Falsche.democraty.01

ИМПЕРОТУРӢ ЗЕРИ НИҚОБИ ДЕМУКРОСӢ: ВАҚТЕ ИНСОН БА ТАҲДИД ТАБДИЛ МЕГАРДАД

Душманоне, ки ба ҳамдигар ниёз доранд!

Ҷаҳон одат кардааст, ки ИМА ва Русияро ҳамчун душманони оштинопазир бубинад. Ҷангҳои ҳибридии онҳо, таҳримҳо, айбдоркуниҳои мутақобила ва баёнияҳои шадиди сиёсӣ як эҳсоси муқовимати бунёдиро ба эҷод мекунад. Аммо паси ин саҳнаҳои сиёсӣ воқеияти дигаре нуҳуфтааст: на мубориза барои озодӣ, балки мубориза барои нуфуз, ва на низои ҳақиқӣ, балки ҳараҷу мараҷи тавофуқшуда, ки дар он тарафҳо мудатҳост нақшҳои худро тақсим кардаанд.

«Демукросӣ»-и амрикоӣ ҳарчи бештар на ба унвони як арзиш, балки ҳамчун абзор амал мекунад: вайрон кардани давлат, густариши бесуботӣ ва сипас мудохила бо баҳонаи «ҳимояи аз ҳуқуқу озодиҳо». 

Русия низ бо рауишҳои шабеҳ амал мекунад, аммо зери шиорҳои дигар: «ҳифзи арзишҳои анъанавӣ», «мубориза бо зургӯии Ғарб». 

Аммо натиҷа якест: заифсозии миллатҳо, тарс ва назорат ба сарнавишти миллионҳо нафар.

Нуктаи оғоз бесарусомонӣ аст!

Фарқ намекунад, Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ё Аврупои Шарқӣ. Ҳама ҷо манзара як аст:

- дахолати хориҷӣ зери баҳонаҳои қашанг;
- Фурӯпошии ниҳодҳо;
- Низомҳои мутеъ ё низоъҳои тӯлонӣ.

Ин «содироти демукросӣ» ё «амалиёти зидди терроризм» ҷузъи як истротежии бузурганд: аввал роҳандозии бесуботӣ, сипас таҳти контрол гирифтан. 

Амрико ва Русия дарки хубе аз наҳваи амалкарди ин тарҳ доранд. Онҳо душман нестанд, рақибонанд! Рақибоне, ки дар як низом, ки ҳар кадом тамошобини худро ба ваҷд меоранд, дар ҳоле, ки тақсими сарвату нуфузро пуши парда идома медиҳанд.

Аммо дар ин асно, мушкили дигаре барояшон сар мезанад: Интернет ва бедоршавии инсоният.

Нерӯе ҷадиде, ки ҳеҷ имперотурӣ имконияти пурра зери назорат гирифтани онро надорад: Як ҷомеъаи мадании ҷаҳонии пуё, ки дар интернет дар ҳоли шаклгирӣ ва зуҳур кардан аст.

Интернет он одамонеро ба ҳам пайваст, ки марзҳо, таблиғот ва тарс онҳоро асрҳо аз ҳам ҷудо нигоҳ медошт. Имрӯзҳо як навори кӯтоҳ, ки дар он як ҷавон барои як зани мискин ғизо мехарад, кофист, ки ҳазорон нафар аз кишварҳои мухталиф ба ӯ кумак фиристанд. Бидуни дастур аз боло. Бидуни идуоложӣ. Бидуни шиорафканӣ.

Ин танҳо хайрия нест, балки шакли ҷадиди ахлоқ аст! Мардум масъулиятеро бар дӯш мегиранд, ки ҳукуматҳо кайҳо аз он рӯй гардондаанд. Онҳо шабакаи ҳамдардӣ ва масъулиятпазирӣ месозанд, новобаста аз сиёсатмадорон ва сохторҳои расмӣ.

Чаро ин барои ҳукуматҳо хатарнок аст?

Империтуриҳо аз эътироз намеҳаросанд. Онҳо аз он меҳаросанд, ки одамон бидуни онҳо зиндагӣ карданро меомӯзанд.

Вақте як шаҳрванди Туркиё барои як пиразани Молдовӣ пул мефиристад, достони хусумат байни миллатҳоро мешиканад. 

Вақте ҷавонон бидуни интизорие ба солмандон кӯмак мекунанд, онҳо нишон медиҳанд, ки меҳру ҳамдилӣ аз қонунҳо самарабахштаранд.

Ин аст тарси ҳақиқии кишвардорҳо:

  • ки интернет аз итоат берун мешавад;
  • ки меҳрубонӣ дигар танзим намешавад;
  • ки инсоният ниёз ба иҷозат, таҳрим ё миёҷигарӣ надорад.

Он чӣ имрӯз шоҳиди он ҳастем, сирфан як маърака ё гуруҳи таблиғотии тасодуфӣ нест. Ин тухми як аҳдномаи нави иҷтимоӣ аст, на байни давлат ва шаҳрванд, балки байни худи мардум. Бе миёнарав. Ҷое ки ахлоқ болотар аз қонун аст ва иштироки фаъол муҳимтар аз итоат аст. 

Аз ҳамин сабаб аст, ки давлатҳо чӣ демукросӣ ва чӣ худкомаҳо, бештар платформаҳоро масдуд мекунанд, муҳтавои нашру табъро зери назорати шадид мегиранд ва пайгирии диҷитолро ҷорӣ менамоянд. Ба унвони як шабакаи ҷаҳонӣ, одамони боинсоф таҳдиди воқеӣ ба тамоми низомҳои ҳоким мегарданд.

Имперуториҳо аз инқилоб намеҳаросанд.

Имперуториҳо аз инсонҳо ҳарос метарсанд.

(Нур Хазарӣ)