ГурҷииФарзона

КОРНОМАИ ЯК ГУРҶИИ ФАРЗОНА ДАР СИНД

Зиндагӣ ва корномаи ин шахсийяти фарҳехтаву донишманд, ки хонадони онҳо пас аз нооромиҳои сарзамини аҷдодияш овораву саргардон то Ҳинд расиданд,

ба ҳаддде шигифтангезу ибратбахш аст, ки ҳатто душманонаш – лордҳои мутаҷовизи ғарбиро ба ваҷд меовард. Ӯ 4 октабри соли 1853 дар устони Синд ба дунё омад, дар маҳалли Танду Тҳуру (канориҲайдаробод). «Донишномаи адаби форсӣ дар Шибҳиқора» (Теҳрон, 1380 ҳ. ш.) зимни муаррифияш ӯро ҳамчун ҷуғрофиёдон, адиб, таърихнавис, ситорашинос ва мутарҷими форсигӯйи Ҳинд тавсиф мекунад, ки хонаводаи ӯ аслан аз Гурҷистон бархоста. Падараш – Мирзофаредунбек ва падарбузурги модарияш – Мирзохусравбеки Гурҷӣ, аз наҷибзодагони шаҳри Тифлис будаанд. Ӯ худ (дар хотироташ, ки форсист) ёддошт медиҳад, ки «Падарам Фаредун, падарбузурги модариям Хусрав ва номи ман Қилич аст. Ниёкони ман номи подшоҳон доштанд, аммо ман худ фақире беш нестам».
Ин наҷибзодаи гурҷитабор Мирзоқиличбеки маъруф ба Шамсу-л-уламо буд, ки тамоми умри худро дар истилои инглисиҳо бар Синд сипарӣ кард. Зиндагиномаи пуршарафи ӯ то ҷое рӯзгори классики барҷастаи мо, адибу олими меҳандӯст, Аллома Аҳмадмахдуми Дониширо ба ёд меорад. Аҳмад Махдум то охирин дам дар табу тоб буд, ки уруси гуруснаю ҳариси мутаҷовиз тадриҷан сарзаминҳои моро ишғол кардан дорад. Ва ҳуккоми давронро ҳушдор дод, ки ба худ оянд, то Ватан ҷавлонгаҳи аҷнабии мутаҷовиз набошад ва мардум зери бори ҳақорату хории ғосибон намонанд. Дониши бузургвор ҳар дахолате аз сӯи бегонагон ва ҳар истилои аҷнабиёнро ба сарзаминҳои мо шадидан маҳкум кард, ки ин мароми бузургони огоҳу пурхиради мо дар ҳазорсолаҳои таърих будааст. Мароми Оли Сомонҳову Шоҳномасароёни мо, балки ин мароми ҳар инсони бошрафу озода аст!
Аҳмади Дониш садорату вазорати модерн ва саноату кишоварзии пешрафтаро сутуни поёдори Кишвар ва ривоҷи илму донишро асоси рифоҳи мардум мехонд. Аҳмадмахдум аз уруси мутаҷовиз мутанаффир буд ва аз ҳукумати истибдодии фурӯрафта дар фасоди Бухоро низ. Мирзоқиличбеки Шамсу-л-уламо низ шоҳиди истилои инглисиҳо бар Синд мешуд, аммо бо ин мутаҷовизин ҳич гоҳ муросо накард. Агарчи инглисиҳо ба ӯ мақомҳои гуногуни Синдро пешниҳод карданд, вале напазируфт. Ҳукумати Хайрпур ҳам, ки тамошобини фитнагариҳои инглис дар сарзаминаш буд, ба Мирзоқиличбек пешниҳоди вазорат кард, аммо ӯ рад намуд.

