МАҚОМОТ МОНЕЪИ “КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РӮЗНОМАНИГОРЗАНОН” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ШУДАНД
Рӯзи 1 майи соли 2025, қарор буд шаҳри Душанбе мизбони Конфронси дуюми байналмилалии рӯзноманигорзанони Осиёи Марказӣ бо унвони «Садои баробарӣ: озодӣ, зан, расонаҳо» гардад. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ташкил шуда, ҳадафи он фароҳам овардани фазои мусоид барои гуфтугӯи касбӣ, баррасии нақши занон дар расонаҳо, баробарии ҷинсӣ ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти хабарнигорӣ буд.
Бо вуҷуди омодагиҳои ҳамаҷониба ва мувофиқаҳои пешакӣ бо маконҳои баргузорӣ, Конфронс дар чанд рӯзи ахир бо монеаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Тибқи иттилои Эътилофи миллии рӯзноманигорзанон, ки ташаббускори асосии ин ҳамоиш аст, меҳмонхонаи Serena, ки қаблан барои баргузории конфронс интихоб ва ҳамоҳанг карда шуда буд, ҳамагӣ 12 соат қабл аз оғози расмии Конфронс, бидуни ироаи далели қонеъкунанда, аз баргузории чорабинӣ сарфи назар намуд.
Дар пайи ин ҳолат, чорабинӣ ба меҳмонхонаи Rumi интиқол дода шуд. Аммо он ҳам натавонист макони амн барои суханрониву ҳамандешии рӯзноманигорон гардад: дар ибтидои суханрониҳои намояндагони корпуси дипломатии Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Бритониё ва Фаронса, маъмурияти меҳмонхона ба таври ғайримунтазира раванди конфронсро қатъ намуда, ташкилкунандагон ва меҳмононро водор ба тарки толор карданд.
Манъӣ чорабинӣ дар рӯзи баргузории он, ва махсусан дахолати ногаҳонии мақомоти номаълум, дар заминаи ироа накардани тавзеҳоти расмӣ, нигарониҳои ҷиддӣ дар мавриди вазъи озодии баён, мустақилияти расонаҳо ва амнияти касбии рӯзноманигорон, хусусан занонро ба миён меорад.
Дар конфронс иштирок ва суханронии сардабири нашрияи мустақили Huq, хонум Дарина Солод низ дар назар буд. Мавсуфа ҳадафи асосии конфронсро дар эҳёи фазои солими муколамаи касбӣ ва таҳкими нақши занон дар муҳити иттилоотии минтақа арзёбӣ кардааст.
Пойгоҳи таҳлилии «Ойина» чунин навъ амалкардҳои мақомотро, ки озодии матбуот ва изҳори андешаҳои касбӣ ва ҷамъиятиро халалдор менамоянд қатъиян маҳкум мекунад. Озодии баён яке аз зербунёдҳои аслии ҷомеаи демукросӣ мебошад ва маҳдуд кардани он поймол кардани арзишҳои умумбашарӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодии баён аст.
Ин рафтор на танҳо хилофи стандартҳои байналмилалии озодии баён ва ҳуқуқи башар мебошад, балки нишонаи он аст, ки дар фазои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон таҳаммул ба муҳокимаи озод ва иштирокии масъалаҳои муҳим, хусусан бо иштироки занон, маҳдуд боқӣ мемонад.