Oiina.tj.01ОЙИНА - МИНБАРИ ВОҚЕЪБИНОН

Се сол пеш, дар рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, як торнамои нави тоҷикӣ ба саҳнаи иттилоърасонӣ қадам гузошт.

Он бо номи «Ойина» ва бо рамзи шаффофият, ростӣ ва баробарӣ ба майдон омад. Дар ин рӯз, ки рисолати озодии сухан ва масъулияти иҷтимоӣ меҳвар қарор мегиранд, «Ойина» худро ҳамчун минбари воқеъбинон муаррифӣ кард.

Ин торнамо як пойгоҳи таҳлилии мустақил аст ва миёни афрод тафовут намегузорад. Аз матраҳ кардани ҳеҷ мавзуе, ки ба суди ҷомеа бошад, парҳез надорад. Албатта, тарзи матраҳнамоӣ ҳамеша дар чорчӯби қонун ва ахлоқ хоҳад буд. Дар баррасии ҳар масъала, «Ойина» талош намекунад аз мушкил ё пешрафт чизе бикоҳад ё чизи дигаре ба он зам кунад, ҳар чӣ ҳаст, мисли ойина рӯ ба рӯи он қарор мегирад.

Аз ҳамин ҷост, ки номи он «Ойина» аст: на лиқои касеро пинҳон мекунад, на чеҳраеро тағйир медиҳад. Он воқеиятро на каму на зиёд, балки ҳамон гуна ки ҳаст, инъикос мекунад.

Ин пойгоҳ ба ростӣ устувор аст ва ҳеч гоҳ ба рисолати худ хиёнат намекунад. Дар баробари доро ва нодор, мақомдор ва бемақом, шоҳ ва гадо мавқеи яксон мегирад.

Мо аз матраҳ кардани ҳеҷ мавзуе, агар он ба нафъи ҷомеа бошад, парҳез надорем. Аммо ҳар сухан дар чорчӯби қонун, ахлоқ ва эҳтиром ба шахсияти инсон матраҳ мешавад.

 Муассисон ба ин назаранд, ки рӯзноманигорӣ на дину мазҳаб дорад, на маҳаллу деҳа, на ёру ошно. Он бояд бар пояи воқеият устувор бошад ва дар масири ростӣ гом барадорад.

 Он танҳо мисли ойина аст: воқеиятро он гуна ки ҳаст, инъикос мекунад. Нақд мекунад, вале таҳқир не. Мепурсад, вале барои фаҳмидан, на барои мазаммат. Мегӯяд, вале бе кинаву адоват.

Муаллифи ҳақиқии «Ойина» — хонандаи он аст.

Ҳар касе, ки сухани воқеъбинона, беғаразона ва масъулона дорад, метавонад онро дар «Ойина» нашр кунад. Мо минбаре барои шахсони ҳақбин, воқеъбин ва ростгӯем, барои онҳое, ки мардумро дӯст медоранд ва мехоҳанд аз тариқи ойина хештан ва ҷомеаро беҳтар бишносанд.

Ин пойгоҳ комилан аз ҳисоби муасисон сармоягузорӣ мешавад ва омодааст ҳар матлаберо, ки беғаразона, бо далел ва бе таҳқиру туҳмат навишта шудааст, нашр намояд.

«Ойина» ҳеч сармоягузори пинҳонӣ ё пуштибони сиёсӣ надорад ва доштан ҳам намехоҳад.

Мо таъкид мекунем:

Торнамои «Ойина» бо ҳеҷ гурӯҳи сиёсӣ, расмӣ ё ғайрирасмӣ, дар дохили Тоҷикистон ё берун аз он, робита ва ҳамкорӣ надорад.

«Ойина» баррасии холисонаи ҳеҷ мавзуъро барои худ мамнуъ намедонад ва ҳамеша мекӯшад дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалӣ, қонунҳои Тоҷикистон ва одоби рӯзноманигорӣ амал кунад.

Мо ба ҳуқуқи ҳама афрод, новобаста аз ҷинс, миллат, эътиқод ва боварҳои сиёсӣ эҳтиром қоилем ва тамоми андешамандонро ба ҳамкорӣ даъват мекунем.

Робитаи ягонаи мо танҳо бо ҳақиқат ва воқеият аст.

«Ойина» як бор афтод, вале нашикаст.

Аз моҳи октябри соли 2023 то қариб як сол, бо сабаби рӯйдодҳои муайян, фаъолияти торнамо мутаваққиф шуд. Бисёре аз матолибе, ки то он вақт нашр шуда буданд, нобуд гардиданд.

 Аммо мо таслим нашудем. Қисме аз матлабҳоро дубора барқарор ва нашр кардем ва ин раванд то ҳанӯз идома дорад.

Рӯзи матбуот ва рӯзи «Ойина» муборак бод!

Бигзор «Ойина» нигоҳе бошад ба сӯи ҳақиқат, на оинае барои зебо нишон додан.

Ва бигзор миллат ойинаи худро бишносад ва аз он наҳаросад.