии ҳукумат нишонаи заъф нест, балки воситаи солимгардонии кишвар аст. Он ҷо ки ҳукумат аз интиқод метарсад, ва андеша таъқиб мешавад, дер ё зуд ҳама бар ҳам мехурад.
Ченаки пешрафти воқеӣ ин таъмини зиндагии шоиста бо ҳифзи меъёрҳои иҷтимоист.
Вена он касонеро, ки заиф, камбизоат ё беморанд, канор намегузорад. Табобати ройгон, дастгирии пиронсолон, дастрасӣ ба маориф ва манзил ва садҳо дастгириҳо дорад. 
Инҷо мардумсолорӣ танҳо шиор не, балки меъёри аслии пойдории ҷомеъа аст.
Душанбе метавонад ин усулҳоро қабул кунад, агар қарор диҳад, ки арзиши асосӣ на иқтисод барои худи иқтисод, балки инсон ҳамчун ҳадаф ва маънии аслии кишвардорӣ аст. 
Аён аст, ки мушкилоте чун фақр, тарс, таҳқир ба шарафи инсонӣ нодида гирифта мешавад. Агар ҳукумат ин дардро эҳсос накунад, пас аллакай иртиботи худро бо воқеият гум кардааст.
Вена биноҳои таърихии худро барои наслҳои оянда нигоҳ медорад. Душанбе бошад, баръакс. Биноҳои таърихиро вайрон карда ҷои онҳоро ба қуттиҳои тиҷоратӣ иваз менамояд. Шаҳре ки хотирааш поксозӣ шавад чи ояндае хоҳад дошт?
Аммо муҳимтарин чизе, ки Душанбе метавонад аз Вена биомӯзад, ин дарк кардани он аст, ки сиёсат бояд на ҳунари идоракунӣ, балки ҳунари хизматрасонӣ бошад. Маҳз ҳамин чиз аст, ки шаҳрро зинда, муҳитро одилона ва мардуму масъулонро таҳаммулгар месозад.
Мо метавонем аз тақлид даст кашем. Метавонем аз зери сояи тарс берун бароем. Ба мардум «шаҳри ҳушманд» бо фасоди густурда ва ноадолатӣ лозим нест, ба мардум шаҳре, ки дар он шаъну шараф шиор аст, шаҳре, ки дар он каромати инсонӣ дар ҷои аввал аст. Шаҳре, ки ҳар нафаре дар он худро на “рақам”, балки шаҳрванди комилҳуқуқ ҳис кунад, лозим аст. 
Ва шояд, рӯзе бирасад, ки намуна барои мо на Вена, балки мо худ барои худ намуна бошем.