НАЗОРАТ БА ҶОИ КУМАК: ТАМҒАИ РАҚАМӢ Ё ТАРТИБОТИ НАВ?
22.05.2025, акс аз Сергей Лантюхов / news.ru
20 майи соли 2025 Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки
аз 1 сентябр озмоиши нави назорати муҳоҷиронро тавассути замима дар телефонҳои мобилӣ оғоз мекунад. Ин озмоиш дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав роҳандозӣ мегардад ва назорати геолокатсионӣ нисбати муҳоҷирони бераводидро дар бар хоҳад гирифт. Дар назари аввал, ин як қадаме ба сабти диҷитолии муҳоҷирон менамояд, вале дар асл, сабаби нигаронии ҳуқуқшиносон ва мавриди интиқоди ҷиддии коршиносон гашта аст.
Чӣ навигарие муҳоҷиронро интизор аст?
Бар асоси қонун, ҳар муҳоҷири меҳнатӣ муваззаф аст:
- аз ташхиси биометрӣ гузарад,
- замимаи мобилии ВКД-ро насб намояд,
- барои ирсоли маълумоти геолокатсияаш розигӣ диҳад,
- дар давоми 3 рӯзи корӣ дар бораи тағйири суроғаи зист иттилоъ диҳад.
Дар сурати риоя нашудани ин талабот, нафар ба таври худкор аз сабти расмӣ ихроҷ гардида, ба рӯйхати шахсони зери назорат дохил гардида, бт эҳтимоли зиёд аз кишвар ихроҷ хоҳад шуд.
Таноқузи ҳуқуқ: қонун бар зидди қонун!
Каримҷон Ёров, фаъоли ҷомеъаи маданӣ ва коршинос дар умури муҳоҷират, ин қазияро чунин шарҳ медиҳад:
«Ҳангоми ҷалби коршиносон, онҳо бояд мегуфтанд, ки ин мавзуъ бо қонунҳои мавҷуда мухолифат мекунад. Тибқи қонуни амалкунанда, муҳоҷир ҳақ дорад дар давоми 7 рӯз дар суроғаи нав сабтином шавад. Аммо тибқи қонуни нав, ӯро метавон дар зарфи 3 рӯз ихроҷ кард. Дар кишвари ҳуқуқбунёд ҳар гуна ихтилофи қонунӣ ба фоидаи айбдоршаванда ҳал мешавад. Мутаассифона, дар Русия ин қоида амал намекунад.»
Аз сабти рақамӣ то назорати рақамӣ
Ба гуфтаи Ёров, мантиқе, ки пушти ин қонун аст, меъёрҳои адолати ҳуқуқиро халалдор мекунад:
«Агар геолокатсия истифода бурда шавад, пас бояд барои сабти худкори шахс дар суроғаи воқеии зист истифода шавад. Аксаран соҳибони хонаҳо аз сабти муҳоҷирон худдорӣ мекунанд. Дар ин ҳол, муҳоҷир ҷазо мегирад, ҳарчанд гунаҳгор ҳам набошад.»
«Агар қарор аст аз геолокатсия истифода шавад, бигӯзоред то сабти муҳоҷир дар суроғаи воқеӣ ҳам диҷитал ва дар ҳамин барнома гӯзаронда шавад. Аммо, ин фановарӣ ба ҷои кумак барои сабти номи муҳоҷирон, ба абзори шадиди фишор табдил мегардад. Фардо шояд маълум шавад, ки ин назорат аслан чӣ корҳое мекунад. Онҳо дар ин замина метавонанд ба ҳарими шахсии муҳоҷирин ҳам дахолат кунанд. Ба мисли бо ки мулоқот мекунад, куҷо меравад, чӣ мегӯяд ва ҳатто чӣ фикр мекунад. Ин бошад нақзи ҳарими хусусӣ ва Қонуни асосии Русия мебошад.»
Оё ҳаққи озодии рафту гашт лағв шудааст?
