Ukraine-Krieg.001

САРБОЗИ БЕСАРНАВИШТ: ФОҶЕАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ БЕГОНА

Андешае чанд дар бораи масъулият, маҷбурият ва хомӯшии давлат.

Вақте ҷое тирпарронӣ мешавад, аввал онҳоеро нишон мегиранд, ки ҳаққи сухан гуфтан надоранд. Ин ҷумла, дар пасманзари ҷанги Русия алайҳи Укроин, ба воқеияти талхи садҳо муҳоҷири тоҷик табдил ёфтааст. Онҳое, ки дар сафи артиши Русия қарор гирифтаанд. Ҷанги бегона, ки барои миллати тоҷик ҳеҷ маъние надорад; на арзиши истротежӣ ва на идуоложӣ, имрӯз ҷони фарзандони ин миллатро берабояд.

То моҳи апрели соли 2025, тибқи маълумоти тарҳи укроинӣ «Мехоҳам зиндагӣ кунам», иштироки 931 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар амалиёти низомӣ аз ҷониби Русия сабт шудааст. Аз миёни онҳо, аллакай ҳалокати 196 нафар тасдиқ гардидааст. 

Дар байни онҳо ҷавонони 18-сола ва мардони 70-сола ҳам ҳастанд. фарзандону падарон, ки бо ваъдаву таҳдидҳо ба ҷанг бурда шудаанд.

Ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг на ҳамеша ихтиёрӣ аст. Баръакс, бисёре аз онҳо дар зиндонҳо, сохтмонҳо ё марказҳои боздошти муваққатӣ бо ваъдаҳои дурӯғе, мисли тақдими шаҳрвандӣ ё бахшиши ҷурмҳояшон ба ин ҷанг кашонда шудаанд. 

Ҳолати аз ҳама маъмулӣ дар ин домандозиҳо фишор, латукӯб ва таҳдиди рӯи рост аст.

Ин рафторҳо муқобили меъёрҳои ҳуқуқии Тоҷикистон қарор доранд. 

Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо…(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088, аз 2.01.2018 № 1472)

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1088).

Бо вуҷуди ин, вокуниши расмии мақомоти тоҷик то ҳол дар сатҳи лозим садо надодааст.

Хомӯшии ҳукумат дар ин масъала на танҳо нишонаи бетарафӣ, балки далели ҳамдастии ӯ дар таблиғ ва ҷалби муҳоҷирон ба ин ҷанг мебошад. 

Порлумони хомӯш мисли ҳамеша хомӯш аст.  Вазорати корҳои хориҷӣ иқдоме накардааст, ва роҳбарияти олии давлат ҳам боре фоҷиаро шарҳ надодаанд. Ин хомӯшӣ, дар шароите ки шаҳрвандони кишвар қурбонии истротежии ҳарбии як кишвари бегона мешаванд, ҳеҷ қобили қабул нест.

Дар худи Русия муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикон, зери фишори шадид қарор доранд. Қонунгузори нав гашта, табъизро қонунӣ гардонид. Ҳақу ҳуқуқи муҳоҷирон маҳдуд ва онҳо бе риояи ҳуқуқҳояшон зери шароити таҳқиромез водор ба кору заҳмат мегарданд. 

Фишори полис, ихроҷҳои худсарона, боздоштҳои оммавӣ ва тарсу даҳшатафканӣ ва насаби тоҷикӣ ба як амри рӯзмарра табдил ёфтааст.

Муҳоҷири тоҷик дар Русия имрӯз бо доштани шиносномаи русӣ шаҳрванд нест, ӯ абзори сиёсати таҳқир ва тарс гаштааст. 

Ҳуҷҷати будубошаш баҳона барои таҳдид гаштаву хомӯшияш натиҷаи ноумедист. 

Дар чунин муҳит, ҷанг барои муҳоҷири беҳуқуқ мантиқан идомаи истисмор аст: аввал шаъну шарафашро мегиранд, баъд ҷонашро.

Дар ин миён, ҳукумат, ки вазифааш ҳимояи шаҳрвандонаш аст, нақши нозирро ихтиёр кардааст. 

Мушкил на фақат дар ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги бегона аст, балки хомӯшӣ ва бетафовутии ҳукумату давлат аст, ки арзишҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии худро зери суол бурдааст.

Ҷанги Русия дар Укроин хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ва Ойинномаи Созмони Миллали Мутаҳид буда, ҷанги истилогарона шинохта шуда аст. Тоҷикистон, ки худро кишвари мустақил ва ҳуқуқбунёд медонад, набояд иштирок ва ҳамдастии шаҳрвандони худро дар чунин муноқиша нодида бигирад.

Ин на ҷанги тоҷикон аст. На замини онҳо, на қарзи онҳо ва на таърихи онҳо дар ин ҷанг ба гарав монда нашудааст. Аммо метавонад ба доғи онҳо табдил ёбад, агар мо инро дарк накунем, маҳкум накунем ва кушиши пешгирияшро накунем.

Хомӯшӣ интихоби хеле роҳат аст, аммо ин хомушӣ фоҷиа барои мардум гашта аст.