«САЪДИИ СИНД» ДАР ҶОДДАИ ИЛМ
Хонводаи Мирзоқиличбек пас аз шӯриши Тифлис алайҳи подшоҳи Русия (соли 1804) нахуст ба Эрон (Теҳрону Исфаҳон) ва он гоҳ дар замони фармонравоии Миркарамалихони Толпур (фавт 1828) сафари Ҳиндро пеш мегиранд ва муқими Ҳайдарободи иёлати Синд мешаванд. Саргузашти ибратбахши ӯ дар китоби «Достони як гурҷии фарзона аз Қафқоз то Синд» (навиштаи Меҳрафрӯзи Мирзоҳабиб, чопи Донишгоҳи Оксфурд, ки соли 1383 шамсӣ ба форсӣ баргардон ва дар Эрон чоп шуд) омадааст.
Мирзоқиличбек таҳсилоти ибтидоияшро дар Синд гирифт ва соли 1872 Донишгоҳи Бамбайиро хатм намуда, омӯзгори забони форсӣ дар дабиристони давлатии Ҳайдаробод таъйин шуд. Ба унвони муаллими форсӣ дар Карочӣ низ кор кард (аз соли 1878). Ӯ забонҳои форсию арабиро аз падар омӯхт ва замони иқомат дар Бамбайӣ забонҳои гуҷаротӣ, балучӣ, сонскрит, туркӣ, инглисӣ ва мроҳатиро ҳам аз бар намуд. Барои ин истеъдоди беназираш ба ӯ лақаби «Саъдии Синд», «Умари Хайёми Синд», «Шекспири Синд», «Падари адабийёти Синд» додаанд. Соли 1906 медали «Қайсари Ҳинд» гирифт ва дар соли 1924 барои хадамоти шойистааш ба адабийёти синдию инглисӣ, давлати Бритониё ба Мирзоқиличбек лақаби «Шамсу-л-уламо-хон-баҳодур» эъто намуд.