Конститутсияи Русия (моддаи 27) ҳуқуқи озодии ҳаракат ва интихоби макони зистро кафолат медиҳад. Танҳо дар минтақаҳои ҳарбӣ ё махфӣ мумкин аст маҳдудият бошад. Қонуни нав дар асл ин ҳуқуқи асосиро зери шубҳа мебарад.
Ёров як муқоисаи таърихиро ба миён мегузорад:
«Агар ҳамааш ҳамин тавр давом ёбад, пас мемонад фақат рамзҳо ба пушти муҳоҷирон овехта шаванд, мисли он ки дар Рейхи сеюм нисбати қавмҳои “нохоста” амал мекарданд. Агар кишваре, ки фашизмро мағлуб кард, худаш мисли фашистҳо амал кунад — пас фарқ дар чист?»
Қонуни асосии Русия (маддаи 27) ҳаққи озодии рафту омад ва интихоби маҳали иқоматро кафолат медиҳад. Танҳо бо истиноӣ иншооти пӯшидаи низомӣ ё стротежик.
Каримҷон Ёров як намунаи таърихии нигаронкунандаро матраҳ мекунад:
“Агар ҳамин гуна идома ёбад, танҳо коре ки боқӣ мемонад ин аст, ки монанд ба даврони Рейхи 3-ум шиорҳоеро ба пушти худ овезон кунем. Ин айнан шабеҳи аломатгузориҳое аст, ки нозиҳо барои аломатгузории афроди “номатлуб” истифода мекарданд.
Як суол: Кишваре, ки даъво дорад, ки фошизмро шикаст дода, акнун бояд монанди фошистҳо амал кунад? Чӣ тафовуте аз онҳо доред?
Қонун талаб мекунад, ки муҳоҷир 3 рӯз қабл дар бораи иваз шудани суроғааш ба ВКД хабар диҳад. Аммо:
- Навбат барои сабти ном то 15 рӯз вақтро мегирад,
- Муҳоҷирон аксар вақт бо усули вахта кор мекунанд, 10 - 15 рӯз дар ҷои дигар,
- Бисёриҳо чандин телефон доранд ва бо гӯзоштани телефоне дар макони зист метавонанд ба роҳатӣ геолокатсияро фиреб диҳанд.
«Агар муҳоҷир ду телефон дошта бошад, яктоашро дар хона мемонад ва бо дигараш меравад. Геолокатсия нишон медиҳад, ки ӯ дар хонааш аст. Агар боз ҳамон телефон ба номи як шаҳрванди Русия сабт шуда бошад, тамоман номаълум нест, ки кӣ зери назорат қарор гирифтаст.»
Ба ақидаи Ёров, қонун на барои тартибот, балки барои рушди фасод имконоти нав муҳайё мекунад:
«Ин қонун бештарин манфиатро барои кормандони пулис хоҳад дошт. Аниқтараш, ба ҷайби онҳо.»
Хулоса, ин озмоиш не, балки назорати “қонунигардонидашуда” хоҳад буд.
Қарор аст ин озмоиш ба мудати 4 сол идома ёбад. Аммо, бисёре аз коршиносон муътақиданд, ки дар зарфи як сол он “бомувафақият” талаққӣ хоҳад шуд ва дар саросари Русия татбиқ хоҳад гашт.
Ҳамзамон, ақидаи васеъ кардани иҷозатномаи кор байни минтақаҳо як сӯ гузошта шуд; Мақомот ба ҷои осонтар кардани будубоши муҳоҷирин, тасмим гирифтанд назоратро шадидтар кунанд.
Қонуни нав танҳо кӯшиши назорат нест.
Ин ташхиси бемории тамоми системаи сиёсати муҳоҷират дар Русия аст, ки дар он ҳуқуқи инсон ҷойгоҳашро аз даст дода, имкониятро барои назорати куллӣ муҳайё мекунад ва зиддиятҳои ҳуқуқӣ ба абзори муносиби худсарӣ табдил меёбанд.