ТАЪЛИФОТИ ШИГАРФУ ПУРМОЯИ ШАМСУ-Л-УЛАМО
Мирзоқиличбеки Шамсу-л-уламо ғутавар дар ҷаҳони ҳиндию арабию инглисию сонскриту гуҷурот... барои форсӣ ҷойгоҳе хосс дар андешаву эҷоди худ сиво карда буд, ба мисли дигар ҳамзамони худ – Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ. Ва ин маҳаббат аз Тифлису аз ниёкони хушзамираш нур мегирифт, ки ба назму насри бузургони форсигӯ иродатманд буданд ва таълифҳое ба форсӣ доштанд. Чунончи амакаш Мирзхусравбеки Гурҷӣ табъи шоирӣ дошт ва форсӣ мегуфт. Мирзоқиличбек худ ғазалҳои Мирзохусравбекро ҷамъоварӣ кард ва ба ҳамроҳи ғазалийёти дигари гурҷиёни порсигӯйи Синд дар китоби «Гурҷинома» гирдоварӣ намуд.
Мирзоқиличбек аз 20-солагӣ фаъъолияти илмию адабияш оғоз шуд ва ӯ дар тули умри худ 457 китобу рисолаҳои мухталиф мерос гузошт. Аз инҳо 385 асар ба забони синдӣ, 41 асар ба инглисӣ, 22 китоб ба форсӣ, 3 таълиф ба арабӣ, 5 асар ба урду ва як китоб ба забони балучӣ аст. Шеъри туркӣ ҳам дорад.
Шамсу-л-уламои Синд бо табъу салиқаи бемонанд ва донишу маърифати ҷомеъ ҳанӯз дар баҳори шабоб (20-солагӣ) рӯ ба таълифу тасниф овард ва осоре илмиву адабии ҳангуфтро тақдими ҳамзамонон намуд. Хадамоти илмию адабии вай чунон шигарфу фаровон будааст, ки ба таъкиди Ҳисомуддини Рошидӣ (адиб ва эроншиноси покистонӣ), бо таваҷҷуҳ ба 457 китобе, ки навиштааст, ба таври қатъ дар муддати 57 сол, рӯзона 50 сафҳа таълифу таснифу тарҷума доштааст.
Мирзоқиличбек бунёнгузори адабийёти ҷадиди синдист. Низ нахустин роман ва нахустин намоишномаро ба синдӣ ӯ навишт ва дар ривоҷи ин жанрҳо ба ин забон саҳми бузург гузошт. Романи ӯ «Зинат» (соли 1890) бозтобкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва руҳияи озодихоҳии мардумони Синд аст. Ҳамчунин ӯ аввлин касест, ки дар сарзамини Синд матнҳои форсиро ба забонҳои ёдшуда баргардон, таълиф ва тарҷума намуд. Китобҳои Мирзоқиличбек дар бораи луғат, наҳв, мантиқ, пизишкӣ, иқтисод, ахлоқ ва фалсафа аст. Осори маъруфаш «Ал-Афкор» (ба арабӣ), «Таърихи Синд» (дар 2 ҷилд, ба инглисӣ), «Ҷавҳари Қуръон», «Роҳнамои Қуръон», «Зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с)», «Суханони бузургон», «Қисасу-л-анбиё», «Таърихи давлати Хайрпур», «Таърихи тасаввуф» (ҳама ба инглисӣ), «Зиндагии ҳазрати Алӣ (а)» (ба форсӣ), маҷмуаи ашъори «Абкору-л-афкор» (дар 6 ҷилд, ба форсӣ), «Гурҷинома» (маҷмуаи ашъори Мирзоёни гурҷӣ, форсӣ), «Ашъору-л-амсол» (2 ҷилд), «Зикру-л-мавт» (ҳама форсӣ) ва ҷуз инҳостанд.
Мирзоқиличбек мақолоти Бекон ва роману ҳикоятҳои Шекспирро аз инглисӣ, «Кимиёи саъодат» (3 ҷилд), ки ба инглисӣ ҳам тарҷума карда; «Илму-л-руҳ», «Худошиносӣ» (ҳар ду аз Муҳаммади Ғазолӣ), «Лайлию Маҷнун»-и Низомӣ, «Туҳфату-л-аҳрор»-и Ҷомӣ, «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабистарӣ, Рубоиёти Умари Хайём ва чанди дигарро аз форсӣ ба синдӣ баргардоид. Аз аз таълифоти ӯ шумори маҳдуде ба чоп расидааст, ки бештари онҳо ба синдист ва дигар китобҳояш, ки чоп нашуда, дар китобхонаи шахсияш дар Танду Тҳуруи Ҳайдаробод мавҷуданд.
***
Мирзоқиличбек китобчае мураттаб карда буд ба форсӣ, бо номи «Зикру-л-мавт». Дар ин дафтар барои ҳар сол аз умри худ шеъре суруда аст. Ҳамчунин қабл аз марг оромгоҳи абадии худро сохта буд ва шабҳои ҷумъа дар он қадам мениҳод ва Худоро ёд менамуд. Ӯ васийят карда буд, ки охирин сурудаашро аз китобчаи «Зикру-л-мавт» рӯйи санги қабраш ҳакк кунанд, ки ин аст:
Умрам ба ҳамин сол чу ҳафтод шуду ҳафт,
Омад малаку-л-мавт зи даргоҳи Ҳақ(қ) охар.
Гуфто, ки басе зистӣ дар манзили дунё
Шав озими ъуқбо, ки бибини рухи Довар!
Аз фарти масаррат задам оҳеву бимурдам,
Дар олами арвоҳ расидам дами дигар.
Таърихи вафотам чу дилам хоста аз ғайб
Ҳотиф зи карам кард нидо, «Бахти муваққар»!

Шамсу-л-уламои Синд 31 январи 1929 аз олами фонӣ ба ҷаҳони боқӣ пайваст ва ӯро дар зодгоҳаш ба хок супурданд.

25. 05. 2025; ш. Душанбе. Обид Шакурзода